Инон касоне аз паёмбарон ҳастанд, ки Аллоҳ таоло бар эшон неъмат [ҳидоят] дод; [афроде] аз фарзандони Одам ва аз касоне, ки ҳамроҳи Нуҳ [бар киштӣ] савор кардем ва аз фарзандони Иброҳим ва Яъқуб ва аз [ҷумла] афроде, ки ҳидоят кардем ва баргузидем [ва] ҳар гоҳ оёти [Парвардигори] Раҳмон бар эшон хонда мешуд, саҷдакунон ва гирён ба хок меафтоданд
Он гоҳ пас аз онон ҷонишиноне гумроҳ ва ношоиста омаданд, ки намозро табоҳ сохтанд [дар он саҳлангорӣ намуданд] ва аз ҳавасҳо [ва шаҳавот] пайравӣ карданд; ва ба зудӣ [кайфари] гумроҳии [хеш]-ро хоҳанд дид
Ва [эй Ҷабраил, ба Муҳаммад бигӯ] «Мо ҷуз ба фармони Парвардигорат фуруд намеоем. Ӯ ҳоким бар оянда ва гузашта ва ҳоли мост; ва Парвардигорат фаромӯшкор нест