Bản dịch ý nghĩa nội dung Qur'an - 塔吉克斯坦语翻译 - 先锋翻译中心

Мулк

external-link copy
1 : 67

تَبَٰرَكَ ٱلَّذِي بِيَدِهِ ٱلۡمُلۡكُ وَهُوَ عَلَىٰ كُلِّ شَيۡءٖ قَدِيرٌ

Пурбаракату бузургвор аст касе, ки фармонравоии ҷаҳони ҳастӣ ба дасти Ӯст ва Ӯ бар ҳар чиз тавоност info
التفاسير:

external-link copy
2 : 67

ٱلَّذِي خَلَقَ ٱلۡمَوۡتَ وَٱلۡحَيَوٰةَ لِيَبۡلُوَكُمۡ أَيُّكُمۡ أَحۡسَنُ عَمَلٗاۚ وَهُوَ ٱلۡعَزِيزُ ٱلۡغَفُورُ

[Ҳамон] Касе, ки маргу зиндагиро офарид, то шуморо биозмояд, ки кадом яке аз шумо накукортар аст; ва Ӯ пирӯзманду бахшанда аст info
التفاسير:

external-link copy
3 : 67

ٱلَّذِي خَلَقَ سَبۡعَ سَمَٰوَٰتٖ طِبَاقٗاۖ مَّا تَرَىٰ فِي خَلۡقِ ٱلرَّحۡمَٰنِ مِن تَفَٰوُتٖۖ فَٱرۡجِعِ ٱلۡبَصَرَ هَلۡ تَرَىٰ مِن فُطُورٖ

Он ки ҳафт осмонро бар фарози якдигар офарид. Дар офариниш [-и Аллоҳ таоло] ҳеҷ беназмӣ ва халале намебинӣ. Бори дигар нигоҳ кун; оё нуқсе мебинӣ? info
التفاسير:

external-link copy
4 : 67

ثُمَّ ٱرۡجِعِ ٱلۡبَصَرَ كَرَّتَيۡنِ يَنقَلِبۡ إِلَيۡكَ ٱلۡبَصَرُ خَاسِئٗا وَهُوَ حَسِيرٞ

Бори дигар [ба олами ҳастӣ] нигоҳ кун; [нуқсе нахоҳӣ дид ва] чашми ту, дар ҳоле ки хаста ва нотавон аст ба сӯйи ту бозмегардад info
التفاسير:

external-link copy
5 : 67

وَلَقَدۡ زَيَّنَّا ٱلسَّمَآءَ ٱلدُّنۡيَا بِمَصَٰبِيحَ وَجَعَلۡنَٰهَا رُجُومٗا لِّلشَّيَٰطِينِۖ وَأَعۡتَدۡنَا لَهُمۡ عَذَابَ ٱلسَّعِيرِ

Ба ростӣ, Мо осмони дунёро бо чароғҳо оростем ва онҳоро барои рондани шаётин қарор додем ва барои онон азоби [оташи] сӯзон омода сохтем info
التفاسير:

external-link copy
6 : 67

وَلِلَّذِينَ كَفَرُواْ بِرَبِّهِمۡ عَذَابُ جَهَنَّمَۖ وَبِئۡسَ ٱلۡمَصِيرُ

Ва барои касоне, ки ба Парвардигорашон кофир шуданд, азоби ҷаҳаннам аст; ва чӣ бад ҷойгоҳе аст! info
التفاسير:

external-link copy
7 : 67

إِذَآ أُلۡقُواْ فِيهَا سَمِعُواْ لَهَا شَهِيقٗا وَهِيَ تَفُورُ

Ҳангоме ки дар он андохта шаванд, аз он наърае [ваҳшатнок] мешунаванд, дар ҳоле ки он меҷӯшад info
التفاسير:

external-link copy
8 : 67

تَكَادُ تَمَيَّزُ مِنَ ٱلۡغَيۡظِۖ كُلَّمَآ أُلۡقِيَ فِيهَا فَوۡجٞ سَأَلَهُمۡ خَزَنَتُهَآ أَلَمۡ يَأۡتِكُمۡ نَذِيرٞ

Аз шиддати хашм наздик аст [ҷаҳаннам] пора-пора шавад. Ҳар гоҳ ки гурӯҳе дар он андохта мешаванд, нигаҳбононаш аз онон мепурсанд: «Оё бимдиҳандае ба суроғатон наомад?» info
التفاسير:

external-link copy
9 : 67

قَالُواْ بَلَىٰ قَدۡ جَآءَنَا نَذِيرٞ فَكَذَّبۡنَا وَقُلۡنَا مَا نَزَّلَ ٱللَّهُ مِن شَيۡءٍ إِنۡ أَنتُمۡ إِلَّا فِي ضَلَٰلٖ كَبِيرٖ

Мегӯянд: «Бале; бимдиҳанда ба сӯи мо омад, он гоҳ мо ӯро такзиб кардем ва гуфтем; «Ҳаргиз Аллоҳ таоло чизе нозил накардааст. Шумо ҷуз дар гумроҳии бузург нестед» info
التفاسير:

external-link copy
10 : 67

وَقَالُواْ لَوۡ كُنَّا نَسۡمَعُ أَوۡ نَعۡقِلُ مَا كُنَّا فِيٓ أَصۡحَٰبِ ٱلسَّعِيرِ

Ва [боз] мегӯянд: «Агар мо мешунидем ё тааққул мекардем, дар [зумраи] дузахиён набудем» info
التفاسير:

external-link copy
11 : 67

فَٱعۡتَرَفُواْ بِذَنۢبِهِمۡ فَسُحۡقٗا لِّأَصۡحَٰبِ ٱلسَّعِيرِ

Пас, онҳо ба гуноҳи худ эътироф мекунанд. Пас, дурӣ [аз раҳмати Аллоҳ таоло] баҳраи дузахиён бод! info
التفاسير:

external-link copy
12 : 67

إِنَّ ٱلَّذِينَ يَخۡشَوۡنَ رَبَّهُم بِٱلۡغَيۡبِ لَهُم مَّغۡفِرَةٞ وَأَجۡرٞ كَبِيرٞ

Бе гумон, касоне, ки дар ниҳон аз Парвардигорашон метарсанд, онон омурзишу подоши бузурге доранд info
التفاسير: