Vertaling van de betekenissen Edele Qur'an - Tadjik vertaling - Khodja Mirov Khodja Meer

external-link copy
76 : 28

۞ إِنَّ قَٰرُونَ كَانَ مِن قَوۡمِ مُوسَىٰ فَبَغَىٰ عَلَيۡهِمۡۖ وَءَاتَيۡنَٰهُ مِنَ ٱلۡكُنُوزِ مَآ إِنَّ مَفَاتِحَهُۥ لَتَنُوٓأُ بِٱلۡعُصۡبَةِ أُوْلِي ٱلۡقُوَّةِ إِذۡ قَالَ لَهُۥ قَوۡمُهُۥ لَا تَفۡرَحۡۖ إِنَّ ٱللَّهَ لَا يُحِبُّ ٱلۡفَرِحِينَ

76. Ҳароина, Қорун аз қавми Мӯсо буд, ки бар онҳо ситам кард. Ва ба ӯ чунон ганҷҳое додем, ки бешак, ҳамли калидҳояш бар гурӯҳе аз мардуми нерӯманд душвор менамуд. Он гоҳ, ки қавмаш ба ӯ гуфтанд: «Ба хотири ин ҳама молат мағрурона шодӣ макун, ба дурустӣ ки Аллоҳ таъоло касонеро, ки шодӣ мекунанд ва мағрур мешаванд ва шукри Аллоҳ намекунанд, дӯст намедорад. info
التفاسير: