Bản dịch ý nghĩa nội dung Qur'an - 塔吉克语翻译 - 胡哲·麦洛夫·胡哲·米拉

Мулк

external-link copy
1 : 67

تَبَٰرَكَ ٱلَّذِي بِيَدِهِ ٱلۡمُلۡكُ وَهُوَ عَلَىٰ كُلِّ شَيۡءٖ قَدِيرٌ

1. Пурбаракат ва бузургвор аст (яъне, хайри Аллоҳ бисёр ва инъомаш бузург аст,) он ки ба дасти Ӯст мулк ва подшоҳии дунёву охират аз они Ӯст ва амру қазояш дар ҳар ду ҷаҳон гузарост ва Ӯ бар ҳама чиз тавоност.[2947] info

[2947] Тафсири Табарӣ 23\505 . Дар ин оят сифати дасти Аллоҳ исбот шудааст ба он гунае, ки лоиқ ба Зоти бузургииӮ мекунад.

التفاسير: