แปล​ความหมาย​อัลกุรอาน​ - ภาษาทาจิก - เคาญะฮ์ เมรูฟ เคาญะฮ์ เมร์

หมายเลข​หน้า​:close

external-link copy
7 : 33

وَإِذۡ أَخَذۡنَا مِنَ ٱلنَّبِيِّـۧنَ مِيثَٰقَهُمۡ وَمِنكَ وَمِن نُّوحٖ وَإِبۡرَٰهِيمَ وَمُوسَىٰ وَعِيسَى ٱبۡنِ مَرۡيَمَۖ وَأَخَذۡنَا مِنۡهُم مِّيثَٰقًا غَلِيظٗا

7. Ва ба ёд ор эй Паёмбар , он ҳангомро, ки аз паёмбарон паймон маҳкам ва устувор гирифтем ва ҳамчунин аз туву аз Нӯҳ ва Иброҳим ва Мӯсо ва Исо писари Марям ва аз ҳамаи онҳо паймони сахте гирифтем, ки дар адои масъулияти расонидани даъват ва адои амонат ва тасдиқ кардани баъзеяшон баъзеро кутоҳӣ накунанд. Ва онон аз паёмбарони соҳибазманд.[2033] info

[2033] Тафсири Табарӣ 20\213

التفاسير:

external-link copy
8 : 33

لِّيَسۡـَٔلَ ٱلصَّٰدِقِينَ عَن صِدۡقِهِمۡۚ وَأَعَدَّ لِلۡكَٰفِرِينَ عَذَابًا أَلِيمٗا

8. Аллоҳ он паймони маҳкамро аз инҳо паёмбарон гирифт, то паёмбарони ростгӯйро аз сидқашон бипурсад барояшон чӣ ҷавоб додаанд қавмашон. Пас, мӯъминонро подоши ҷаннат медиҳад ва барои кофирон азоби дардоваре муҳайё кардааст.[2034] info

[2034]Тафсири Табарӣ 20\213

التفاسير:

external-link copy
9 : 33

يَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ ٱذۡكُرُواْ نِعۡمَةَ ٱللَّهِ عَلَيۡكُمۡ إِذۡ جَآءَتۡكُمۡ جُنُودٞ فَأَرۡسَلۡنَا عَلَيۡهِمۡ رِيحٗا وَجُنُودٗا لَّمۡ تَرَوۡهَاۚ وَكَانَ ٱللَّهُ بِمَا تَعۡمَلُونَ بَصِيرًا

9. Эй касоне, ки имон овардед, аз неъмате, ки Аллоҳ ба шумо дар Мадина, дар ғазваи Хандақ додааст, ёд кунед, дар ҳангоме, ки лашкарҳо аз хориҷи Мадина ва яҳуду мунофиқон аз дохили Мадина бар сари шумо ҳуҷум карданд ва Мо бодро ва лашкарҳоеро, ки намедидед, бар сарашон фиристодем, то он ҷое, ки дегҳояшонро барканд ва хаймаҳояшонро сарнагун сохт, сипас дилҳояшонро тарс фаро гирифт ва Аллоҳ ба он чи мекардед, бино буд ва ҳеҷ чиз бар Ӯ пӯшида намемонад![2035] info

[2035] Тафсири Саъдӣ 1\659

التفاسير:

external-link copy
10 : 33

إِذۡ جَآءُوكُم مِّن فَوۡقِكُمۡ وَمِنۡ أَسۡفَلَ مِنكُمۡ وَإِذۡ زَاغَتِ ٱلۡأَبۡصَٰرُ وَبَلَغَتِ ٱلۡقُلُوبُ ٱلۡحَنَاجِرَ وَتَظُنُّونَ بِٱللَّهِ ٱلظُّنُونَا۠

10. Ба хотир биёред, он вақтро, ки аз самти водии боло аз тарафи машриқ ва аз самти поин аз тарафи мағриб бар шумо тохтанд, чашмҳо аз шиддати даҳшат хира шуданд ва ҷонҳо аз шиддати тарс ба лаб расида буданд ва мунофиқонро ноумедӣ фаро гирифт ва ба ваъдаи Аллоҳ гумонҳои гуногун мебурдед,[2036]. info

[2036]Яъне, Аллоҳ динашро ёрӣ намекунад ва калима ва суханашро ба итмом намерасонад. Тафсири Саъдӣ 1\659

التفاسير:

external-link copy
11 : 33

هُنَالِكَ ٱبۡتُلِيَ ٱلۡمُؤۡمِنُونَ وَزُلۡزِلُواْ زِلۡزَالٗا شَدِيدٗا

11. Дар он лаҳзаи душворӣ, мӯъминон имтиҳон карда шуданд ва мӯъмин аз мунофиқ маълум гашт ва бо тарсу ҳарос сахт такон хӯрданд, то имонашон маълум шавад ва бовариашон зиёд гардад![2037] info

[2037] Тафсири Бағавӣ 6\331

التفاسير:

external-link copy
12 : 33

وَإِذۡ يَقُولُ ٱلۡمُنَٰفِقُونَ وَٱلَّذِينَ فِي قُلُوبِهِم مَّرَضٞ مَّا وَعَدَنَا ٱللَّهُ وَرَسُولُهُۥٓ إِلَّا غُرُورٗا

12. Ва ба ёд оред, замонеро, ки мунофиқон ва онҳое, ки дар дилашон шакку шубҳа аст мегуфтанд: «Аллоҳ ва паёмбараш ҷуз ваъдаҳои дурӯғ ба мо ба монанди пирӯзӣ ва нусрат, ваъдаи дигаре надодаанд. Пас ӯро бовар накунед!» info
التفاسير:

external-link copy
13 : 33

وَإِذۡ قَالَت طَّآئِفَةٞ مِّنۡهُمۡ يَٰٓأَهۡلَ يَثۡرِبَ لَا مُقَامَ لَكُمۡ فَٱرۡجِعُواْۚ وَيَسۡتَـٔۡذِنُ فَرِيقٞ مِّنۡهُمُ ٱلنَّبِيَّ يَقُولُونَ إِنَّ بُيُوتَنَا عَوۡرَةٞ وَمَا هِيَ بِعَوۡرَةٍۖ إِن يُرِيدُونَ إِلَّا فِرَارٗا

13. Ва ба ёд овар эй Расул, замонеро, ки гурӯҳе аз он мунофиқон гуфтанд: «Эй мардуми Ясриб[2038], ин ҷо (хаймаҳои беруни Мадина) ҷои бозмонданатон нест, пас ба хонаҳои худ ба Мадина бозгардед». Ва гурӯҳе аз он мунофиқон баҳона карда аз Паёмбар рухсат талабиданд ва мегуфтанд: «Дар ҳақиқат, дар хонаҳои мо ҳифзкунандае нест». Хонаҳояшон беҳифзкунанда набуд, балки дурӯғ мегуфтанд, мехостанд аз майдони ҷанг бигурезанд. info

[2038] Ясриб, ин номи қадимаи Мадина буд ва пеш аз ҳиҷрати Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам ном бурда мешуд

التفاسير:

external-link copy
14 : 33

وَلَوۡ دُخِلَتۡ عَلَيۡهِم مِّنۡ أَقۡطَارِهَا ثُمَّ سُئِلُواْ ٱلۡفِتۡنَةَ لَأٓتَوۡهَا وَمَا تَلَبَّثُواْ بِهَآ إِلَّا يَسِيرٗا

14. Ва агар лашкари душманон аз атрофи Мадина бар онҳо ворид мешуданд ва хонаҳояшонро муҳосира мекарданд, сипас пешниҳоди бозгашт ба куфр ва ширк ба онҳо мекарданд, мепазируфтанд ва ҷуз андаке барои интихоби он таваққуф намекарданд. info
التفاسير:

external-link copy
15 : 33

وَلَقَدۡ كَانُواْ عَٰهَدُواْ ٱللَّهَ مِن قَبۡلُ لَا يُوَلُّونَ ٱلۡأَدۡبَٰرَۚ وَكَانَ عَهۡدُ ٱللَّهِ مَسۡـُٔولٗا

15. Ба таҳқиқ, ин мунофиқон пеш аз ин ғазваи Хандақ бо Аллоҳ (яъне, ба дасти Расули Аллоҳ) паймон баста буданд, ки дар ҷанг ба душман пушт нагардонанд ва дар ҳоли даъват ба ҷиҳод дермонӣ накунанд, лекин паймони худро шикастанд. Ва аҳду паймони Аллоҳ пурсиш дорад ва аз он аҳд бозхост карда мешаванд.[2039] info

[2039]Тафсири ибни Касир 6\390

التفاسير: