Përkthimi i kuptimeve të Kuranit Fisnik - Përkthimi taxhikisht - Hoxha Mirov

Numri i faqes:close

external-link copy
85 : 28

إِنَّ ٱلَّذِي فَرَضَ عَلَيۡكَ ٱلۡقُرۡءَانَ لَرَآدُّكَ إِلَىٰ مَعَادٖۚ قُل رَّبِّيٓ أَعۡلَمُ مَن جَآءَ بِٱلۡهُدَىٰ وَمَنۡ هُوَ فِي ضَلَٰلٖ مُّبِينٖ

85. Ба дурустӣ ки он Аллоҳе, ки Қуръонро бар ту нозил ва фарз кардааст расонидани онро, туро ба ҷойгоҳат (Макка) бозмегардонад. Бигӯ эй Расул барои мушрикон: « Парвардигори ман беҳтар медонад, ки чӣ касе бар роҳи рост ва чӣ касе дар гумроҳии ошкор аст»[1898]. info

[1898] Тафсири Бағавӣ6\226

التفاسير:

external-link copy
86 : 28

وَمَا كُنتَ تَرۡجُوٓاْ أَن يُلۡقَىٰٓ إِلَيۡكَ ٱلۡكِتَٰبُ إِلَّا رَحۡمَةٗ مِّن رَّبِّكَۖ فَلَا تَكُونَنَّ ظَهِيرٗا لِّلۡكَٰفِرِينَ

86. Агар раҳмати Парвардигорат намебуд, умеди онро надоштӣ, ки ин китоб бар ту дода мешавад, пас шукри Аллоҳро ба ҷо ор бар он неъмате, ки ба ту арзонӣ намудааст. Пас, ҳаргиз, набояд пуштибони кофирон бошӣ![1899] info

[1899] Тафсири Табарӣ 19\642

التفاسير:

external-link copy
87 : 28

وَلَا يَصُدُّنَّكَ عَنۡ ءَايَٰتِ ٱللَّهِ بَعۡدَ إِذۡ أُنزِلَتۡ إِلَيۡكَۖ وَٱدۡعُ إِلَىٰ رَبِّكَۖ وَلَا تَكُونَنَّ مِنَ ٱلۡمُشۡرِكِينَ

87. Пас, аз он, ки оёти Аллоҳбар ту нозил шуд, туро кофирон аз он бероҳа накунанд. Мардумро ба сӯи Парвардигорат бихон ва ҳаргиз аз мушрикон мабош. info
التفاسير:

external-link copy
88 : 28

وَلَا تَدۡعُ مَعَ ٱللَّهِ إِلَٰهًا ءَاخَرَۘ لَآ إِلَٰهَ إِلَّا هُوَۚ كُلُّ شَيۡءٍ هَالِكٌ إِلَّا وَجۡهَهُۥۚ لَهُ ٱلۡحُكۡمُ وَإِلَيۡهِ تُرۡجَعُونَ

88. Бо Аллоҳи якто маъбуди дигареро махон. Ҳеҷ Аллоҳе барҳақ, ҷуз Ӯ нест. Ҳар чизе нобуд шуданӣ ҳаст, ғайри рӯи Зоти Ӯ. Фармон, фармони Ӯст ва ҳама ба сӯйи Ӯ бозгардонида мешавед ва ҳисобу китоби гуфтору кирдоратонро бозрасӣ мекунад ва дар миёнатон одилона доварӣ хоҳад кард![1900] info

[1900] Тафсири ибни Касир 6\262

التفاسير: