Bản dịch ý nghĩa nội dung Qur'an - 塔吉克语翻译 - 胡哲·麦洛夫·胡哲·米拉

Số trang:close

external-link copy
98 : 18

قَالَ هَٰذَا رَحۡمَةٞ مِّن رَّبِّيۖ فَإِذَا جَآءَ وَعۡدُ رَبِّي جَعَلَهُۥ دَكَّآءَۖ وَكَانَ وَعۡدُ رَبِّي حَقّٗا

98. Гуфт Зулқарнайн: «Ин деворе, ки ман сохтам раҳмате буд аз ҷониби Парвардигори ман ва чун ваъдаи Парвардигори ман даррасид[1538], онро зеру забар кунад ва ваъдаи Парвардигори ман рост аст». info

[1538] Яъне Яъҷуҷу Маҷуҷ бароянд

التفاسير:

external-link copy
99 : 18

۞ وَتَرَكۡنَا بَعۡضَهُمۡ يَوۡمَئِذٖ يَمُوجُ فِي بَعۡضٖۖ وَنُفِخَ فِي ٱلصُّورِ فَجَمَعۡنَٰهُمۡ جَمۡعٗا

99. Ва дар он рӯз баъзе онҳоро раҳо мекунем, то чун мавҷ дарҳам омезанд аз сабаби бисёр буданашон ва чун дар сур дамида шавад, комилан ҳамаашонро як ҷо гирд оварем.[1539] info

[1539] Тафсири Бағавӣ 5/ 209

التفاسير:

external-link copy
100 : 18

وَعَرَضۡنَا جَهَنَّمَ يَوۡمَئِذٖ لِّلۡكَٰفِرِينَ عَرۡضًا

100. Ва дар он рӯз ҷаҳаннамро чунон ки бояд, ба кофирон нишон хоҳем дод. info
التفاسير:

external-link copy
101 : 18

ٱلَّذِينَ كَانَتۡ أَعۡيُنُهُمۡ فِي غِطَآءٍ عَن ذِكۡرِي وَكَانُواْ لَا يَسۡتَطِيعُونَ سَمۡعًا

101. Он касон (кофирон), ки чашмонашон аз ёди ман дар парда буда (яъне қудратҳои Маро намедиданд) ва тавони шунидани ҳуҷҷатҳоеро, ки далолат мекарданд, ба имон овардани ба Ман ва расуламро надоштаанд. info
التفاسير:

external-link copy
102 : 18

أَفَحَسِبَ ٱلَّذِينَ كَفَرُوٓاْ أَن يَتَّخِذُواْ عِبَادِي مِن دُونِيٓ أَوۡلِيَآءَۚ إِنَّآ أَعۡتَدۡنَا جَهَنَّمَ لِلۡكَٰفِرِينَ نُزُلٗا

102. Оё кофирон пиндоранд, ки ба ҷои Ман бандагони Маро ба маъбудӣ гиранд? Мо ҷаҳаннамро омода сохтаем, то манзилгоҳи кофирон бошад. info
التفاسير:

external-link copy
103 : 18

قُلۡ هَلۡ نُنَبِّئُكُم بِٱلۡأَخۡسَرِينَ أَعۡمَٰلًا

103. Бигӯ эй Паёмбар: «Оё шуморо огоҳ кунем, ки аъмоли чӣ касоне беш аз ҳама ба зиёнашон буд? info
التفاسير:

external-link copy
104 : 18

ٱلَّذِينَ ضَلَّ سَعۡيُهُمۡ فِي ٱلۡحَيَوٰةِ ٱلدُّنۡيَا وَهُمۡ يَحۡسَبُونَ أَنَّهُمۡ يُحۡسِنُونَ صُنۡعًا

104. Он касоне ҳастанд, ки[1540]кӯшишҳояшон дар зиндагии дунё барбод рафтаанд ва мепиндоштанд, кори некӯ мекунанд. info

[1540] Монанди мушрикон ва ҳар як қавме, ки мисли яҳуду насоро дар гумроҳӣ ҳастанд. Тафсири Бағавӣ 5/ 210

التفاسير:

external-link copy
105 : 18

أُوْلَٰٓئِكَ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ بِـَٔايَٰتِ رَبِّهِمۡ وَلِقَآئِهِۦ فَحَبِطَتۡ أَعۡمَٰلُهُمۡ فَلَا نُقِيمُ لَهُمۡ يَوۡمَ ٱلۡقِيَٰمَةِ وَزۡنٗا

105. Онон ба оёти Парвардигорашон ва ба мулоқот бо Ӯ имон наёварданд, пас аъмолашон несту нобуд шуд ва Мо дар рӯзи қиёмат барояшон ҳеҷ арзиш ва манзалатеро нахоҳем ниҳод. info
التفاسير:

external-link copy
106 : 18

ذَٰلِكَ جَزَآؤُهُمۡ جَهَنَّمُ بِمَا كَفَرُواْ وَٱتَّخَذُوٓاْ ءَايَٰتِي وَرُسُلِي هُزُوًا

106. Ин сазои онҳо ба сабаби куфрашон ҷаҳаннам аст ва низ ба он сабаб, ки оятҳои Қуръону паёмбарони Маро масхара мекарданд. info
التفاسير:

external-link copy
107 : 18

إِنَّ ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَعَمِلُواْ ٱلصَّٰلِحَٰتِ كَانَتۡ لَهُمۡ جَنَّٰتُ ٱلۡفِرۡدَوۡسِ نُزُلًا

107. Касоне, ки имон оварданд ва корҳое шоиста карданд, албатта ҷойгоҳашон боғҳои фирдавс аст. info
التفاسير:

external-link copy
108 : 18

خَٰلِدِينَ فِيهَا لَا يَبۡغُونَ عَنۡهَا حِوَلٗا

108. Дар он ҷо ҷовидонанд ва ҳаргиз дархости берун рафтан накунанд. info
التفاسير:

external-link copy
109 : 18

قُل لَّوۡ كَانَ ٱلۡبَحۡرُ مِدَادٗا لِّكَلِمَٰتِ رَبِّي لَنَفِدَ ٱلۡبَحۡرُ قَبۡلَ أَن تَنفَدَ كَلِمَٰتُ رَبِّي وَلَوۡ جِئۡنَا بِمِثۡلِهِۦ مَدَدٗا

109. Бигӯ эй Паёмбар: «Агар баҳр барои навиштани суханониПарвардигори ман ранг шавад, баҳр ба поён мерасад ва суханони Парвардигори ман ба поён намерасад, ҳарчанд баҳри дигаре ба мадади он биёварем».[1541] info

[1541] Тафсири Бағавӣ 5/ 212

التفاسير:

external-link copy
110 : 18

قُلۡ إِنَّمَآ أَنَا۠ بَشَرٞ مِّثۡلُكُمۡ يُوحَىٰٓ إِلَيَّ أَنَّمَآ إِلَٰهُكُمۡ إِلَٰهٞ وَٰحِدٞۖ فَمَن كَانَ يَرۡجُواْ لِقَآءَ رَبِّهِۦ فَلۡيَعۡمَلۡ عَمَلٗا صَٰلِحٗا وَلَا يُشۡرِكۡ بِعِبَادَةِ رَبِّهِۦٓ أَحَدَۢا

110. Бигӯ эй паёмбар: «Ман фақат инсоне ҳастам монанди шумо. Ба ман ваҳй мешавад, киалбатта, Аллоҳи шумо, маъбуди яктост. Пас ҳар кас хоҳони дидори Парвардигори хеш аст, бояд кори шоиста кунад ва дар парастиши Парвардигораш ҳеҷ касро шарик насозад». info
التفاسير: