Ibisobanuro bya qoran ntagatifu - Ibisobanuro bya Qur'an Ntagatifu mu rurimi rw'igitajiki- Byasobanuwe n'ikigo Rowad Translation Center.

numero y'urupapuro:close

external-link copy
73 : 16

وَيَعۡبُدُونَ مِن دُونِ ٱللَّهِ مَا لَا يَمۡلِكُ لَهُمۡ رِزۡقٗا مِّنَ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِ شَيۡـٔٗا وَلَا يَسۡتَطِيعُونَ

Ва [мушрикон] ба ҷойи Аллоҳ таоло чизҳоеро мепарастанд, ки молики ҳеҷ рӯзие дар осмонҳо ва замин барояшон нестанд ва тавоноӣ [-и ҳеҷ коре] надоранд info
التفاسير:

external-link copy
74 : 16

فَلَا تَضۡرِبُواْ لِلَّهِ ٱلۡأَمۡثَالَۚ إِنَّ ٱللَّهَ يَعۡلَمُ وَأَنتُمۡ لَا تَعۡلَمُونَ

Пас, барои Аллоҳ таоло амсол [ва шарикҳое мутааддид] қоил нашавед. Бе тардид, Аллоҳ таоло медонад ва шумо намедонед info
التفاسير:

external-link copy
75 : 16

۞ ضَرَبَ ٱللَّهُ مَثَلًا عَبۡدٗا مَّمۡلُوكٗا لَّا يَقۡدِرُ عَلَىٰ شَيۡءٖ وَمَن رَّزَقۡنَٰهُ مِنَّا رِزۡقًا حَسَنٗا فَهُوَ يُنفِقُ مِنۡهُ سِرّٗا وَجَهۡرًاۖ هَلۡ يَسۡتَوُۥنَۚ ٱلۡحَمۡدُ لِلَّهِۚ بَلۡ أَكۡثَرُهُمۡ لَا يَعۡلَمُونَ

Аллоҳ таоло мисоле задааст: бардаи мамлуке, ки қодир ба ҳеҷ коре нест ва [дар муқобил,] касе, ки аз ҷониби хеш ба ӯ рӯзии накуе бахшидаем ва ӯ аз ҳамон [неъматҳои илоҳӣ] пинҳону ошкор инфоқ мекунад. Оё ин ду баробаранд? [Пас, шумо мушрикон чи гуна молики мутлақро бо бутҳои нотавон яксон медонед?] Ситоиш махсуси Аллоҳ таоло аст; аммо бештарашон [ҳаққи ягонагиашро] намедонанд info
التفاسير:

external-link copy
76 : 16

وَضَرَبَ ٱللَّهُ مَثَلٗا رَّجُلَيۡنِ أَحَدُهُمَآ أَبۡكَمُ لَا يَقۡدِرُ عَلَىٰ شَيۡءٖ وَهُوَ كَلٌّ عَلَىٰ مَوۡلَىٰهُ أَيۡنَمَا يُوَجِّههُّ لَا يَأۡتِ بِخَيۡرٍ هَلۡ يَسۡتَوِي هُوَ وَمَن يَأۡمُرُ بِٱلۡعَدۡلِ وَهُوَ عَلَىٰ صِرَٰطٖ مُّسۡتَقِيمٖ

Ва Аллоҳ таоло масали [дигаре] задааст: ду мардро [фарз кунед], ки яке аз он ду лол аст ва ҳеҷ коре аз вай барнамеояд ва сарбори дӯсти худ мебошад, ҳар куҷо ӯро мефиристад, ҳеҷ хайре ба ҳамроҳ намеоварад [ва вазоифашро ба дурустӣ анҷом намедиҳад]; оё ӯ бо касе, ки ба адолат фармон медиҳад ва худ бар роҳе мустақим қарор дорад, баробар аст? [Пас, шумо мушрикон чи гуна қодири мутлақро бо бутҳои беэҳсоси нотавон яксон медонед?] info
التفاسير:

external-link copy
77 : 16

وَلِلَّهِ غَيۡبُ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِۚ وَمَآ أَمۡرُ ٱلسَّاعَةِ إِلَّا كَلَمۡحِ ٱلۡبَصَرِ أَوۡ هُوَ أَقۡرَبُۚ إِنَّ ٱللَّهَ عَلَىٰ كُلِّ شَيۡءٖ قَدِيرٞ

[Илми] Ғайби осмонҳо ва замин танҳо аз они Аллоҳ таоло аст ва амри [барпоии] қиёмат ҷуз [ба суръати] як чашм бар ҳам задан нест; ё [ҳатто] сареътар. Бе тардид, Аллоҳ таоло бар ҳар чизе тавоност info
التفاسير:

external-link copy
78 : 16

وَٱللَّهُ أَخۡرَجَكُم مِّنۢ بُطُونِ أُمَّهَٰتِكُمۡ لَا تَعۡلَمُونَ شَيۡـٔٗا وَجَعَلَ لَكُمُ ٱلسَّمۡعَ وَٱلۡأَبۡصَٰرَ وَٱلۡأَفۡـِٔدَةَ لَعَلَّكُمۡ تَشۡكُرُونَ

[Эй мардум] Аллоҳ таоло шуморо аз шиками модаронатон хориҷ намуд, дар ҳоле ки ҳеҷ чиз намедонистед; ва бароятон гӯшу чашм ва дил [-у ақл] падид овард [то қудратҳои илоҳиро дарк кунед]; бошад, ки сипос гузоред info
التفاسير:

external-link copy
79 : 16

أَلَمۡ يَرَوۡاْ إِلَى ٱلطَّيۡرِ مُسَخَّرَٰتٖ فِي جَوِّ ٱلسَّمَآءِ مَا يُمۡسِكُهُنَّ إِلَّا ٱللَّهُۚ إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَأٓيَٰتٖ لِّقَوۡمٖ يُؤۡمِنُونَ

Оё [мушрикон] парандагонро надидаанд, ки дар фазои осмон ром шудаанд [ва] касе ҷуз Аллоҳ таоло онҳоро [дар он ҳол] нигаҳ намедорад? Ба ростӣ, дар ин [амр] барои мардуме, ки имон доранд, нишонаҳое [аз қудрати Парвардигор] аст info
التفاسير: