ශුද්ධවූ අල් කුර්ආන් අර්ථ කථනය - ටජික් පරිවර්තනය - කොව්ජා මිරොව් කොව්ජා මිර්

පිටු අංක:close

external-link copy
95 : 6

۞ إِنَّ ٱللَّهَ فَالِقُ ٱلۡحَبِّ وَٱلنَّوَىٰۖ يُخۡرِجُ ٱلۡحَيَّ مِنَ ٱلۡمَيِّتِ وَمُخۡرِجُ ٱلۡمَيِّتِ مِنَ ٱلۡحَيِّۚ ذَٰلِكُمُ ٱللَّهُۖ فَأَنَّىٰ تُؤۡفَكُونَ

95. Албатта Аллоҳ аст, ки донаву хӯшаҳоромешикофад (мерӯёнад) ва зиндаро аз мурда берун меоварад ҳамчунон ки, чӯҷаро аз тухм ва мурдаро аз зинда ва тухмро аз мурғ берун меоварад. Ин аст Аллоҳи якто. Пас чӣ гуна аз ҳақ гумроҳатон мекунанд? info
التفاسير:

external-link copy
96 : 6

فَالِقُ ٱلۡإِصۡبَاحِ وَجَعَلَ ٱلَّيۡلَ سَكَنٗا وَٱلشَّمۡسَ وَٱلۡقَمَرَ حُسۡبَانٗاۚ ذَٰلِكَ تَقۡدِيرُ ٱلۡعَزِيزِ ٱلۡعَلِيمِ

96. Шикофандаи (халқкунандаи) субҳгоҳон аст ва шабро барои оромиш қарор дод ва хуршеду моҳро барои ҳисоб кардани вақт. Ин аст тақдири Аллоҳи пирӯзманди доно! info
التفاسير:

external-link copy
97 : 6

وَهُوَ ٱلَّذِي جَعَلَ لَكُمُ ٱلنُّجُومَ لِتَهۡتَدُواْ بِهَا فِي ظُلُمَٰتِ ٱلۡبَرِّ وَٱلۡبَحۡرِۗ قَدۡ فَصَّلۡنَا ٱلۡأٓيَٰتِ لِقَوۡمٖ يَعۡلَمُونَ

97. Ӯст Аллоҳе, ки ситорагонро биофарид, то ба онҳо дар торикиҳои хушкиву дарё роҳи худро биёбед. Ҳамоно нишонаҳои равшанро барои онон, ки медонанд, аз шариъат ба тафсил баён кардаем! info
التفاسير:

external-link copy
98 : 6

وَهُوَ ٱلَّذِيٓ أَنشَأَكُم مِّن نَّفۡسٖ وَٰحِدَةٖ فَمُسۡتَقَرّٞ وَمُسۡتَوۡدَعٞۗ قَدۡ فَصَّلۡنَا ٱلۡأٓيَٰتِ لِقَوۡمٖ يَفۡقَهُونَ

98. Ва Ӯст Аллоҳе, ки шуморо аз як тан Одам алайҳиссаллом биёфарид. Сипас шуморо қароргоҳест дар шиками модар ва амонатҷоестдар пушти падар. Ҳамонооётро барои онон, ки мефаҳманд, ба тафсил баён кардаем! info
التفاسير:

external-link copy
99 : 6

وَهُوَ ٱلَّذِيٓ أَنزَلَ مِنَ ٱلسَّمَآءِ مَآءٗ فَأَخۡرَجۡنَا بِهِۦ نَبَاتَ كُلِّ شَيۡءٖ فَأَخۡرَجۡنَا مِنۡهُ خَضِرٗا نُّخۡرِجُ مِنۡهُ حَبّٗا مُّتَرَاكِبٗا وَمِنَ ٱلنَّخۡلِ مِن طَلۡعِهَا قِنۡوَانٞ دَانِيَةٞ وَجَنَّٰتٖ مِّنۡ أَعۡنَابٖ وَٱلزَّيۡتُونَ وَٱلرُّمَّانَ مُشۡتَبِهٗا وَغَيۡرَ مُتَشَٰبِهٍۗ ٱنظُرُوٓاْ إِلَىٰ ثَمَرِهِۦٓ إِذَآ أَثۡمَرَ وَيَنۡعِهِۦٓۚ إِنَّ فِي ذَٰلِكُمۡ لَأٓيَٰتٖ لِّقَوۡمٖ يُؤۡمِنُونَ

99. Ӯст Аллоҳе, ки аз осмон борон фиристод ва ба он борон ҳар гуна набототеро рӯёнидем ва аз он набототтанае сабз ва аз он донаҳое бар якдигар чида мисли хӯшаи гандум ва ҷав ва низ аз шохчаҳои хурмо хӯшаҳое сар фароварда падид овардем ва низ боғҳое аз токҳо ва зайтуну анор, монанду номонанд[595]. Ба меваи он бингаред онгоҳ, ки мева медиҳанд ва он гоҳ ки пухта мерасанд. Ҳамоно, ки дар онҳо нишонаҳост, ( яъне нишонаҳои қудрати Илоҳист) барои онон, ки имон меоваранд![596] info

[595]Баргҳояшон бо ҳам монанд вале меваҳояшон гуногун
[596] Тафсири Бағавӣ 3/ 172

التفاسير:

external-link copy
100 : 6

وَجَعَلُواْ لِلَّهِ شُرَكَآءَ ٱلۡجِنَّ وَخَلَقَهُمۡۖ وَخَرَقُواْ لَهُۥ بَنِينَ وَبَنَٰتِۭ بِغَيۡرِ عِلۡمٖۚ سُبۡحَٰنَهُۥ وَتَعَٰلَىٰ عَمَّا يَصِفُونَ

100. Мушрикон дар ибодат карданашон барои Аллоҳ шариконе аз ҷин қарор доданд ва эътиқодашон ин буд, ки онҳо нафъ ё зараре расонда метавонанд ва ҳол он ки ҷинро Аллоҳ офаридааст. Аллоҳ, ки дар офариниши махлуқоташ касеро шарик нагирифт, инчунин дар ибодаташ касеро бо худ шарик муқаррар насохт. Ва аз рӯи нодонӣ барои Ӯ писарону духтарон нисбат доданд. Ӯ пок аст ва болотар аст аз он чӣ васфаш мекунанд![597] info

[597]Тафсири Табарӣ 11\10

التفاسير:

external-link copy
101 : 6

بَدِيعُ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِۖ أَنَّىٰ يَكُونُ لَهُۥ وَلَدٞ وَلَمۡ تَكُن لَّهُۥ صَٰحِبَةٞۖ وَخَلَقَ كُلَّ شَيۡءٖۖ وَهُوَ بِكُلِّ شَيۡءٍ عَلِيمٞ

101. Падидоварандаи осмонҳову замин ва он чи миёни онҳост ва онҳоро аз нестӣ ба ҳастӣ пайдо кард. Чӣ гуна Ӯро фарзанде бошад, ҳол он ки Ӯро ҳамсаре нест[598].Пок аст Аллоҳ аз он чи мушрикон Ӯро сифат мекунанд. Ҳар чизеро Ӯ офаридааст ва ба ҳар чизе доност! Ва чизе аз Ӯ махфӣ намемонад.[599] info

[598]Фарзанд аз мард ва зан пайдо мешавад ва ин сифати махлуқ аст.
[599]Тафсири Табарӣ 11\11

التفاسير: