Vertaling van de betekenissen Edele Qur'an - Tadjik vertaling - Khodja Mirov Khodja Meer

Pagina nummer:close

external-link copy
91 : 21

وَٱلَّتِيٓ أَحۡصَنَتۡ فَرۡجَهَا فَنَفَخۡنَا فِيهَا مِن رُّوحِنَا وَجَعَلۡنَٰهَا وَٱبۡنَهَآ ءَايَةٗ لِّلۡعَٰلَمِينَ

91. Ва ёд кун эй Расул он занро ( яъне, қиссаи Марям, духтари Имрон)-ро, ки шармгоҳи худро аз ҳаром нигоҳ дошт ва Мо аз рӯҳи Худ дар ӯ дамидем (яъне, бе ҳеҷ шавҳар ҳомиладор шуд), пас, ӯ ва фарзандаш (Исо алайҳиссалом)-ро барои ҷаҳониён ибрате гардонидем.[1670] info

[1670] Тафсири Саъдӣ 1\530

التفاسير:

external-link copy
92 : 21

إِنَّ هَٰذِهِۦٓ أُمَّتُكُمۡ أُمَّةٗ وَٰحِدَةٗ وَأَنَا۠ رَبُّكُمۡ فَٱعۡبُدُونِ

92. Гуфтем: Эй мардум ба дурустӣ, ки индини шумост, дини ягона ва он ислом аст, ки ҳамаи паёмбарони гузашта бар он буданд. Ва албатта Ман Парвардигори шумоям, пас Маро бипарастед![1671] info

[1671] Тафсири Табарӣ 18\523

التفاسير:

external-link copy
93 : 21

وَتَقَطَّعُوٓاْ أَمۡرَهُم بَيۡنَهُمۡۖ كُلٌّ إِلَيۡنَا رَٰجِعُونَ

93. Лекин мардум бар паёмбарони худ ихтилоф карданд.[1672] Ва дар дини хеш фирқа-фирқа шуданд. Ҳама ба назди Мо бозмегарданд ва бар он чи ки кардаанд, муҳосаба карда мешаванд![1673] info

[1672]Пас аз ибодати Офаридагорашон ба ибодати мардум рӯй оварданд.
[1673] Тафсири Саъдӣ 1\530

التفاسير:

external-link copy
94 : 21

فَمَن يَعۡمَلۡ مِنَ ٱلصَّٰلِحَٰتِ وَهُوَ مُؤۡمِنٞ فَلَا كُفۡرَانَ لِسَعۡيِهِۦ وَإِنَّا لَهُۥ كَٰتِبُونَ

94. Ҳар кас, ки коре шоиста кунад ба қадри тавоноиаш ва дар ҳоле ки имон оварда бошад ба Аллоҳ ва Расулаш, Аллоҳ таъоло амали ӯро барбод нахоҳад кард, балки чандон зиёд хоҳад кард ва рӯзи қиёмат амалашро навишта меёбад.[1674] info

[1674] Тафсири Саъдӣ 1\531

التفاسير:

external-link copy
95 : 21

وَحَرَٰمٌ عَلَىٰ قَرۡيَةٍ أَهۡلَكۡنَٰهَآ أَنَّهُمۡ لَا يَرۡجِعُونَ

95. Ва шаҳреро, ки ба сабаби куфр ва зулмашон ба ҳалокат расонидаем (мардумашро), муҳол аст, ки ба дунё бозгарданд.[1675] info

[1675] Тафсири Табарӣ 18\525

التفاسير:

external-link copy
96 : 21

حَتَّىٰٓ إِذَا فُتِحَتۡ يَأۡجُوجُ وَمَأۡجُوجُ وَهُم مِّن كُلِّ حَدَبٖ يَنسِلُونَ

96. То он гоҳ, ки пеши роҳи Яъҷуҷу Маъҷуҷ кушода шаванд ва онон аз баландиҳо ба шитоб фароянд. info
التفاسير:

external-link copy
97 : 21

وَٱقۡتَرَبَ ٱلۡوَعۡدُ ٱلۡحَقُّ فَإِذَا هِيَ شَٰخِصَةٌ أَبۡصَٰرُ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ يَٰوَيۡلَنَا قَدۡ كُنَّا فِي غَفۡلَةٖ مِّنۡ هَٰذَا بَلۡ كُنَّا ظَٰلِمِينَ

97. Ва дар ин вақт ваъдаи ростин наздик гардад ва он гоҳ якбора чашмони кофирон боло дӯхта шавад, (гӯянд): «Вой бар мо, дар ҳақиқат мо аз ин ҳол ғофил будем. Балки мо ситамкор будем!» info
التفاسير:

external-link copy
98 : 21

إِنَّكُمۡ وَمَا تَعۡبُدُونَ مِن دُونِ ٱللَّهِ حَصَبُ جَهَنَّمَ أَنتُمۡ لَهَا وَٰرِدُونَ

98. Ҳамоно шумо эй кофирон ва он чизҳое, ки ғайри Аллоҳ мепарастидед аз бутон, ҳезумҳои ҷаҳаннамед. Шумо ба ҷаҳаннам ворид хоҳед шуд! info
التفاسير:

external-link copy
99 : 21

لَوۡ كَانَ هَٰٓؤُلَآءِ ءَالِهَةٗ مَّا وَرَدُوهَاۖ وَكُلّٞ فِيهَا خَٰلِدُونَ

99. Агар инҳо маъбудони ҳақиқӣ ва лоиқи парастиш мебуданд, ба ҷаҳаннам намерафтанд ва ҳол он ки ҳама (ибодаткунанда ва ибодат кардашуда) дар ҷаҳаннам ҷовидонанд. info
التفاسير:

external-link copy
100 : 21

لَهُمۡ فِيهَا زَفِيرٞ وَهُمۡ فِيهَا لَا يَسۡمَعُونَ

100. Онон (бутпарастон) дар ҷаҳаннам фарёд мекашанд ва ҳол он ки онҳо дар он ҷо ҳеҷ намешунаванд фарёди якдигарашонро. info
التفاسير:

external-link copy
101 : 21

إِنَّ ٱلَّذِينَ سَبَقَتۡ لَهُم مِّنَّا ٱلۡحُسۡنَىٰٓ أُوْلَٰٓئِكَ عَنۡهَا مُبۡعَدُونَ

101. Ба дурустӣ, касоне ки барояшон аз ҷониби Мо аз пештар некӯӣ муқаррар шуд, аз дӯзах дур нигоҳ дошта мешаванд. info
التفاسير: