Përkthimi i kuptimeve të Kuranit Fisnik - Përkthimi taxhikisht - Hoxha Mirov

Numri i faqes:close

external-link copy
20 : 26

قَالَ فَعَلۡتُهَآ إِذٗا وَأَنَا۠ مِنَ ٱلضَّآلِّينَ

20. Мӯсо гуфт: Он вақт, ки чунон кардам, аз саргаштагон будам. Ва он кор аз рӯи нодонӣ ва иштибоҳ буд, на қасдан.[1801] info

[1801] Тафсири Саъдӣ 1\590

التفاسير:

external-link copy
21 : 26

فَفَرَرۡتُ مِنكُمۡ لَمَّا خِفۡتُكُمۡ فَوَهَبَ لِي رَبِّي حُكۡمٗا وَجَعَلَنِي مِنَ ٱلۡمُرۡسَلِينَ

21. Ва чун аз шумо тарсидам, ба тарафи Мадян гурехтам. Вале Парвардигори ман ба ман пайғамбарӣ дод ва маро дар шумори паёмбарон овард. info
التفاسير:

external-link copy
22 : 26

وَتِلۡكَ نِعۡمَةٞ تَمُنُّهَا عَلَيَّ أَنۡ عَبَّدتَّ بَنِيٓ إِسۡرَٰٓءِيلَ

22. Ва миннати ин неъматро бар ман мениҳӣ, ҳол он ки бани Исроилро ғуломи худ сохтаӣ? info
التفاسير:

external-link copy
23 : 26

قَالَ فِرۡعَوۡنُ وَمَا رَبُّ ٱلۡعَٰلَمِينَ

23. Фиръавн гуфт: «Парвардигори ҷаҳониён кист, ки ту даъвои паёмбарӣ мекунӣ?» info
التفاسير:

external-link copy
24 : 26

قَالَ رَبُّ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِ وَمَا بَيۡنَهُمَآۖ إِن كُنتُم مُّوقِنِينَ

24. Мӯсо гуфт: «Агар аҳли яқин ҳастед, пас имон оваред, ки Ӯ Парвардигори осмонҳову замин ва ҳар чӣ миёни онҳост». info
التفاسير:

external-link copy
25 : 26

قَالَ لِمَنۡ حَوۡلَهُۥٓ أَلَا تَسۡتَمِعُونَ

25. Фиръавн ба онон, ки дар атрофаш буданд, гуфт: «Оё намешунавед, ки ин мард чӣ мегӯяд?» info
التفاسير:

external-link copy
26 : 26

قَالَ رَبُّكُمۡ وَرَبُّ ءَابَآئِكُمُ ٱلۡأَوَّلِينَ

26. Мӯсо гуфт: Парвардигоре, ки ман шуморо ба сӯи он даъват менамоям, «Парвардигори шумо ва Парвардигори ниёгони шумост». info
التفاسير:

external-link copy
27 : 26

قَالَ إِنَّ رَسُولَكُمُ ٱلَّذِيٓ أُرۡسِلَ إِلَيۡكُمۡ لَمَجۡنُونٞ

27. Фиръавн гуфт: «Ба дурустӣ, ки ин паёмбаре, ки бар шумо фиристода шуда, девона аст». info
التفاسير:

external-link copy
28 : 26

قَالَ رَبُّ ٱلۡمَشۡرِقِ وَٱلۡمَغۡرِبِ وَمَا بَيۡنَهُمَآۖ إِن كُنتُمۡ تَعۡقِلُونَ

28. Мӯсо гуфт: «Ӯст Парвардигори машриқу мағриб ва ҳар чӣ миёни он ду аст, агар оқилона биандешед». info
التفاسير:

external-link copy
29 : 26

قَالَ لَئِنِ ٱتَّخَذۡتَ إِلَٰهًا غَيۡرِي لَأَجۡعَلَنَّكَ مِنَ ٱلۡمَسۡجُونِينَ

29. Фиръавн ба Мӯсо таҳдид карда гуфт: «Агар ҷуз ман каси дигареро ба маъбудӣ гирӣ, ба зиндонат меафканам». info
التفاسير:

external-link copy
30 : 26

قَالَ أَوَلَوۡ جِئۡتُكَ بِشَيۡءٖ مُّبِينٖ

30. Мӯсо гуфт: «Ҳатто агар мӯъҷизаи равшане барои ту оварда бошам, ки далолат кунад бар сиҳатии он чи овардаам, боз ҳам маро зиндонӣ мекунӣ?»[1802] info

[1802] Тафсири Саъдӣ 1\590

التفاسير:

external-link copy
31 : 26

قَالَ فَأۡتِ بِهِۦٓ إِن كُنتَ مِنَ ٱلصَّٰدِقِينَ

31. Фиръавн гуфт: «Пас агар аз ростгӯёнӣ онро биёвар». info
التفاسير:

external-link copy
32 : 26

فَأَلۡقَىٰ عَصَاهُ فَإِذَا هِيَ ثُعۡبَانٞ مُّبِينٞ

32. Пас Мӯсо асои худро биандохт, ки ногаҳон вай аждаҳои ошкоро шуд. info
التفاسير:

external-link copy
33 : 26

وَنَزَعَ يَدَهُۥ فَإِذَا هِيَ بَيۡضَآءُ لِلنَّٰظِرِينَ

33.Ва дасташро берун овард, ки ногаҳон дар назари бинандагон сафед ва равшан менамуд. info
التفاسير:

external-link copy
34 : 26

قَالَ لِلۡمَلَإِ حَوۡلَهُۥٓ إِنَّ هَٰذَا لَسَٰحِرٌ عَلِيمٞ

34. Фиръавн аз тарсе, ки қавмаш имон наоранд, ба бузургони қавмаш, ки дар атрофи ӯ буданд, гуфт: «Бегумон ин мард ҷодугари доноест, ки info
التفاسير:

external-link copy
35 : 26

يُرِيدُ أَن يُخۡرِجَكُم مِّنۡ أَرۡضِكُم بِسِحۡرِهِۦ فَمَاذَا تَأۡمُرُونَ

35.мехоҳад ба ҷодуи худ шуморо аз сарзаминатон берун кунад. Пас маро чӣ мефармоед?» info
التفاسير:

external-link copy
36 : 26

قَالُوٓاْ أَرۡجِهۡ وَأَخَاهُ وَٱبۡعَثۡ فِي ٱلۡمَدَآئِنِ حَٰشِرِينَ

36. Қавмаш ба ӯ гуфтанд: «Ӯ ва бародарашро мӯҳлат бидеҳ ва ҷамъкунандагонро дар шаҳрҳо бифирист, info
التفاسير:

external-link copy
37 : 26

يَأۡتُوكَ بِكُلِّ سَحَّارٍ عَلِيمٖ

37. то ҳар ҷодугари моҳир ва доноеро, ки ҳаст, назди ту биёранд». info
التفاسير:

external-link copy
38 : 26

فَجُمِعَ ٱلسَّحَرَةُ لِمِيقَٰتِ يَوۡمٖ مَّعۡلُومٖ

38. Пас ҷодугаронро дар рӯзи муайяне[1803] ба ваъдагоҳ оварданд. info

[1803] Ва он рӯз, рӯзи зиннат ва хушию шодӣ буд, ки ҳама ба вақти чоштгоҳ ҳозир шуданд.

التفاسير:

external-link copy
39 : 26

وَقِيلَ لِلنَّاسِ هَلۡ أَنتُم مُّجۡتَمِعُونَ

39. Ва ба мардум гуфта шуд: «Оё шумо низ ҷамъ мешавед? info
التفاسير: