Përkthimi i kuptimeve të Kuranit Fisnik - Përkthimi taxhikisht - Hoxha Mirov

Numri i faqes:close

external-link copy
50 : 17

۞ قُلۡ كُونُواْ حِجَارَةً أَوۡ حَدِيدًا

50. Бигӯ эй Муҳаммад агар тавонед аз ин ҳам зӯру тавоно бошед: Санг бошед ё оҳан, Аллоҳ бозмегардонад шуморо чуноне ки нахустин бор офарид ва ду бора зинда шудани шумо бар Вай осон аст.[1468] info

[1468] Тафсири Табарӣ 17\463

التفاسير:

external-link copy
51 : 17

أَوۡ خَلۡقٗا مِّمَّا يَكۡبُرُ فِي صُدُورِكُمۡۚ فَسَيَقُولُونَ مَن يُعِيدُنَاۖ قُلِ ٱلَّذِي فَطَرَكُمۡ أَوَّلَ مَرَّةٖۚ فَسَيُنۡغِضُونَ إِلَيۡكَ رُءُوسَهُمۡ وَيَقُولُونَ مَتَىٰ هُوَۖ قُلۡ عَسَىٰٓ أَن يَكُونَ قَرِيبٗا

51. Ё ин ки офаридаи дигаре бошед, ки дар назаратон бузург менамоед, хоҳанд гуфт, чи касе моро бозмегардонад, бигӯ ҳамон Аллоҳе нахустин бор шуморо офарид, пас сарҳояшонро ба савлат такон дода мегӯянд, он кай хоҳад буд? Бигӯ, шояд, ки наздик бошад. [1469] info

[1469] Тафсири Бағавӣ 5\99

التفاسير:

external-link copy
52 : 17

يَوۡمَ يَدۡعُوكُمۡ فَتَسۡتَجِيبُونَ بِحَمۡدِهِۦ وَتَظُنُّونَ إِن لَّبِثۡتُمۡ إِلَّا قَلِيلٗا

52. Рӯзе, ки Аллоҳ шуморо ба сӯи Худ мехонад ва шумо аз қабр бархеста ситоишгӯён амри Ӯро қабул мекунед ва мепиндоред, ки дар дунё андаке оромидаед.[1470] info

[1470] Тафсири ибни Касир 5\86

التفاسير:

external-link copy
53 : 17

وَقُل لِّعِبَادِي يَقُولُواْ ٱلَّتِي هِيَ أَحۡسَنُۚ إِنَّ ٱلشَّيۡطَٰنَ يَنزَغُ بَيۡنَهُمۡۚ إِنَّ ٱلشَّيۡطَٰنَ كَانَ لِلۡإِنسَٰنِ عَدُوّٗا مُّبِينٗا

53. Ва ба бандагони ман бигӯ, ки бо якдигар ба беҳтарин шева сухан бигӯянд ва агар он тавр нагӯянд, ба дурустӣ шайтон дар миёни онҳо низоъ (душманӣ ва фасод) меафканад, зеро шайтон душмани ошкорои одамӣ аст![1471] info

[1471]Тафсири Саъдӣ 1\460

التفاسير:

external-link copy
54 : 17

رَّبُّكُمۡ أَعۡلَمُ بِكُمۡۖ إِن يَشَأۡ يَرۡحَمۡكُمۡ أَوۡ إِن يَشَأۡ يُعَذِّبۡكُمۡۚ وَمَآ أَرۡسَلۡنَٰكَ عَلَيۡهِمۡ وَكِيلٗا

54. Парвардигоратон ба ҳоли шумо огоҳтар аст чи кас сазовори ҳидоят аст ва чи кас сазовор нест. Агар бихоҳад, бар шумо раҳм мекунадва ба сӯи имон тавфиқ мефармояд ва агар бихоҳад, бар куфр шуморо мемиронад,азобатон мекунад ва мо туро –эй Муҳаммад- нигоҳбони онҳо ва муроқиби аҳволи онон нафиристодаем[1472]. info

[1472]Тафсири ибни Касир 5\87

التفاسير:

external-link copy
55 : 17

وَرَبُّكَ أَعۡلَمُ بِمَن فِي ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِۗ وَلَقَدۡ فَضَّلۡنَا بَعۡضَ ٱلنَّبِيِّـۧنَ عَلَىٰ بَعۡضٖۖ وَءَاتَيۡنَا دَاوُۥدَ زَبُورٗا

55. Ва Парвардигори ту ба касе, ки дар осмонҳову замин аст, огоҳтар аст. Баъзе аз паёмбаронро бар баъзе дигар бартарӣ ниҳодем (ба бузургӣ ва ба бисёр уммат доштанашон) ва ба Довуд Забурро додем. info
التفاسير:

external-link copy
56 : 17

قُلِ ٱدۡعُواْ ٱلَّذِينَ زَعَمۡتُم مِّن دُونِهِۦ فَلَا يَمۡلِكُونَ كَشۡفَ ٱلضُّرِّ عَنكُمۡ وَلَا تَحۡوِيلًا

56. Бигӯ эй Муҳаммад ба мушрикони қавмат: «Онҳоеро, ки ҷуз Аллоҳи барҳақ (маъбуди дигаре) мепиндоред, фаро бихонед. Наметавонанд балоро (қаҳтию гуруснагиро) аз шумо дур созанд ё онро насиби дигарон кунанд!». Пас қодир бар ҳама чиз ягона Аллоҳ аст[1473] info

[1473]Тафсири ибни Касир 5\88

التفاسير:

external-link copy
57 : 17

أُوْلَٰٓئِكَ ٱلَّذِينَ يَدۡعُونَ يَبۡتَغُونَ إِلَىٰ رَبِّهِمُ ٱلۡوَسِيلَةَ أَيُّهُمۡ أَقۡرَبُ وَيَرۡجُونَ رَحۡمَتَهُۥ وَيَخَافُونَ عَذَابَهُۥٓۚ إِنَّ عَذَابَ رَبِّكَ كَانَ مَحۡذُورٗا

57. Касонеро, ки кофирон мепарастанд; аз паёмбарон, фариштагон ва солеҳон, ки худашон ба сӯи Парвардигори хеш василаи наздикиро талаб мекунанд, ки кадом яке аз онҳо наздиктар бошад ва ба раҳмати Ӯ умедворанд ва аз азоби Ӯ метарсанд. Бегумон азоби Парвардигорат тарснок аст![1474] info

[1474] Тафсири Саъдӣ 1\460

التفاسير:

external-link copy
58 : 17

وَإِن مِّن قَرۡيَةٍ إِلَّا نَحۡنُ مُهۡلِكُوهَا قَبۡلَ يَوۡمِ ٱلۡقِيَٰمَةِ أَوۡ مُعَذِّبُوهَا عَذَابٗا شَدِيدٗاۚ كَانَ ذَٰلِكَ فِي ٱلۡكِتَٰبِ مَسۡطُورٗا

58. Ва ҳеҷ шаҳре (аз шаҳрҳое, ки паёмбаронро дурӯғ бароварданд) нест, магар ин ки мо пеш аз фаро расидани рӯзи қиёмат ҳалокаш мекунем ё ба азобе сахт гирифтораш месозем. Ва ин дар он китоби Лавҳи Маҳфуз навишта шудааст.[1475] info

[1475] Тафсири Саъдӣ 1\460

التفاسير: