1. Тамоми шукру сипосхос барои Аллоҳ аст, ки бар бандааш Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам китоби қуръонро фуруд овард ва дар он ҳеҷгуна каҷӣ ва инҳирофе қарор надодааст.
2. Китобест собит ва устувор ва Аллоҳ онро нозил кардааст, то мардумро аз азоби сахтихуд битарсонад ва мӯъминонро, ки корҳои шоиста мекунанд, мужда диҳад, ки барои онҳо подоши хубест ва он ҷаннат аст.