Bản dịch ý nghĩa nội dung Qur'an - 塔吉克语翻译 - 胡哲·麦洛夫·胡哲·米拉

Số trang: 438:434 close

external-link copy
39 : 35

هُوَ ٱلَّذِي جَعَلَكُمۡ خَلَٰٓئِفَ فِي ٱلۡأَرۡضِۚ فَمَن كَفَرَ فَعَلَيۡهِ كُفۡرُهُۥۖ وَلَا يَزِيدُ ٱلۡكَٰفِرِينَ كُفۡرُهُمۡ عِندَ رَبِّهِمۡ إِلَّا مَقۡتٗاۖ وَلَا يَزِيدُ ٱلۡكَٰفِرِينَ كُفۡرُهُمۡ إِلَّا خَسَارٗا

39. Ӯ Аллоҳ, ки шуморо дар рӯйи замин ҷонишини пешиниён кард, пас ҳар кас, ки кофир шавад, куфраш бар зиёни ӯст ва куфри кофирон дар пешгоҳи Парвардигорашон ҷуз бар хашм наяфзояд. Ва ҷуз зиён ва гумроҳӣ чизе дигар насиби кофирон нагардад. info
التفاسير:

external-link copy
40 : 35

قُلۡ أَرَءَيۡتُمۡ شُرَكَآءَكُمُ ٱلَّذِينَ تَدۡعُونَ مِن دُونِ ٱللَّهِ أَرُونِي مَاذَا خَلَقُواْ مِنَ ٱلۡأَرۡضِ أَمۡ لَهُمۡ شِرۡكٞ فِي ٱلسَّمَٰوَٰتِ أَمۡ ءَاتَيۡنَٰهُمۡ كِتَٰبٗا فَهُمۡ عَلَىٰ بَيِّنَتٖ مِّنۡهُۚ بَلۡ إِن يَعِدُ ٱلظَّٰلِمُونَ بَعۡضُهُم بَعۡضًا إِلَّا غُرُورًا

40. Эй Расул барои мушрикон бигӯ : «Оё шариконеро, ки ба ҷои Аллоҳи якто мехондед, дидед? Ба ман нишон диҳед, ки аз замин чӣ чизро офаридаанд? Ё ин ки дар офариниши осмон ширкате доранд? Оё бар он мушрикҳо китобе аз осмон фиристодаем, ки онро дар кори ширк ва бутпарастиашон ҳуҷҷати худ созанд? Балки, ҳақ ин аст, ки ситамкорон ба якдигар ҷуз фиреб ваъдае намедиҳанд». info
التفاسير:

external-link copy
41 : 35

۞ إِنَّ ٱللَّهَ يُمۡسِكُ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضَ أَن تَزُولَاۚ وَلَئِن زَالَتَآ إِنۡ أَمۡسَكَهُمَا مِنۡ أَحَدٖ مِّنۢ بَعۡدِهِۦٓۚ إِنَّهُۥ كَانَ حَلِيمًا غَفُورٗا

41. Ба таҳқиқ, Аллоҳ осмонҳову заминро нигаҳ медорад, то аз ҷо беҷо нашаванд ва агар аз ҷо беҷо шаванд, ҳеҷ як аз шумо, ҷуз Ӯ наметавонад онҳоро нигаҳ дорад. Албатта, Аллоҳ бар кофирон ва осиён бурдбор аст ва онҳоро зуд ба уқубат намегирад ва тавбакунандагонро омӯрзанда аст! info
التفاسير:

external-link copy
42 : 35

وَأَقۡسَمُواْ بِٱللَّهِ جَهۡدَ أَيۡمَٰنِهِمۡ لَئِن جَآءَهُمۡ نَذِيرٞ لَّيَكُونُنَّ أَهۡدَىٰ مِنۡ إِحۡدَى ٱلۡأُمَمِۖ فَلَمَّا جَآءَهُمۡ نَذِيرٞ مَّا زَادَهُمۡ إِلَّا نُفُورًا

42. Кофирони Макка ба Аллоҳ қасамҳои сахт хӯрданд, ки агар бимдиҳандае биёяд, онҳоро аз азоби Аллоҳ битарсонад, беҳтар аз ҳар уммати дигар ҳидоят ёбанд. Вале чун бимдиҳандае омад, бадбинияшон афзуд; info
التفاسير:

external-link copy
43 : 35

ٱسۡتِكۡبَارٗا فِي ٱلۡأَرۡضِ وَمَكۡرَ ٱلسَّيِّيِٕۚ وَلَا يَحِيقُ ٱلۡمَكۡرُ ٱلسَّيِّئُ إِلَّا بِأَهۡلِهِۦۚ فَهَلۡ يَنظُرُونَ إِلَّا سُنَّتَ ٱلۡأَوَّلِينَۚ فَلَن تَجِدَ لِسُنَّتِ ٱللَّهِ تَبۡدِيلٗاۖ وَلَن تَجِدَ لِسُنَّتِ ٱللَّهِ تَحۡوِيلًا

43. Инҳо ба хотири саркашӣ дар замин ва найрангҳои баде буд, ки варзиданд. Ва ин найрангҳои бад[2144]ҷуз найрангбозонро дарбар нагирад. Оё саркашон ҷуз суннате, ки бар гузаштагон (аз азоб) рафтааст, мунтазирӣ чизи дигаре ҳастанд? Дар суннати Аллоҳ, ҳаргиз табдиле намеёбӣ ва дар суннати Аллоҳ, ҳаргиз тағйире намебинӣ, ки азобро аз худ ё аз дигаре дур кунанд. info

[2144]Мурод аз ин ширк аст. Тафсири Табарӣ 20\483

التفاسير:

external-link copy
44 : 35

أَوَلَمۡ يَسِيرُواْ فِي ٱلۡأَرۡضِ فَيَنظُرُواْ كَيۡفَ كَانَ عَٰقِبَةُ ٱلَّذِينَ مِن قَبۡلِهِمۡ وَكَانُوٓاْ أَشَدَّ مِنۡهُمۡ قُوَّةٗۚ وَمَا كَانَ ٱللَّهُ لِيُعۡجِزَهُۥ مِن شَيۡءٖ فِي ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَلَا فِي ٱلۡأَرۡضِۚ إِنَّهُۥ كَانَ عَلِيمٗا قَدِيرٗا

44. Оё кофирони Макка дар рӯи замин намегарданд, то бубинанд, монанди Оду Самуд ва амсоли онҳоро, ки нисбат аз кофирони Макка нерӯе бештар доштаанд, оқибати онҳо чӣ шуд? Ҳеҷ чиз дар осмонҳову замин нест, ки Аллоҳро нотавон созад. Ҳароина, Ӯ доно аст ба кирдори бандагонаш ва тавоност бар ҳалок кардани онҳо[2145]! info

[2145]Тафсири Табарӣ 20\485

التفاسير: