Ibisobanuro bya qoran ntagatifu - Ibisobanuro bya Qur'an Ntagatifu mu rurimi rw'igitajiki- Byasobanuwe n'ikigo Rowad Translation Center.

Наҳл

external-link copy
1 : 16

أَتَىٰٓ أَمۡرُ ٱللَّهِ فَلَا تَسۡتَعۡجِلُوهُۚ سُبۡحَٰنَهُۥ وَتَعَٰلَىٰ عَمَّا يُشۡرِكُونَ

[Эй кофирон, лаҳзаи вуқуи қиёмат ва] Фармони Аллоҳ таоло [барои азобатон] наздик шудааст; пас, барои [расидани] он шитоб накунед. Ӯ муназзаҳ аст ва аз он чи бо вай шарик месозанд бартар аст info
التفاسير:

external-link copy
2 : 16

يُنَزِّلُ ٱلۡمَلَٰٓئِكَةَ بِٱلرُّوحِ مِنۡ أَمۡرِهِۦ عَلَىٰ مَن يَشَآءُ مِنۡ عِبَادِهِۦٓ أَنۡ أَنذِرُوٓاْ أَنَّهُۥ لَآ إِلَٰهَ إِلَّآ أَنَا۠ فَٱتَّقُونِ

[Аллоҳ таоло] Ба фармони хеш фариштагонро бо ваҳй бар ҳар як аз бандагонаш, ки бихоҳад, нозил мекунад [бо ин паём], ки: «[Эй паёмбарон, мардумро аз ширк ба Аллоҳ таоло] бим диҳед [ва ба онон бигӯед, ки] маъбуде [баҳақ] ҷуз ман нест; пас, [эй мардум] аз ман парво кунед» info
التفاسير:

external-link copy
3 : 16

خَلَقَ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضَ بِٱلۡحَقِّۚ تَعَٰلَىٰ عَمَّا يُشۡرِكُونَ

Ӯ осмонҳо ва заминро ба ҳақ [ва ҳадафманд] офарид [ва] аз он чи [бо вай] шарик месозанд, бартар аст info
التفاسير:

external-link copy
4 : 16

خَلَقَ ٱلۡإِنسَٰنَ مِن نُّطۡفَةٖ فَإِذَا هُوَ خَصِيمٞ مُّبِينٞ

[Аллоҳ таоло] Инсонро аз нутфае офарид ва он гоҳ ӯ ситезагари ошкор шуд info
التفاسير:

external-link copy
5 : 16

وَٱلۡأَنۡعَٰمَ خَلَقَهَاۖ لَكُمۡ فِيهَا دِفۡءٞ وَمَنَٰفِعُ وَمِنۡهَا تَأۡكُلُونَ

Ва чаҳорпоёнро бароятон офарид, ки дар онон пӯшиш [-и гарм] ва манофеъ [-и дигаре] аст ва аз [гӯшти бархе аз] онон мехӯред info
التفاسير:

external-link copy
6 : 16

وَلَكُمۡ فِيهَا جَمَالٌ حِينَ تُرِيحُونَ وَحِينَ تَسۡرَحُونَ

Ва дар онҳо бароятон зебоӣ [ва шукӯҳ] аст, он гоҳ ки [онҳоро шомгоҳон] аз чаро бозмеоваред ва [бомдодон] барои чаро [ба саҳро] мефиристед info
التفاسير: