Vertaling van de betekenissen Edele Qur'an - Tadjik vertaling - Khodja Mirov Khodja Meer

Pagina nummer:close

external-link copy
97 : 17

وَمَن يَهۡدِ ٱللَّهُ فَهُوَ ٱلۡمُهۡتَدِۖ وَمَن يُضۡلِلۡ فَلَن تَجِدَ لَهُمۡ أَوۡلِيَآءَ مِن دُونِهِۦۖ وَنَحۡشُرُهُمۡ يَوۡمَ ٱلۡقِيَٰمَةِ عَلَىٰ وُجُوهِهِمۡ عُمۡيٗا وَبُكۡمٗا وَصُمّٗاۖ مَّأۡوَىٰهُمۡ جَهَنَّمُۖ كُلَّمَا خَبَتۡ زِدۡنَٰهُمۡ سَعِيرٗا

97. Ва ҳар киро Аллоҳ ҳидоят кунад, ҳидоятёфтааст. Ва ҳар касеро гумроҳ созад, ҷуз Аллоҳи барҳақ барои онҳо сарпарасте наёбӣ ва дар рӯзи қиёмат, дар ҳоле ки чеҳраҳояшон рӯ ба замин аст, кӯру гунг ва кар[1497] зинда ва ҷамъашон мекунем ва ҷаҳаннам ҷойгоҳи онҳост, ҳар вақте ки шӯълаи он фурӯ нишинад, барояшон онро биафзоем. info

[1497] Яъне намебинанд ва сухан намезананд ва намешунаванд ҳақро, ичунин дар охират ҷазояшшон кӯру гунг ва каранд. Тафсири ибни Касир 5\123

التفاسير:

external-link copy
98 : 17

ذَٰلِكَ جَزَآؤُهُم بِأَنَّهُمۡ كَفَرُواْ بِـَٔايَٰتِنَا وَقَالُوٓاْ أَءِذَا كُنَّا عِظَٰمٗا وَرُفَٰتًا أَءِنَّا لَمَبۡعُوثُونَ خَلۡقٗا جَدِيدًا

98. Ин ҷазои онҳост, зеро ба оёти Мо имон наёварданд ва гуфтанд: «Оё чун мо устухон шудему хок, моро ба сурати тозае зинда мекунанд?» info
التفاسير:

external-link copy
99 : 17

۞ أَوَلَمۡ يَرَوۡاْ أَنَّ ٱللَّهَ ٱلَّذِي خَلَقَ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضَ قَادِرٌ عَلَىٰٓ أَن يَخۡلُقَ مِثۡلَهُمۡ وَجَعَلَ لَهُمۡ أَجَلٗا لَّا رَيۡبَ فِيهِ فَأَبَى ٱلظَّٰلِمُونَ إِلَّا كُفُورٗا

99. Оё намедонанд, инҳо мушрикон, ки Аллоҳе, ки осмонҳову заминро аз нестӣ офаридааст, қодир аст, ки монанди онҳоро баъд аз фанояшон биёфаринад ва барояшон муддати умре ниҳода, ки дар он шакке нест? Аммо золимон ҷуз куфр ва инкор чизи дигареро қабул накарданд.[1498] info

[1498] Тафсири ибни Касир 5\123

التفاسير:

external-link copy
100 : 17

قُل لَّوۡ أَنتُمۡ تَمۡلِكُونَ خَزَآئِنَ رَحۡمَةِ رَبِّيٓ إِذٗا لَّأَمۡسَكۡتُمۡ خَشۡيَةَ ٱلۡإِنفَاقِۚ وَكَانَ ٱلۡإِنسَٰنُ قَتُورٗا

100. Бигӯ эй Муҳаммад барояшон: “Агар шумо –эй мардум- молики ҳамаи хазинаҳои раҳмати Парвардигори ман мебудед, аз бими тангдастӣ бахилӣ пеша мекардед, зеро одамӣ бисёр бахил (ва тангназар) аст!” info
التفاسير:

external-link copy
101 : 17

وَلَقَدۡ ءَاتَيۡنَا مُوسَىٰ تِسۡعَ ءَايَٰتِۭ بَيِّنَٰتٖۖ فَسۡـَٔلۡ بَنِيٓ إِسۡرَٰٓءِيلَ إِذۡ جَآءَهُمۡ فَقَالَ لَهُۥ فِرۡعَوۡنُ إِنِّي لَأَظُنُّكَ يَٰمُوسَىٰ مَسۡحُورٗا

101. Аз бани Исроил бипурс, ки чун Мӯсо назди онон омад, ба ӯ нӯҳ нишонаи ошкоро[1499] дода будем. Ва Фиръавн ба ӯ гуфт: «Эй Мӯсо, пиндорам, ки туро ҷоду карда бошанд». info

[1499] Ва онҳо: асо, даст, қаҳтӣ, баҳр, тӯфон, малах, шабушк, қурбоққа ва хун. Тафсири ибни Касир 5\124

التفاسير:

external-link copy
102 : 17

قَالَ لَقَدۡ عَلِمۡتَ مَآ أَنزَلَ هَٰٓؤُلَآءِ إِلَّا رَبُّ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِ بَصَآئِرَ وَإِنِّي لَأَظُنُّكَ يَٰفِرۡعَوۡنُ مَثۡبُورٗا

102. Мӯсо ба Фиръавн гуфт: «Ба ҳақиқат медонӣ, ин нишонаҳои ошкорро ҷуз Парвардигори осмонҳову замин нафиристодааст. Ва ман, эй Фиръавн, туро ба яқин ҳалокшуда мебинам». info
التفاسير:

external-link copy
103 : 17

فَأَرَادَ أَن يَسۡتَفِزَّهُم مِّنَ ٱلۡأَرۡضِ فَأَغۡرَقۡنَٰهُ وَمَن مَّعَهُۥ جَمِيعٗا

103. Фиръавн қасди он дошт, ки онҳоро аз он сарзамин (Миср) барканад, вале Мо, ӯ ва ҳамаи ҳамроҳонашро ғарқ сохтем. info
التفاسير:

external-link copy
104 : 17

وَقُلۡنَا مِنۢ بَعۡدِهِۦ لِبَنِيٓ إِسۡرَٰٓءِيلَ ٱسۡكُنُواْ ٱلۡأَرۡضَ فَإِذَا جَآءَ وَعۡدُ ٱلۡأٓخِرَةِ جِئۡنَا بِكُمۡ لَفِيفٗا

104. Ва пас аз ҳалоки Фиръавн ва лашкараш ба бани Исроил гуфтем: «Дар он сарзамини Шом сокин шавед ва чун ваъдаи охират расад, ҳамаи шуморо бо ҳам зиндаву ҷамъ мекунем».[1500] info

[1500] Тафсири Табарӣ 17\572

التفاسير: