قۇرئان كەرىم مەنىلىرىنىڭ تەرجىمىسى - تاجىكچە تەرجىمىسى -خوجە مىرۇپ خوجە مىير

بەت نومۇرى:close

external-link copy
164 : 2

إِنَّ فِي خَلۡقِ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِ وَٱخۡتِلَٰفِ ٱلَّيۡلِ وَٱلنَّهَارِ وَٱلۡفُلۡكِ ٱلَّتِي تَجۡرِي فِي ٱلۡبَحۡرِ بِمَا يَنفَعُ ٱلنَّاسَ وَمَآ أَنزَلَ ٱللَّهُ مِنَ ٱلسَّمَآءِ مِن مَّآءٖ فَأَحۡيَا بِهِ ٱلۡأَرۡضَ بَعۡدَ مَوۡتِهَا وَبَثَّ فِيهَا مِن كُلِّ دَآبَّةٖ وَتَصۡرِيفِ ٱلرِّيَٰحِ وَٱلسَّحَابِ ٱلۡمُسَخَّرِ بَيۡنَ ٱلسَّمَآءِ وَٱلۡأَرۡضِ لَأٓيَٰتٖ لِّقَوۡمٖ يَعۡقِلُونَ

164. Ба дурустӣ, дар офариниши осмонҳо бинобар баландӣ ва васеъияш ва замин бинобар кўҳу пастӣ ва дарёҳояш ва дар паи якдигар омадани шабу рўз ва дар киштиҳое, ки дар дарё мераванд ва сабаби нафъи мардуманд ва дар бороне, ки Аллоҳ аз осмон фурў мефиристад, то замини мурдаро ба он зинда созад ва ҷунбандагонро дар он пароканда кунад ва дар гардонидани бодҳо ва абрҳои ромшуда, ки миёни замину осмонанд, дар ҳамаи инҳо барои хирадмандоне, ки дармеёбанд, нишонаҳост! Ва ба ин далелҳо мефаҳманд, ки ба ҷуз Аллоҳ ҳеҷ кас сазовори ибодат нест. info
التفاسير:

external-link copy
165 : 2

وَمِنَ ٱلنَّاسِ مَن يَتَّخِذُ مِن دُونِ ٱللَّهِ أَندَادٗا يُحِبُّونَهُمۡ كَحُبِّ ٱللَّهِۖ وَٱلَّذِينَ ءَامَنُوٓاْ أَشَدُّ حُبّٗا لِّلَّهِۗ وَلَوۡ يَرَى ٱلَّذِينَ ظَلَمُوٓاْ إِذۡ يَرَوۡنَ ٱلۡعَذَابَ أَنَّ ٱلۡقُوَّةَ لِلَّهِ جَمِيعٗا وَأَنَّ ٱللَّهَ شَدِيدُ ٱلۡعَذَابِ

165. Бо вуҷуди ин далелҳои равшан баъзе аз мардум бо Аллоҳ шариконе ихтиёр мекунанд ва онҳоро бо таъзиму тоъат чунон дўст медоранд, ки гўё Аллоҳанд. Ҳол он ки таъзиму тоъат ҷуз барои Аллоҳ ба касе ё чизе сазовор нест. Вале онон, ки имон овардаанд, қавитаранд дар дўстии Аллоҳ аз дўстии кофирон бар маъбудони худ. Зеро мўъминон ҳамаи муҳаббатро холис аз барои Аллоҳ медоранд ва мушрикон дар муҳаббат шарик қарор медиҳанд. Онон, ки нафси худро бо ширк зулм кардаанд ва агар азоби охиратро мушоҳида мекарданд, медонистанд, ки танҳо Аллоҳ дорои ҳамаи қувват аст ва Ў сахт азобкунандааст. Он гоҳ ба ҷуз Аллоҳ касеро маъбуд намегирифтанд ва наздик намешуданд.[94] info

[94] Тафсири Саъдӣ 1\79

التفاسير:

external-link copy
166 : 2

إِذۡ تَبَرَّأَ ٱلَّذِينَ ٱتُّبِعُواْ مِنَ ٱلَّذِينَ ٱتَّبَعُواْ وَرَأَوُاْ ٱلۡعَذَابَ وَتَقَطَّعَتۡ بِهِمُ ٱلۡأَسۡبَابُ

166. Он гоҳ, касоне, ки пайрав шудаанд аз касоне, ки пайравӣ карда буданд, безорӣҷўянд ва азобро мушоҳида кунанд ва пайвандгариҳое, ки аз хешовандӣ ва дўстӣ дар дунё доштанд, бурида шаванд. [95] info

[95] Тафсири Бағавӣ 1\180

التفاسير:

external-link copy
167 : 2

وَقَالَ ٱلَّذِينَ ٱتَّبَعُواْ لَوۡ أَنَّ لَنَا كَرَّةٗ فَنَتَبَرَّأَ مِنۡهُمۡ كَمَا تَبَرَّءُواْ مِنَّاۗ كَذَٰلِكَ يُرِيهِمُ ٱللَّهُ أَعۡمَٰلَهُمۡ حَسَرَٰتٍ عَلَيۡهِمۡۖ وَمَا هُم بِخَٰرِجِينَ مِنَ ٱلنَّارِ

167. Ва он пайравон гўянд: «Кош бори дигар бозмегаштем, то он чунон ки аз мо безорӣ ҷустаанд, аз онҳо безорӣ меҷустем. Аллоҳ кирдорҳояшонро инчунин сабаби ҳасраташон созад ва онҳо аз оташ раҳоӣ наёбанд! Ва ҳеҷ гоҳ онҳо аз дўзах хориҷшаванда нестанд». info
التفاسير:

external-link copy
168 : 2

يَٰٓأَيُّهَا ٱلنَّاسُ كُلُواْ مِمَّا فِي ٱلۡأَرۡضِ حَلَٰلٗا طَيِّبٗا وَلَا تَتَّبِعُواْ خُطُوَٰتِ ٱلشَّيۡطَٰنِۚ إِنَّهُۥ لَكُمۡ عَدُوّٞ مُّبِينٌ

168. Эй мардум, аз он чизҳои ҳалолу покизае, ки Аллоҳ дар замин бароятон додааст, бихўред ва роҳҳои шайтонро пайравӣ макунед. Ҳамоно шайтон душмани ошкори шумост. info
التفاسير:

external-link copy
169 : 2

إِنَّمَا يَأۡمُرُكُم بِٱلسُّوٓءِ وَٱلۡفَحۡشَآءِ وَأَن تَقُولُواْ عَلَى ٱللَّهِ مَا لَا تَعۡلَمُونَ

169. Албатта шайтон шуморо ба ҳамаи бадиҳо ва корҳои зишт фармон медиҳад ва мехоҳад, ки дар бораи Аллоҳ чизҳое бигўед, (аз ҳалолу ҳаром) ки ба он огоҳ нестед. info
التفاسير: