ශුද්ධවූ අල් කුර්ආන් අර්ථ කථනය - ටජික් පරිවර්තනය - කොව්ජා මිරොව් කොව්ජා මිර්

පිටු අංක:close

external-link copy
74 : 6

۞ وَإِذۡ قَالَ إِبۡرَٰهِيمُ لِأَبِيهِ ءَازَرَ أَتَتَّخِذُ أَصۡنَامًا ءَالِهَةً إِنِّيٓ أَرَىٰكَ وَقَوۡمَكَ فِي ضَلَٰلٖ مُّبِينٖ

74. Ва ба ёд овар эй Паёмбар, чун Иброҳим ба падарашОзар гуфт: «Оё бутонро чун маъбуди бар ҳақ мегирӣ? Ҳамоно ман ту ва қавматро ба ошкоро дар гумроҳӣаз ҳақ мебинам». info
التفاسير:

external-link copy
75 : 6

وَكَذَٰلِكَ نُرِيٓ إِبۡرَٰهِيمَ مَلَكُوتَ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِ وَلِيَكُونَ مِنَ ٱلۡمُوقِنِينَ

75. Ҳамчунин нишон медодем Иброҳим алайҳиссаломро малакути осмонҳову заминро, то аз ҷумлаи онҳое гардад, ки дар имонашон устуворанд. info
التفاسير:

external-link copy
76 : 6

فَلَمَّا جَنَّ عَلَيۡهِ ٱلَّيۡلُ رَءَا كَوۡكَبٗاۖ قَالَ هَٰذَا رَبِّيۖ فَلَمَّآ أَفَلَ قَالَ لَآ أُحِبُّ ٱلۡأٓفِلِينَ

76.Пас чун шаб ӯро (Иброҳим алайҳиссалом) фаро гирифт, ситорае дид. Ва бо қавми худ мунозира кард ва ботил будани динашонро исбот карда гуфт: «Ин аст Парвардигори ман!» Чун ситора фурӯ рафт гуфт: «Фурӯ рафтагонро дӯст надорам». Ин ба он сабаб буд, ки қавмаш ситорапараст буданд.[581] info

[581] Тафсири Бағавӣ 3\162

التفاسير:

external-link copy
77 : 6

فَلَمَّا رَءَا ٱلۡقَمَرَ بَازِغٗا قَالَ هَٰذَا رَبِّيۖ فَلَمَّآ أَفَلَ قَالَ لَئِن لَّمۡ يَهۡدِنِي رَبِّي لَأَكُونَنَّ مِنَ ٱلۡقَوۡمِ ٱلضَّآلِّينَ

77. Пас он гоҳ моҳро дид, ки равшантар аз ситора тулӯъ мекунад. Гуфт: «Ин аст Парвардигори ман!» Чун моҳ фурӯ рафт, гуфт: «Агар Парвардигори ман маро роҳи ростро ҳидоят нанамояд, аз гумроҳон хоҳам буд». info
التفاسير:

external-link copy
78 : 6

فَلَمَّا رَءَا ٱلشَّمۡسَ بَازِغَةٗ قَالَ هَٰذَا رَبِّي هَٰذَآ أَكۡبَرُۖ فَلَمَّآ أَفَلَتۡ قَالَ يَٰقَوۡمِ إِنِّي بَرِيٓءٞ مِّمَّا تُشۡرِكُونَ

78. Пас чун хуршедро дид, ки тулӯъ мекунад, гуфт: «Ин аст Парвардигори ман, ин бузургтар аст![582]» Ва чун фурӯ рафт, гуфт: «Эй қавми ман, ҳамоно ман аз он чӣ шарики Аллоҳ медонед, безорам. info

[582]Яъне аз ситора ва моҳ бузургтараст.

التفاسير:

external-link copy
79 : 6

إِنِّي وَجَّهۡتُ وَجۡهِيَ لِلَّذِي فَطَرَ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضَ حَنِيفٗاۖ وَمَآ أَنَا۠ مِنَ ٱلۡمُشۡرِكِينَ

79.Ҳамономан аз рӯи ихлос рӯй ба сӯи касе овардам, ки осмонҳову заминро офарида аст ва ман аз мушрикон нестам». info
التفاسير:

external-link copy
80 : 6

وَحَآجَّهُۥ قَوۡمُهُۥۚ قَالَ أَتُحَٰٓجُّوٓنِّي فِي ٱللَّهِ وَقَدۡ هَدَىٰنِۚ وَلَآ أَخَافُ مَا تُشۡرِكُونَ بِهِۦٓ إِلَّآ أَن يَشَآءَ رَبِّي شَيۡـٔٗاۚ وَسِعَ رَبِّي كُلَّ شَيۡءٍ عِلۡمًاۚ أَفَلَا تَتَذَكَّرُونَ

80. Ва қавмаш бо ӯ ба ситеза (ҷидол) бархостанд. Гуфт: «Оё дар бораи ягонагии Аллоҳ бо ман ситеза мекунед, ҳол он ки Ӯ маро ҳидоят кардааст? Ман аз он чизе, ки шарики Ӯ меҳисобед, наметарсам, агар шумо манро ба маъбудҳои ботилатон ҳам тарсонед. Магар он ки Парвардигори ман чизеро бихоҳад. Илми Парвардигори ман ҳама чизро фаро гирифтааст. Оё панд намегиред, то бидонед, ки Ӯ таъоло ҳамаи чизҳоро халқ кардааст ва лоиқи ибодат аст?[583] info

[583]Тафсири Табарӣ 11/ 489

التفاسير:

external-link copy
81 : 6

وَكَيۡفَ أَخَافُ مَآ أَشۡرَكۡتُمۡ وَلَا تَخَافُونَ أَنَّكُمۡ أَشۡرَكۡتُم بِٱللَّهِ مَا لَمۡ يُنَزِّلۡ بِهِۦ عَلَيۡكُمۡ سُلۡطَٰنٗاۚ فَأَيُّ ٱلۡفَرِيقَيۡنِ أَحَقُّ بِٱلۡأَمۡنِۖ إِن كُنتُمۡ تَعۡلَمُونَ

81. Чаро аз он бутоне, ки шарики Аллоҳ сохтаед, битарсам, дар ҳоле ки шумо чизҳоеро, ки ҳеҷ далеле дар бораи онҳо нозил накардааст, мепарастед ва биме ба дил роҳ намедиҳед? Агар медонед, бигӯед, ки кадом як аз ин ду гурӯҳ (яъне гӯруҳи муваҳҳидон ё гӯруҳи мушрикон) сазовори амният ҳастанд. info
التفاسير: