Bản dịch ý nghĩa nội dung Qur'an - 塔吉克斯坦语翻译 - 先锋翻译中心

Số trang:close

external-link copy
87 : 17

إِلَّا رَحۡمَةٗ مِّن رَّبِّكَۚ إِنَّ فَضۡلَهُۥ كَانَ عَلَيۡكَ كَبِيرٗا

Вале [чунин накардем ва ин лутф ба хотири] раҳмате аз ҷониби Парвардигори туст. Бе тардид, ҳамвора бахшиши Ӯ бар ту бисёр аст info
التفاسير:

external-link copy
88 : 17

قُل لَّئِنِ ٱجۡتَمَعَتِ ٱلۡإِنسُ وَٱلۡجِنُّ عَلَىٰٓ أَن يَأۡتُواْ بِمِثۡلِ هَٰذَا ٱلۡقُرۡءَانِ لَا يَأۡتُونَ بِمِثۡلِهِۦ وَلَوۡ كَانَ بَعۡضُهُمۡ لِبَعۡضٖ ظَهِيرٗا

[Эй Паёмбар] Бигӯ: «Агар инсу ҷин [ҳамагӣ] ҷамъ шаванд, то ҳаммонанди ин Қуръонро биёваранд, [ҳаргиз] ҳаммонандашро нахоҳанд овард; ҳарчанд онон пуштибони якдигар бошанд» info
التفاسير:

external-link copy
89 : 17

وَلَقَدۡ صَرَّفۡنَا لِلنَّاسِ فِي هَٰذَا ٱلۡقُرۡءَانِ مِن كُلِّ مَثَلٖ فَأَبَىٰٓ أَكۡثَرُ ٱلنَّاسِ إِلَّا كُفُورٗا

Ва ба ростӣ, Мо дар ин Қуръон барои мардум аз ҳар мисол [ва андарзу достон] овардем, вале бештари мардум [аз пазириши он] худдорӣ карданд [ва] ҷуз сари инкор надоштанд info
التفاسير:

external-link copy
90 : 17

وَقَالُواْ لَن نُّؤۡمِنَ لَكَ حَتَّىٰ تَفۡجُرَ لَنَا مِنَ ٱلۡأَرۡضِ يَنۢبُوعًا

Ва гуфтанд: «Мо ҳаргиз ба ту имон намеоварем, магар ин ки аз замин [-и Макка] бароямон чашмае ҷорӣ кунӣ info
التفاسير:

external-link copy
91 : 17

أَوۡ تَكُونَ لَكَ جَنَّةٞ مِّن نَّخِيلٖ وَعِنَبٖ فَتُفَجِّرَ ٱلۡأَنۡهَٰرَ خِلَٰلَهَا تَفۡجِيرًا

Ё боғе аз нахл ва ангур дошта бошӣ ва миёни [дарахтони он] ҷӯйҳо равон гардонӣ info
التفاسير:

external-link copy
92 : 17

أَوۡ تُسۡقِطَ ٱلسَّمَآءَ كَمَا زَعَمۡتَ عَلَيۡنَا كِسَفًا أَوۡ تَأۡتِيَ بِٱللَّهِ وَٱلۡمَلَٰٓئِكَةِ قَبِيلًا

Ё чунончи иддао кардӣ, аз осмон пораҳое [аз азоб] бар сарамон бияфканӣ ё Аллоҳ таоло ва фариштагонро дар баробарамон ҳозир кунӣ [то ба ростгӯият гувоҳӣ диҳад] info
التفاسير:

external-link copy
93 : 17

أَوۡ يَكُونَ لَكَ بَيۡتٞ مِّن زُخۡرُفٍ أَوۡ تَرۡقَىٰ فِي ٱلسَّمَآءِ وَلَن نُّؤۡمِنَ لِرُقِيِّكَ حَتَّىٰ تُنَزِّلَ عَلَيۡنَا كِتَٰبٗا نَّقۡرَؤُهُۥۗ قُلۡ سُبۡحَانَ رَبِّي هَلۡ كُنتُ إِلَّا بَشَرٗا رَّسُولٗا

Ё хонае [ороста аз тилло дошта бошӣ ё дар осмон боло равӣ; ва ҳаргиз боло рафтанатро бовар намекунем, магар он ки навиштае бар мо фуруд оварӣ, ки онро бихонем». Бигӯ: «Парвардигорам муназзаҳ аст. Оё ман ҷуз башаре фиристодашуда ҳастам?» info
التفاسير:

external-link copy
94 : 17

وَمَا مَنَعَ ٱلنَّاسَ أَن يُؤۡمِنُوٓاْ إِذۡ جَآءَهُمُ ٱلۡهُدَىٰٓ إِلَّآ أَن قَالُوٓاْ أَبَعَثَ ٱللَّهُ بَشَرٗا رَّسُولٗا

Ва [чизе] имон овардани мардум нашуд–он гоҳ ки ҳидоят барояшон омад–ҷуз ин ки гуфтанд: «Оё Аллоҳ таоло як инсонро ба паёмбарӣ барангехта аст?» info
التفاسير:

external-link copy
95 : 17

قُل لَّوۡ كَانَ فِي ٱلۡأَرۡضِ مَلَٰٓئِكَةٞ يَمۡشُونَ مُطۡمَئِنِّينَ لَنَزَّلۡنَا عَلَيۡهِم مِّنَ ٱلسَّمَآءِ مَلَكٗا رَّسُولٗا

[Эй Паёмбар] Бигӯ: «Агар дар замин [ба ҷойи инсон] фариштагоне буданд, ки [ҳамчун шумо] бо оромиш роҳ мерафтанд, ҳатман, аз осмон фариштаеро [аз ҷинси худашон ба унвони] паёмбар бар онон нозил мекардем» info
التفاسير:

external-link copy
96 : 17

قُلۡ كَفَىٰ بِٱللَّهِ شَهِيدَۢا بَيۡنِي وَبَيۡنَكُمۡۚ إِنَّهُۥ كَانَ بِعِبَادِهِۦ خَبِيرَۢا بَصِيرٗا

Бигӯ: «Кофист, ки Аллоҳ таоло миёни ману шумо гувоҳ бошад. Бе тардид, Ӯ ҳамвора [нисбат] ба бандагонаш огоҳ [ва] биност info
التفاسير: