Қуръони Карим маъноларининг таржимаси - Тожикча таржима

Бет рақами:close

external-link copy
59 : 17

وَمَا مَنَعَنَآ أَن نُّرۡسِلَ بِٱلۡأٓيَٰتِ إِلَّآ أَن كَذَّبَ بِهَا ٱلۡأَوَّلُونَۚ وَءَاتَيۡنَا ثَمُودَ ٱلنَّاقَةَ مُبۡصِرَةٗ فَظَلَمُواْ بِهَاۚ وَمَا نُرۡسِلُ بِٱلۡأٓيَٰتِ إِلَّا تَخۡوِيفٗا

59. Моро аз нузули мӯъҷизот бознадошт, магар ин ки умматони пешина пас аз мушоҳида дурӯғаш мепиндоштанд. Ба қавми Самуд ба унвони мӯъҷизае равшан модашутуррододем. Бар он ситам карданд кофир шуданд, пас ҳалокашон кардем ва Мо ин мӯъҷизотро ҷуз барои тарсонидан барои чизи дигаре намефиристем.[1476] info

[1476] Тафсири Саъдӣ 1\460

التفاسير:

external-link copy
60 : 17

وَإِذۡ قُلۡنَا لَكَ إِنَّ رَبَّكَ أَحَاطَ بِٱلنَّاسِۚ وَمَا جَعَلۡنَا ٱلرُّءۡيَا ٱلَّتِيٓ أَرَيۡنَٰكَ إِلَّا فِتۡنَةٗ لِّلنَّاسِ وَٱلشَّجَرَةَ ٱلۡمَلۡعُونَةَ فِي ٱلۡقُرۡءَانِۚ وَنُخَوِّفُهُمۡ فَمَا يَزِيدُهُمۡ إِلَّا طُغۡيَٰنٗا كَبِيرٗا

60. Ва ба ёд ор эй Расул он гоҳ ки туро гуфтем: Парвардигорат бар ҳамаи мардум огоҳии комил дорад ва он дидореро, ки дар шаби Меъроҷ барои ту муяссар кардем ва қиссаи дарахти малъун[1477], ки дар Қуръон омадааст, ба ҷуз озмоиш барои мардум чизи дигар набуд. Мо мардумро метарсонем, вале танҳо боз куфру саркашияшон афзуда мешавад. info

[1477] Яъне кофирон бинобар шунидани қиссаи Меъроҷ ва дарахти заққум, тасдиқ накарданд ва истеҳзову масхара мекарданд, ки дар дӯзах дарахт чи гуна мерӯяд. Тафсири Бағавӣ 5\103

التفاسير:

external-link copy
61 : 17

وَإِذۡ قُلۡنَا لِلۡمَلَٰٓئِكَةِ ٱسۡجُدُواْ لِأٓدَمَ فَسَجَدُوٓاْ إِلَّآ إِبۡلِيسَ قَالَ ءَأَسۡجُدُ لِمَنۡ خَلَقۡتَ طِينٗا

61. Ва ёд ор чун ба фариштагон гуфтем: «Одамро саҷда кунед». Пас ҳама саҷда карданд, ба ҷуз Иблис, ки такаббур карда гуфт: «Оё барои касе, ки аз гил офаридаӣ, саҷда кунам?»[1478] info

[1478] Тафсири Саъдӣ 1\461

التفاسير:

external-link copy
62 : 17

قَالَ أَرَءَيۡتَكَ هَٰذَا ٱلَّذِي كَرَّمۡتَ عَلَيَّ لَئِنۡ أَخَّرۡتَنِ إِلَىٰ يَوۡمِ ٱلۡقِيَٰمَةِ لَأَحۡتَنِكَنَّ ذُرِّيَّتَهُۥٓ إِلَّا قَلِيلٗا

62. Шайтон гуфт: «Ба ман бигӯй, оё ин ҳамон касе аст, бар ман бартарӣ додаӣ, ин басо ҷои тааҷҷуб аст. Агар маро то рӯзи қиёмат мӯҳлат диҳӣ, фарзандони ӯро ҷуз андакеашон ба гумроҳи кашонида аз бех барканам» ва нобудашон созам.[1479] info

[1479] Тафсири Бағавӣ 5\104

التفاسير:

external-link copy
63 : 17

قَالَ ٱذۡهَبۡ فَمَن تَبِعَكَ مِنۡهُمۡ فَإِنَّ جَهَنَّمَ جَزَآؤُكُمۡ جَزَآءٗ مَّوۡفُورٗا

63.Аллоҳ Фармуд: «Бирав, ҷазои ту ва ҳар кас, ки пайрави ту гардад, ҷаҳаннам аст, ба дурустӣ, ки ҷазои сазовору комил аст!» info
التفاسير:

external-link copy
64 : 17

وَٱسۡتَفۡزِزۡ مَنِ ٱسۡتَطَعۡتَ مِنۡهُم بِصَوۡتِكَ وَأَجۡلِبۡ عَلَيۡهِم بِخَيۡلِكَ وَرَجِلِكَ وَشَارِكۡهُمۡ فِي ٱلۡأَمۡوَٰلِ وَٱلۡأَوۡلَٰدِ وَعِدۡهُمۡۚ وَمَا يَعِدُهُمُ ٱلشَّيۡطَٰنُ إِلَّا غُرُورًا

64. Бо фарёди хеш ҳар киро тавонӣ, аз ҷой биҷунбон (ба сӯи маъсият) ва бо ёрии саворону пиёдагонат бар онон битоз ва дар молу фарзанд ба (касби ҳаром) бо онон шарик шав ва ба пайравонат ваъдаи дурӯғ бидеҳ. Ва ҳол он ки шайтон ҷуз ба фиребе ваъдаи дигарашон надиҳад![1480] info

[1480] Тафсири Саъдӣ 1\461

التفاسير:

external-link copy
65 : 17

إِنَّ عِبَادِي لَيۡسَ لَكَ عَلَيۡهِمۡ سُلۡطَٰنٞۚ وَكَفَىٰ بِرَبِّكَ وَكِيلٗا

65. Бегумон туро бар бандагони Ман ононе, ки ба ихлос маро фармонбардорӣ мекунанд, ҳеҷ ғолибияте набошад ва Парвардигори ту (эй Муҳаммад) барои нигаҳбонии мӯъминон аз макри шайтон кофист!»[1481] info

[1481] Тафсири Саъдӣ 1\461

التفاسير:

external-link copy
66 : 17

رَّبُّكُمُ ٱلَّذِي يُزۡجِي لَكُمُ ٱلۡفُلۡكَ فِي ٱلۡبَحۡرِ لِتَبۡتَغُواْ مِن فَضۡلِهِۦٓۚ إِنَّهُۥ كَانَ بِكُمۡ رَحِيمٗا

66. Парвардигори шумост, ки киштиҳоро дар баҳрҳо бароятон равон мекунад, то аз фазли Ӯ рӯзии худ ба даст оред. Зеро бо шумо меҳрубон аст. info
التفاسير: