የቅዱስ ቁርዓን ይዘት ትርጉም - የታጂክኛ ቋንቋ ትርጉም - በኾውጃ ሚሮቭ ኾውጃ ሚር

Каҳф

external-link copy
1 : 18

ٱلۡحَمۡدُ لِلَّهِ ٱلَّذِيٓ أَنزَلَ عَلَىٰ عَبۡدِهِ ٱلۡكِتَٰبَ وَلَمۡ يَجۡعَل لَّهُۥ عِوَجَاۜ

1. Тамоми шукру сипосхос барои Аллоҳ аст, ки бар бандааш Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам китоби қуръонро фуруд овард ва дар он ҳеҷгуна каҷӣ ва инҳирофе қарор надодааст. info
التفاسير:

external-link copy
2 : 18

قَيِّمٗا لِّيُنذِرَ بَأۡسٗا شَدِيدٗا مِّن لَّدُنۡهُ وَيُبَشِّرَ ٱلۡمُؤۡمِنِينَ ٱلَّذِينَ يَعۡمَلُونَ ٱلصَّٰلِحَٰتِ أَنَّ لَهُمۡ أَجۡرًا حَسَنٗا

2. Китобест собит ва устувор ва Аллоҳ онро нозил кардааст, то мардумро аз азоби сахтихуд битарсонад ва мӯъминонро, ки корҳои шоиста мекунанд, мужда диҳад, ки барои онҳо подоши хубест ва он ҷаннат аст. info
التفاسير:

external-link copy
3 : 18

مَّٰكِثِينَ فِيهِ أَبَدٗا

3. Ҷовидона дар он биҳиште, ки неъмати хуби Аллоҳ таъоло ҳаст, хоҳанд монд. info
التفاسير:

external-link copy
4 : 18

وَيُنذِرَ ٱلَّذِينَ قَالُواْ ٱتَّخَذَ ٱللَّهُ وَلَدٗا

4. Ва аз азоби сахтиӮ битарсонад касонеро, ки мегӯянд: «Аллоҳ фарзанде ихтиёр кардааст»[1507]. info

[1507]Ин оят бим мекунад яҳуду насороро ва онҳоро метарсонад аз гуфтаашон, ки Аллоҳ фарзанд дорад. Яҳудиҳо мегӯянд, ки Узайр писари Аллоҳ аст, насоро мегӯянд Исо писари Аллоҳ аст. Тафсири Саъдӣ 1/ 469

التفاسير: