Vertaling van de betekenissen Edele Qur'an - Tadjik vertaling - Khodja Mirov Khodja Meer

Pagina nummer:close

external-link copy
44 : 28

وَمَا كُنتَ بِجَانِبِ ٱلۡغَرۡبِيِّ إِذۡ قَضَيۡنَآ إِلَىٰ مُوسَى ٱلۡأَمۡرَ وَمَا كُنتَ مِنَ ٱلشَّٰهِدِينَ

44. Он гоҳ, ки ба Мӯсо фармони амри пайғамбариро ваҳй кардем, ту эй Расул на дар ҷониби ғарбии кӯҳи Тур будӣ ва на дар он ҷо ҳозир будӣ, то гуфта шавад аз ин тариқ ин хабар ба ӯ расидааст[1885]. info

[1885] Тафсири Саъдӣ 1\617

التفاسير:

external-link copy
45 : 28

وَلَٰكِنَّآ أَنشَأۡنَا قُرُونٗا فَتَطَاوَلَ عَلَيۡهِمُ ٱلۡعُمُرُۚ وَمَا كُنتَ ثَاوِيٗا فِيٓ أَهۡلِ مَدۡيَنَ تَتۡلُواْ عَلَيۡهِمۡ ءَايَٰتِنَا وَلَٰكِنَّا كُنَّا مُرۡسِلِينَ

45. Вале Мо аз он пас (баъди Мӯсо) наслҳоеро биёфаридем, ки умри дароз ёфтанд. Пас аҳди Аллоҳро фаромӯш карданд ва амрашро тарк намуданд. Ва ту дар миёни мардуми Мадян муқим набудӣ, ки оёти Моро бар онҳо бихонӣ. Вале Мо будем, ки ба сӯи ту онро ваҳй гуфтем ва барои мардум туро ба паёмбарӣ фиристодем[1886]. info

[1886]Тафсири ибни Касир 6\240

التفاسير:

external-link copy
46 : 28

وَمَا كُنتَ بِجَانِبِ ٱلطُّورِ إِذۡ نَادَيۡنَا وَلَٰكِن رَّحۡمَةٗ مِّن رَّبِّكَ لِتُنذِرَ قَوۡمٗا مَّآ أَتَىٰهُم مِّن نَّذِيرٖ مِّن قَبۡلِكَ لَعَلَّهُمۡ يَتَذَكَّرُونَ

46. Эй Расул, ту дар канори кӯҳи Тур набудӣ, он гоҳ ки Мӯсоро нидо додем . Вале ин раҳматест аз ҷониби Парвардигорат, то мардумеро, ки пеш аз ту бимдиҳандае надоштанд, бим диҳӣ. Бошад, ки онҳо пандпазир шаванд ва ҳар хубиро ба ҷо оранд ва аз ҳар бадӣ дурӣ гиранд[1887]. info

[1887] Тафсири Саъдӣ 1\617

التفاسير:

external-link copy
47 : 28

وَلَوۡلَآ أَن تُصِيبَهُم مُّصِيبَةُۢ بِمَا قَدَّمَتۡ أَيۡدِيهِمۡ فَيَقُولُواْ رَبَّنَا لَوۡلَآ أَرۡسَلۡتَ إِلَيۡنَا رَسُولٗا فَنَتَّبِعَ ءَايَٰتِكَ وَنَكُونَ مِنَ ٱلۡمُؤۡمِنِينَ

47. Ва чун ба сабаби аъмоле, ки кардаанд, мусибате ба онҳо расад, мегӯянд: «Эй Парвардигори мо, чаро паёмбаре бар мо нафиристодӣ, то аз оёти Ту пайравӣ кунем ва аз мӯъминон бошем?» info
التفاسير:

external-link copy
48 : 28

فَلَمَّا جَآءَهُمُ ٱلۡحَقُّ مِنۡ عِندِنَا قَالُواْ لَوۡلَآ أُوتِيَ مِثۡلَ مَآ أُوتِيَ مُوسَىٰٓۚ أَوَلَمۡ يَكۡفُرُواْ بِمَآ أُوتِيَ مُوسَىٰ مِن قَبۡلُۖ قَالُواْ سِحۡرَانِ تَظَٰهَرَا وَقَالُوٓاْ إِنَّا بِكُلّٖ كَٰفِرُونَ

48. Чун паёмбари ростгӯй Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам аз ҷониби Мо бар онон мабъус шуд, кофирони Қурайш гуфтанд: «Чаро он чӣ ба Мӯсо аз мӯъҷизаҳо дода шуд, ба ӯ дода нашудааст?» Бигӯ эй Расул барояшон: Оё инҳо (яҳудиҳо) пеш аз ин ба он чӣ ба Мӯсо дода шуда буд, кофир нашуда буданд? Ва гуфтанд, ки ин ҳарду (Тавроту Қуръон) ҷодуанд ва пуштибони якдигаранд ва гуфтанд: Мо ба ҳар кадоме аз онҳо имон намеоварем.[1888] info

[1888] Тафсири Бағавӣ6\212

التفاسير:

external-link copy
49 : 28

قُلۡ فَأۡتُواْ بِكِتَٰبٖ مِّنۡ عِندِ ٱللَّهِ هُوَ أَهۡدَىٰ مِنۡهُمَآ أَتَّبِعۡهُ إِن كُنتُمۡ صَٰدِقِينَ

49. Бигӯ эй Расул: «Агар рост мегӯед, аз ҷониби Аллоҳ китобе биёваред, ки аз ин ду (Тавроту Қуръон) беҳтар роҳ бинамояд, то ман ҳам аз он пайравӣ кунам!» info
التفاسير:

external-link copy
50 : 28

فَإِن لَّمۡ يَسۡتَجِيبُواْ لَكَ فَٱعۡلَمۡ أَنَّمَا يَتَّبِعُونَ أَهۡوَآءَهُمۡۚ وَمَنۡ أَضَلُّ مِمَّنِ ٱتَّبَعَ هَوَىٰهُ بِغَيۡرِ هُدٗى مِّنَ ٱللَّهِۚ إِنَّ ٱللَّهَ لَا يَهۡدِي ٱلۡقَوۡمَ ٱلظَّٰلِمِينَ

50. Пас, агар ин сухани туро иҷобат накарданд, бидон, ки аз пайи ҳавои нафси хеш мераванд ва кист гумроҳтар аз касе, ки бе раҳнамоӣ аз сӯи Аллоҳ, аз пайи ҳавои нафси худ меравад? Ҳароина, Аллоҳ мардуми ситамкорро, ки мухолифати амри Ӯ карданд ва аз ҳудудаш берун рафтанд, ҳидоят намекунад. info
التفاسير: