قۇرئان كەرىم مەنىلىرىنىڭ تەرجىمىسى - تاجىكچە تەرجىمىسى -خوجە مىرۇپ خوجە مىير

بەت نومۇرى:close

external-link copy
270 : 2

وَمَآ أَنفَقۡتُم مِّن نَّفَقَةٍ أَوۡ نَذَرۡتُم مِّن نَّذۡرٖ فَإِنَّ ٱللَّهَ يَعۡلَمُهُۥۗ وَمَا لِلظَّٰلِمِينَ مِنۡ أَنصَارٍ

270. Ва он чи аз мол ё ғайри он, кам ё бисёр дода шудед ва онро барои ризоияти Аллоҳ нафақа кунед ва ё назреро, ки ба гардан бигиред, Аллоҳ онро медонад ва бинобар ниятҳоятон ба шумо савоб медиҳад ва касе, ки ҳаққи Аллоҳро манъ мекунад, вай ситамкор аст ва ситамкоронро мададгоре нест, ки аз азоби Аллоҳ онҳоро халос гардонанд. info
التفاسير:

external-link copy
271 : 2

إِن تُبۡدُواْ ٱلصَّدَقَٰتِ فَنِعِمَّا هِيَۖ وَإِن تُخۡفُوهَا وَتُؤۡتُوهَا ٱلۡفُقَرَآءَ فَهُوَ خَيۡرٞ لَّكُمۡۚ وَيُكَفِّرُ عَنكُم مِّن سَيِّـَٔاتِكُمۡۗ وَٱللَّهُ بِمَا تَعۡمَلُونَ خَبِيرٞ

271. Агар садақаҳоро ошкор кунед, кори хубе аст ва агар онҳоро пинҳон намоед ва ба ниёзмандон (бенавоён, мискинон) бидиҳед, бароятон беҳтараст, зеро садақа ба сурати пинҳонӣ бар қуввати ихлос далолат менамояд ва Аллоҳ гуноҳонатонро мепўшонад ва Аллоҳ ба он чи ки мекунед огоҳ аст ва аз аҳволи шумо чизе бар Ў пинҳон намемонад ва ҳар якро мувофиқ ба амалаш ҷазое хоҳад дод.[178] info

[178] Тафсири Саъдӣ 1\116

التفاسير:

external-link copy
272 : 2

۞ لَّيۡسَ عَلَيۡكَ هُدَىٰهُمۡ وَلَٰكِنَّ ٱللَّهَ يَهۡدِي مَن يَشَآءُۗ وَمَا تُنفِقُواْ مِنۡ خَيۡرٖ فَلِأَنفُسِكُمۡۚ وَمَا تُنفِقُونَ إِلَّا ٱبۡتِغَآءَ وَجۡهِ ٱللَّهِۚ وَمَا تُنفِقُواْ مِنۡ خَيۡرٖ يُوَفَّ إِلَيۡكُمۡ وَأَنتُمۡ لَا تُظۡلَمُونَ

272. Ҳидоят ёфтани онҳо (яъне кофирон) бар ўҳдаи ту эй Муҳаммад лозим нест, балки Аллоҳ ҳар касеро, ки хоҳад, ба сўи динаш ҳидоят менамояд ва ҳар он чи нафақа кунед кам ё беш, хоҳ барои кофир бошад ё барои мусалмон, савоби он барои худатон бозгардандааст. Ва мўъминон нафақа намекунанд, магар барои талаби ризоияти Аллоҳ. Ва ҳар чи хуб ва неке, ки нафақа кунед, савоби он ба шумо пурра боз гардонда мешавад ва аз савоби шумо чизе кам карда намешавад.[179] info

[179] Тафсири Саъдӣ 1\116

التفاسير:

external-link copy
273 : 2

لِلۡفُقَرَآءِ ٱلَّذِينَ أُحۡصِرُواْ فِي سَبِيلِ ٱللَّهِ لَا يَسۡتَطِيعُونَ ضَرۡبٗا فِي ٱلۡأَرۡضِ يَحۡسَبُهُمُ ٱلۡجَاهِلُ أَغۡنِيَآءَ مِنَ ٱلتَّعَفُّفِ تَعۡرِفُهُم بِسِيمَٰهُمۡ لَا يَسۡـَٔلُونَ ٱلنَّاسَ إِلۡحَافٗاۗ وَمَا تُنفِقُواْ مِنۡ خَيۡرٖ فَإِنَّ ٱللَّهَ بِهِۦ عَلِيمٌ

273. (Ин садақот) барои камбағалони мусалмон аст, ки дар роҳи Аллоҳ бозмонданд ва наметавонанд дар замин сафар кунанд ва шахси нодон онҳоро ба сабаби тамаъ накарданашон тавонгар мепиндорад, Онҳоро аз симояшон мешиносӣ, бо исрор (бардавом) аз мардум чизе намехоҳанд. Агар дар пурсидан маҷбур шаванд, бисёр тавалло намекунанд. Ва ҳар чи дар роҳи Аллоҳ аз хубӣ нафақа кунед, Аллоҳ ба он доно аст ва рўзи қиёмат мукофотатонро пурра хоҳед гирифт. info
التفاسير:

external-link copy
274 : 2

ٱلَّذِينَ يُنفِقُونَ أَمۡوَٰلَهُم بِٱلَّيۡلِ وَٱلنَّهَارِ سِرّٗا وَعَلَانِيَةٗ فَلَهُمۡ أَجۡرُهُمۡ عِندَ رَبِّهِمۡ وَلَا خَوۡفٌ عَلَيۡهِمۡ وَلَا هُمۡ يَحۡزَنُونَ

274. Касоне, ки шабу рўз пинҳон ва ошкоро моли худро барои ризоияти Аллоҳ нафақа мекунанд, подошашон назди Парвардигорашон аст ва на тарсе дар охират бар онҳост ва дар дунё, аз он чи ки аз онҳо фавт шуд, андўҳгин намешаванд. Дар нафақа кардан бар камбағалон каромат ва иззат аст ва покии моли сарватмандон аст ва бо якдигар мадад кардан ба некўи ва тақво аст. Ин гуна фазлу бузургиро банда дар ризоияти Аллоҳ метавонад ёфт, на дар садақа кардан ба қаҳр ё маҷбурӣ. info
التفاسير: