Bản dịch ý nghĩa nội dung Qur'an - 塔吉克斯坦语翻译 - 先锋翻译中心

external-link copy
187 : 2

أُحِلَّ لَكُمۡ لَيۡلَةَ ٱلصِّيَامِ ٱلرَّفَثُ إِلَىٰ نِسَآئِكُمۡۚ هُنَّ لِبَاسٞ لَّكُمۡ وَأَنتُمۡ لِبَاسٞ لَّهُنَّۗ عَلِمَ ٱللَّهُ أَنَّكُمۡ كُنتُمۡ تَخۡتَانُونَ أَنفُسَكُمۡ فَتَابَ عَلَيۡكُمۡ وَعَفَا عَنكُمۡۖ فَٱلۡـَٰٔنَ بَٰشِرُوهُنَّ وَٱبۡتَغُواْ مَا كَتَبَ ٱللَّهُ لَكُمۡۚ وَكُلُواْ وَٱشۡرَبُواْ حَتَّىٰ يَتَبَيَّنَ لَكُمُ ٱلۡخَيۡطُ ٱلۡأَبۡيَضُ مِنَ ٱلۡخَيۡطِ ٱلۡأَسۡوَدِ مِنَ ٱلۡفَجۡرِۖ ثُمَّ أَتِمُّواْ ٱلصِّيَامَ إِلَى ٱلَّيۡلِۚ وَلَا تُبَٰشِرُوهُنَّ وَأَنتُمۡ عَٰكِفُونَ فِي ٱلۡمَسَٰجِدِۗ تِلۡكَ حُدُودُ ٱللَّهِ فَلَا تَقۡرَبُوهَاۗ كَذَٰلِكَ يُبَيِّنُ ٱللَّهُ ءَايَٰتِهِۦ لِلنَّاسِ لَعَلَّهُمۡ يَتَّقُونَ

[Эй муъминон] Омезиш бо ҳамсаронатон дар шаб [-ҳои] рӯза бар шумо ҳалол гардидааст. Онон либоси шумо ҳастанд ва шумо либоси эшон. Аллоҳ таоло медонист, ки шумо бар худ хиёнат мекардед [ва бо он ки дар авоили ислом омезиш дар моҳи рамазон ҳаром буд, шумо бар он бетаваҷҷуҳ будед], пас, тавбаатонро пазируфту аз шумо даргузашт. Пас, акнун [дар шабҳои рамазон метавонед] бо онон омезиш кунед ва он чиро, ки Аллоҳ таоло бароятон муқаррар доштааст [аз эшон] талаб кунед. Бихӯред ва биошомед, то риштаи сапеди субҳ [фаҷри содиқ] аз риштаи сиёҳ [шаб] бароятон ошкор гардад, он гоҳ рӯзаро то шаб ба поён бирасонед ва, дар ҳоле ки дар масоҷид муътакиф ҳастед, бо занон омезиш накунед. Ин марзҳо [-и аҳком]-и илоҳӣ аст, пас, ба онҳо наздик нашавед. Аллоҳ таоло чунин оёт [ва аҳком]-и худро барои мардум равшан месозад, бошад, ки парҳезкор шаванд info
التفاسير: