Қуръони Карим маъноларининг таржимаси - Тожикча таржима

Бет рақами:close

external-link copy
8 : 17

عَسَىٰ رَبُّكُمۡ أَن يَرۡحَمَكُمۡۚ وَإِنۡ عُدتُّمۡ عُدۡنَاۚ وَجَعَلۡنَا جَهَنَّمَ لِلۡكَٰفِرِينَ حَصِيرًا

8. Шояд Парвардигоратон бар шумо (эй бани Исроил) раҳмат оварад, агар аз гуноҳ тавба кунед. Ва агар ба маъсияту гунаҳкорӣ бозгардед, бозмегардем, барои азоб карданатон дар ин ҷаҳон ва ҷаҳаннамро зиндони кофирон сохтаем.[1440] info

[1440] Ин оят ва ояти мо қабл барои ин уммат ваъиди сахт аст, то гирифтори азоб нашаванд, чуноне ки бар бани Исроил фуруд омада буд. Тафсири Бағавӣ 5\80

التفاسير:

external-link copy
9 : 17

إِنَّ هَٰذَا ٱلۡقُرۡءَانَ يَهۡدِي لِلَّتِي هِيَ أَقۡوَمُ وَيُبَشِّرُ ٱلۡمُؤۡمِنِينَ ٱلَّذِينَ يَعۡمَلُونَ ٱلصَّٰلِحَٰتِ أَنَّ لَهُمۡ أَجۡرٗا كَبِيرٗا

9. Ҳамоно ин Қуръоне, ки бар бандаи Мо Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фуруд овардем мардумро бо роҳе ҳидоят мекунад, ки он устувортарин аст ва ба мӯъминоне, ки корҳои шоиста мекунанд, мужда медиҳад, ки онон подоши бузурге доранд. info
التفاسير:

external-link copy
10 : 17

وَأَنَّ ٱلَّذِينَ لَا يُؤۡمِنُونَ بِٱلۡأٓخِرَةِ أَعۡتَدۡنَا لَهُمۡ عَذَابًا أَلِيمٗا

10. Ва албатта барои касоне, ки ба охират имон намеоваранд, азоби дардоваре(ва он дӯзах аст) муҳайё кардаем.[1441] info

[1441] Тафсири Бағавӣ 5\80

التفاسير:

external-link copy
11 : 17

وَيَدۡعُ ٱلۡإِنسَٰنُ بِٱلشَّرِّ دُعَآءَهُۥ بِٱلۡخَيۡرِۖ وَكَانَ ٱلۡإِنسَٰنُ عَجُولٗا

11. Ва одамӣ гоҳо аз ғазаб бар ҷони худ, ё фарзанд ё молаш дуоъи бад металабад, читавре, ки дуъои хайр мекунад. Агар Аллоҳ он дуъояшро қабул кунад, ҳалок мешавад, вале ба фазлу раҳматаш иҷобат намекунад. Ва одамӣ табиатан бар хурсандию сахтӣ бесабру шитобкор аст.[1442] info

[1442] Тафсири Бағавӣ 5\81

التفاسير:

external-link copy
12 : 17

وَجَعَلۡنَا ٱلَّيۡلَ وَٱلنَّهَارَ ءَايَتَيۡنِۖ فَمَحَوۡنَآ ءَايَةَ ٱلَّيۡلِ وَجَعَلۡنَآ ءَايَةَ ٱلنَّهَارِ مُبۡصِرَةٗ لِّتَبۡتَغُواْ فَضۡلٗا مِّن رَّبِّكُمۡ وَلِتَعۡلَمُواْ عَدَدَ ٱلسِّنِينَ وَٱلۡحِسَابَۚ وَكُلَّ شَيۡءٖ فَصَّلۡنَٰهُ تَفۡصِيلٗا

12. Ва шаб ва рӯзро ду нишона қарор додем. Нишонаи шабро торикӣ гардонидем ва нишонаи рӯзро равшанӣ, то ба талаби ризқе, ки Парвардигоратон муқаррар доштааст, бархезед ва шумори солҳову ҳисобро бидонед. Агар Аллоҳ офтобу маҳтобро ба ҳоле ки халқ карда буд мегузошт шабро аз рӯз шинохта намешуд ва на вақти рӯза ва ҳаҷ дониста мешуд ва на вақти роҳату дамгирӣ ва мо ҳар чизро ба тафсил баён кардаем.[1443] info

[1443] Тафсири Бағавӣ 5\81

التفاسير:

external-link copy
13 : 17

وَكُلَّ إِنسَٰنٍ أَلۡزَمۡنَٰهُ طَٰٓئِرَهُۥ فِي عُنُقِهِۦۖ وَنُخۡرِجُ لَهُۥ يَوۡمَ ٱلۡقِيَٰمَةِ كِتَٰبٗا يَلۡقَىٰهُ مَنشُورًا

13. Кирдори неку бади ҳар инсонеро чун тавқе ба гарданаш овехтаем. Ва дар рӯзи қиёмат барои ӯ номаи (амалашро) кушода берун оварем, то дар он бингарад. info
التفاسير:

external-link copy
14 : 17

ٱقۡرَأۡ كِتَٰبَكَ كَفَىٰ بِنَفۡسِكَ ٱلۡيَوۡمَ عَلَيۡكَ حَسِيبٗا

14. Дар он рӯз ба ӯ гуфта мешавад: «Бихон номаи аъмолҳое, ки дар дунё карда будӣ. Имрӯз ту худ барои ҳисоб кардани амалҳоят басандаӣ!»[1444] info

[1444] Тафсири Табарӣ 17\401

التفاسير:

external-link copy
15 : 17

مَّنِ ٱهۡتَدَىٰ فَإِنَّمَا يَهۡتَدِي لِنَفۡسِهِۦۖ وَمَن ضَلَّ فَإِنَّمَا يَضِلُّ عَلَيۡهَاۚ وَلَا تَزِرُ وَازِرَةٞ وِزۡرَ أُخۡرَىٰۗ وَمَا كُنَّا مُعَذِّبِينَ حَتَّىٰ نَبۡعَثَ رَسُولٗا

15. Ҳар ки роҳи ҳақро дарёбад сипас он роҳи ҳақро пайравӣ намояд фоидаи он танҳо бар худи ӯ мерасад ва ҳар ки аз роҳи ҳақ гумроҳ гардад ва роҳи залолатро пайравӣ намояд, зиёни он танҳо бар худи ӯ бозмегардад ва ҳеҷ кас бори гуноҳони дигареро бар худ набардорад ва Мо ҳеҷ қавмеро азоб намекунем то он гоҳ, ки паёмбаре бифиристем.[1445] info

[1445] Тафсири Табари 17\402

التفاسير:

external-link copy
16 : 17

وَإِذَآ أَرَدۡنَآ أَن نُّهۡلِكَ قَرۡيَةً أَمَرۡنَا مُتۡرَفِيهَا فَفَسَقُواْ فِيهَا فَحَقَّ عَلَيۡهَا ٱلۡقَوۡلُ فَدَمَّرۡنَٰهَا تَدۡمِيرٗا

16. Чун бихоҳем деҳаеро ҳалок кунем, ба саркашони он ҷо мефармоем, то дар он ҷо нофармонӣ кунанд, ва он гоҳ азоб бар онҳо воҷиб гардад ва он деҳаро нобуд созем. info
التفاسير:

external-link copy
17 : 17

وَكَمۡ أَهۡلَكۡنَا مِنَ ٱلۡقُرُونِ مِنۢ بَعۡدِ نُوحٖۗ وَكَفَىٰ بِرَبِّكَ بِذُنُوبِ عِبَادِهِۦ خَبِيرَۢا بَصِيرٗا

17. Баъд аз Нӯҳ чи бисёр мардумеро, ки имон наоварданд ҳалок кардем. Ва басандааст, ки Парвардигори ту, аз гуноҳони бандагонаш огоҳ ва ба онҳо биност.[1446] info

[1446] Тафсири Бағавӣ 5\84

التفاسير: