Bản dịch ý nghĩa nội dung Qur'an - 塔吉克语翻译 - 胡哲·麦洛夫·胡哲·米拉

Số trang:close

external-link copy
109 : 3

وَلِلَّهِ مَا فِي ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَمَا فِي ٱلۡأَرۡضِۚ وَإِلَى ٱللَّهِ تُرۡجَعُ ٱلۡأُمُورُ

109. Аз они Аллоҳ аст ҳар чӣ дар осмонҳову замин аст ва бозгашти ҳама мардум ба сўи Ўст ва ҳамагонро мувофиқи амалашон ҷазо медиҳад. info
التفاسير:

external-link copy
110 : 3

كُنتُمۡ خَيۡرَ أُمَّةٍ أُخۡرِجَتۡ لِلنَّاسِ تَأۡمُرُونَ بِٱلۡمَعۡرُوفِ وَتَنۡهَوۡنَ عَنِ ٱلۡمُنكَرِ وَتُؤۡمِنُونَ بِٱللَّهِۗ وَلَوۡ ءَامَنَ أَهۡلُ ٱلۡكِتَٰبِ لَكَانَ خَيۡرٗا لَّهُمۚ مِّنۡهُمُ ٱلۡمُؤۡمِنُونَ وَأَكۡثَرُهُمُ ٱلۡفَٰسِقُونَ

110. Шумо,-эй умматони Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам- беҳтарин уммате ҳастед аз миёни мардум ба вуҷудомада, ки амр ба маъруф ва наҳй аз мункар мекунед ва ба Аллоҳ имон доред, ки амалатон онро қавӣ мекунад. Агар аҳли китоб (яҳуду насоро) низ имон биёваранд ба монанди шумо ба Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам ва ба он чи ки овардааст аз назди Аллоҳ , барояшон беҳтар аст дар дунёву охират. Баъзе аз онҳо мўъминанд ва ба рисолати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам бовар мекунанд, вале бисёрашон фосиқонанду аз дини Аллоҳ берунанд.[252] info

[252]Тафсири Табарӣ 7/107

التفاسير:

external-link copy
111 : 3

لَن يَضُرُّوكُمۡ إِلَّآ أَذٗىۖ وَإِن يُقَٰتِلُوكُمۡ يُوَلُّوكُمُ ٱلۡأَدۡبَارَ ثُمَّ لَا يُنصَرُونَ

111. Ба шумо он фосиқон аз аҳли китоб ҷуз андак озор[253] дигар осебе нарасонанд. Агар бо шумо ҷанг кунанд, пушт гардонида рўй ба гурез андозанд ва пирўз нагарданд. Баъд аз он дар ягон ҳолат бар шумо пирўз нашаванд.[254] info

[253]Мисли суханҳои бад. Тафсири Табарӣ 7/108
[254] Тафсири Саъдӣ 1/143

التفاسير:

external-link copy
112 : 3

ضُرِبَتۡ عَلَيۡهِمُ ٱلذِّلَّةُ أَيۡنَ مَا ثُقِفُوٓاْ إِلَّا بِحَبۡلٖ مِّنَ ٱللَّهِ وَحَبۡلٖ مِّنَ ٱلنَّاسِ وَبَآءُو بِغَضَبٖ مِّنَ ٱللَّهِ وَضُرِبَتۡ عَلَيۡهِمُ ٱلۡمَسۡكَنَةُۚ ذَٰلِكَ بِأَنَّهُمۡ كَانُواْ يَكۡفُرُونَ بِـَٔايَٰتِ ٱللَّهِ وَيَقۡتُلُونَ ٱلۡأَنۢبِيَآءَ بِغَيۡرِ حَقّٖۚ ذَٰلِكَ بِمَا عَصَواْ وَّكَانُواْ يَعۡتَدُونَ

112. Ҳар ҷо, ки бошанд, нишонаи хорӣ ва пастӣ бар онҳо (яҳудиён) зада шудааст, магар он ки дар амони Аллоҳ[255] ва дар амони мардум бошанд, тану ҷон ва молашонро эмин медоштанд. Ва хашми Аллоҳро оварданд ва бар онҳо мўҳри бадбахтӣ зада шуд ва намебинӣ яҳудиёнро, ки аз аҳли имон метарсанд ва ин ҳама ба он сабаб буд, ки ба оёти Аллоҳ кофир шуданд ва паёмбаронро ба ноҳаққӣ куштанд ва исён (нофармонӣ) варзиданд ва таҷовуз карданд. info

[255]Амони Аллоҳ; ақдест, ки онҳоро ҳимоя мекунад ва дар баробари ҷизя супориданашон ҳукмҳои Исломро ба онҳо лозим мегардонад.Тафсири Саъдӣ 1/143

التفاسير:

external-link copy
113 : 3

۞ لَيۡسُواْ سَوَآءٗۗ مِّنۡ أَهۡلِ ٱلۡكِتَٰبِ أُمَّةٞ قَآئِمَةٞ يَتۡلُونَ ءَايَٰتِ ٱللَّهِ ءَانَآءَ ٱلَّيۡلِ وَهُمۡ يَسۡجُدُونَ

113. Аҳли китоб ҳама баробар нестанд. Гурўҳе ба тоъати Аллоҳ барпоанд ва ба Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам имон оварданд. Оёти Аллоҳро нисфи шаб тиловат карда ва ба Аллоҳ муноҷот мекунанд ва саҷда ба ҷой меоваранд. info
التفاسير:

external-link copy
114 : 3

يُؤۡمِنُونَ بِٱللَّهِ وَٱلۡيَوۡمِ ٱلۡأٓخِرِ وَيَأۡمُرُونَ بِٱلۡمَعۡرُوفِ وَيَنۡهَوۡنَ عَنِ ٱلۡمُنكَرِ وَيُسَٰرِعُونَ فِي ٱلۡخَيۡرَٰتِۖ وَأُوْلَٰٓئِكَ مِنَ ٱلصَّٰلِحِينَ

114. Ба Аллоҳ ва рўзи қиёмат имон доранд ва амр ба маъруф ва наҳй аз мункар мекунанд ва ба корҳои нек мешитобанд ва аз ҷумлаи солеҳонанд. info
التفاسير:

external-link copy
115 : 3

وَمَا يَفۡعَلُواْ مِنۡ خَيۡرٖ فَلَن يُكۡفَرُوهُۗ وَٱللَّهُ عَلِيمُۢ بِٱلۡمُتَّقِينَ

115. Ҳар кори хайре, ки анҷом медиҳанд, беҳуда намеравад ва аз савоби он маҳрум карда нашаванд, зеро Аллоҳ ба парҳезгороне, ки худро аз гуноҳ нигоҳ медоранд, доност.[256] info

[256]Тафсири Табарӣ 7/132

التفاسير: