Bản dịch ý nghĩa nội dung Qur'an - 塔吉克斯坦语翻译 - 先锋翻译中心

Số trang:close

external-link copy
102 : 6

ذَٰلِكُمُ ٱللَّهُ رَبُّكُمۡۖ لَآ إِلَٰهَ إِلَّا هُوَۖ خَٰلِقُ كُلِّ شَيۡءٖ فَٱعۡبُدُوهُۚ وَهُوَ عَلَىٰ كُلِّ شَيۡءٖ وَكِيلٞ

Ин аст Аллоҳ таоло-Парвардигори шумо, ҳеҷ маъбуде [ба ҳақ] ҷуз Ӯ нест, офаринандаи ҳама чиз аст, пас, Ӯро бипарастед ва [бидонед, ки] Ӯ [муроқибу] коргузори ҳама чиз аст info
التفاسير:

external-link copy
103 : 6

لَّا تُدۡرِكُهُ ٱلۡأَبۡصَٰرُ وَهُوَ يُدۡرِكُ ٱلۡأَبۡصَٰرَۖ وَهُوَ ٱللَّطِيفُ ٱلۡخَبِيرُ

Чашмҳо Ӯро дарнамеёбанд ва [-ле] Ӯ чашмҳоро дармеёбад ва Ӯст, ки борикбин ва огоҳ аст info
التفاسير:

external-link copy
104 : 6

قَدۡ جَآءَكُم بَصَآئِرُ مِن رَّبِّكُمۡۖ فَمَنۡ أَبۡصَرَ فَلِنَفۡسِهِۦۖ وَمَنۡ عَمِيَ فَعَلَيۡهَاۚ وَمَآ أَنَا۠ عَلَيۡكُم بِحَفِيظٖ

[Эй паёмбар, ба мушрикон бигӯ] «Баростӣ далоили ошкоре аз ҷониби Парвардигоратон барои шумо омадааст, пас, ҳар ки [бо басирату мантиқ дар бораи он] биандешад, ба суди ӯст ва ҳар ки чашм [бар ҳақиқат] бибандад, ба зиёни ӯст ва ман нигаҳбони шумо нестам» info
التفاسير:

external-link copy
105 : 6

وَكَذَٰلِكَ نُصَرِّفُ ٱلۡأٓيَٰتِ وَلِيَقُولُواْ دَرَسۡتَ وَلِنُبَيِّنَهُۥ لِقَوۡمٖ يَعۡلَمُونَ

Ва инчунин нишонаҳо [ва далоили қудрати илоҳӣ]-ро гуногун баён мекунем, то мабодо [мушрикон] бигӯянд: «[Онҳоро аз аҳли китоб] омӯхтаӣ».Ва мо ин оятҳоро барои гурӯҳе, ки медонанд [ва мефаҳманд], ба равшанӣ баён мекунем info
التفاسير:

external-link copy
106 : 6

ٱتَّبِعۡ مَآ أُوحِيَ إِلَيۡكَ مِن رَّبِّكَۖ لَآ إِلَٰهَ إِلَّا هُوَۖ وَأَعۡرِضۡ عَنِ ٱلۡمُشۡرِكِينَ

[Эй паёмбар] Аз ончи ки аз ҷониби Парвардигорат ба ту ваҳй шудааст, пайравӣ кун, ҳеҷ маъбуде [ба ҳақ] ҷуз Ӯ нест ва аз мушрикон рӯй бигардон info
التفاسير:

external-link copy
107 : 6

وَلَوۡ شَآءَ ٱللَّهُ مَآ أَشۡرَكُواْۗ وَمَا جَعَلۡنَٰكَ عَلَيۡهِمۡ حَفِيظٗاۖ وَمَآ أَنتَ عَلَيۡهِم بِوَكِيلٖ

Ва агар Аллоҳ таоло мехост, [онон ҳаргиз] ширк намеварзиданд.Ва мо туро бар онон нигаҳбон қарор надодаем ва ту [ҳаргиз муроқибу] коргузорашон нестӣ info
التفاسير:

external-link copy
108 : 6

وَلَا تَسُبُّواْ ٱلَّذِينَ يَدۡعُونَ مِن دُونِ ٱللَّهِ فَيَسُبُّواْ ٱللَّهَ عَدۡوَۢا بِغَيۡرِ عِلۡمٖۗ كَذَٰلِكَ زَيَّنَّا لِكُلِّ أُمَّةٍ عَمَلَهُمۡ ثُمَّ إِلَىٰ رَبِّهِم مَّرۡجِعُهُمۡ فَيُنَبِّئُهُم بِمَا كَانُواْ يَعۡمَلُونَ

Ва [эй муъминон, ҳаргиз] ба онҳо [бутҳо], ки [мушрикон] ба ҷойи Аллоҳ таоло [ба ниёиш] мехонанд, дашном надиҳед, [чаро ки] онон низ аз рӯйи душманӣ [ва] нодонӣ ба Аллоҳ таоло дашном медиҳанд. Ин гуна барои ҳар уммате кирдорашонро оростем.Сипас бозгашташон [дар қиёмат] ба сӯйи Парвардигорашон аст ва ононро аз ончи анҷом медоданд, огоҳ месозад info
التفاسير:

external-link copy
109 : 6

وَأَقۡسَمُواْ بِٱللَّهِ جَهۡدَ أَيۡمَٰنِهِمۡ لَئِن جَآءَتۡهُمۡ ءَايَةٞ لَّيُؤۡمِنُنَّ بِهَاۚ قُلۡ إِنَّمَا ٱلۡأٓيَٰتُ عِندَ ٱللَّهِۖ وَمَا يُشۡعِرُكُمۡ أَنَّهَآ إِذَا جَآءَتۡ لَا يُؤۡمِنُونَ

Ва [мушрикон] бо сахттарин савгандҳояшон ба Аллоҳ таоло савганд хӯрданд, ки агар муъҷизае [ки хостаанд] бар эшон биояд, ҳатман, имон меоваранд. [Эй паёмбар] Бигӯ: «Муъҷизот фақат дар ихтиёри Аллоҳ таоло аст»ва шумо [эй муъминон] чи медонед, ки агар [муъҷизае ҳам] биёяд, имон намеоваранд info
التفاسير:

external-link copy
110 : 6

وَنُقَلِّبُ أَفۡـِٔدَتَهُمۡ وَأَبۡصَٰرَهُمۡ كَمَا لَمۡ يُؤۡمِنُواْ بِهِۦٓ أَوَّلَ مَرَّةٖ وَنَذَرُهُمۡ فِي طُغۡيَٰنِهِمۡ يَعۡمَهُونَ

Ва мо дилҳо ва дидагонашонро [аз дарки ҳақоиқ] бармегардонем, чунончи нахустин бор ба он имон наёварданд ва ононро дар [нофармонӣ ва] туғёнашон саргашта раҳо мекунем info
التفاسير: