Vertaling van de betekenissen Edele Qur'an - Tadzjiekse vertaling - Centrum van Pionier Vertalers.

Pagina nummer:close

external-link copy
102 : 21

لَا يَسۡمَعُونَ حَسِيسَهَاۖ وَهُمۡ فِي مَا ٱشۡتَهَتۡ أَنفُسُهُمۡ خَٰلِدُونَ

Онон садои он [оташи ҳавлнок ва фарёдҳои дузахиён]-ро намешунаванд ва дар он чи майл дошта бошанд, ҷовидона [дар осоиш] ҳастанд info
التفاسير:

external-link copy
103 : 21

لَا يَحۡزُنُهُمُ ٱلۡفَزَعُ ٱلۡأَكۡبَرُ وَتَتَلَقَّىٰهُمُ ٱلۡمَلَٰٓئِكَةُ هَٰذَا يَوۡمُكُمُ ٱلَّذِي كُنتُمۡ تُوعَدُونَ

Ваҳшати бузурги [қиёмат] андуҳгинашон намесозад ва фариштагон ба истиқболашон меоянд [ва мегӯянд]: «Ин ҳамон рӯзест, ки ба шумо ваъда дода мешуд» info
التفاسير:

external-link copy
104 : 21

يَوۡمَ نَطۡوِي ٱلسَّمَآءَ كَطَيِّ ٱلسِّجِلِّ لِلۡكُتُبِۚ كَمَا بَدَأۡنَآ أَوَّلَ خَلۡقٖ نُّعِيدُهُۥۚ وَعۡدًا عَلَيۡنَآۚ إِنَّا كُنَّا فَٰعِلِينَ

Рӯзе, ки осмонро чун туморе навишташуда дар ҳам мепечем, [ва] ҳамон гуна ки нахустин [бор] офаринишро оғоз кардем, [бори дигар] онро бозмегардонем. [Ин] Ваъдае аст бар уҳдаи Мо, ки ҳатман, анҷомаш хоҳем дод info
التفاسير:

external-link copy
105 : 21

وَلَقَدۡ كَتَبۡنَا فِي ٱلزَّبُورِ مِنۢ بَعۡدِ ٱلذِّكۡرِ أَنَّ ٱلۡأَرۡضَ يَرِثُهَا عِبَادِيَ ٱلصَّٰلِحُونَ

Ва ба ростӣ, пас аз Таврот дар Забур навиштем, ки: «Заминро бандагони шоистаам ба ирс мебаранд» info
التفاسير:

external-link copy
106 : 21

إِنَّ فِي هَٰذَا لَبَلَٰغٗا لِّقَوۡمٍ عَٰبِدِينَ

Бе гумон, дар ин [сухан ибрату] паёми равшане барои парастишгарон аст info
التفاسير:

external-link copy
107 : 21

وَمَآ أَرۡسَلۡنَٰكَ إِلَّا رَحۡمَةٗ لِّلۡعَٰلَمِينَ

Ва [эй Муҳаммад] туро ҷуз раҳмате барои ҷаҳониён нафиристодем info
التفاسير:

external-link copy
108 : 21

قُلۡ إِنَّمَا يُوحَىٰٓ إِلَيَّ أَنَّمَآ إِلَٰهُكُمۡ إِلَٰهٞ وَٰحِدٞۖ فَهَلۡ أَنتُم مُّسۡلِمُونَ

Бигӯ: «Дар ҳақиқат, ба ман ваҳй мешавад, ки: «Бе тардид, маъбуди шумо маъбуде ягона аст. Пас, оё таслим [-и даъвати ҳақ] мешавед?» info
التفاسير:

external-link copy
109 : 21

فَإِن تَوَلَّوۡاْ فَقُلۡ ءَاذَنتُكُمۡ عَلَىٰ سَوَآءٖۖ وَإِنۡ أَدۡرِيٓ أَقَرِيبٌ أَم بَعِيدٞ مَّا تُوعَدُونَ

Пас, агар рӯйгардон шуданд, бигӯ: «Ман [ҳамаи] шуморо ба таври яксон огоҳ кардам [ва дар бораи азоби илоҳӣ ҳушдор додам] ва намедонам, он чи ки ба шумо ваъда дода мешавад, наздик аст ё дур» info
التفاسير:

external-link copy
110 : 21

إِنَّهُۥ يَعۡلَمُ ٱلۡجَهۡرَ مِنَ ٱلۡقَوۡلِ وَيَعۡلَمُ مَا تَكۡتُمُونَ

Яқинан, ӯ сухани ошкоро медонад ва он чиро [дар дили хеш] пинҳон мекунед, [низ] медонад info
التفاسير:

external-link copy
111 : 21

وَإِنۡ أَدۡرِي لَعَلَّهُۥ فِتۡنَةٞ لَّكُمۡ وَمَتَٰعٌ إِلَىٰ حِينٖ

Ва намедонам, шояд ин [таъхири азоб мояи] озмоиш ва баҳрамандии шумо то муддате [муайян] бошад» info
التفاسير:

external-link copy
112 : 21

قَٰلَ رَبِّ ٱحۡكُم بِٱلۡحَقِّۗ وَرَبُّنَا ٱلرَّحۡمَٰنُ ٱلۡمُسۡتَعَانُ عَلَىٰ مَا تَصِفُونَ

[Паёмбар] Гуфт: «Парвардигоро, [байни мо ва кофирон] ба ҳақ доварӣ кун ва Парвардигори мо [Аллоҳи] Раҳмон аст, ки дар баробари он чи [аз куфру ширк] мегӯед, аз ӯ ёрӣ мехоҳем» info
التفاسير: