ការបកប្រែអត្ថន័យគួរអាន - ការបកប្រែជាភាសាតាជីគីស្ថាន - មជ្ឈមណ្ឌលបកប្រែរ៉ូវ៉ាទ

លេខ​ទំព័រ:close

external-link copy
45 : 42

وَتَرَىٰهُمۡ يُعۡرَضُونَ عَلَيۡهَا خَٰشِعِينَ مِنَ ٱلذُّلِّ يَنظُرُونَ مِن طَرۡفٍ خَفِيّٖۗ وَقَالَ ٱلَّذِينَ ءَامَنُوٓاْ إِنَّ ٱلۡخَٰسِرِينَ ٱلَّذِينَ خَسِرُوٓاْ أَنفُسَهُمۡ وَأَهۡلِيهِمۡ يَوۡمَ ٱلۡقِيَٰمَةِۗ أَلَآ إِنَّ ٱلظَّٰلِمِينَ فِي عَذَابٖ مُّقِيمٖ

[Дар он рӯз] Ситамгоронро мушоҳида хоҳӣ кард, ки бар оташ арза мешаванд ва дар ҳоле ки аз [шиддати] хорӣ фурӯтан шудаанд, бо таги чашм менигаранд ва [дар он ҳол] муъминон мегӯянд: «Зиёнкорон [-и воқеӣ] касоне ҳастанд, ки [ба тамаъи дунё] худ ва хонаводаҳояшонро дар қиёмат ба зиён андохтаанд. Огоҳ бошед! Ситамгорон гирифтори азобе пойдоранд info
التفاسير:

external-link copy
46 : 42

وَمَا كَانَ لَهُم مِّنۡ أَوۡلِيَآءَ يَنصُرُونَهُم مِّن دُونِ ٱللَّهِۗ وَمَن يُضۡلِلِ ٱللَّهُ فَمَا لَهُۥ مِن سَبِيلٍ

Ва онон дар баробари Аллоҳ таоло корсозе нахоҳанд дошт, ки ёриашон кунад ва ҳар киро Аллоҳ таоло гумроҳ кунад, роҳе [барои наҷот] нахоҳад дошт info
التفاسير:

external-link copy
47 : 42

ٱسۡتَجِيبُواْ لِرَبِّكُم مِّن قَبۡلِ أَن يَأۡتِيَ يَوۡمٞ لَّا مَرَدَّ لَهُۥ مِنَ ٱللَّهِۚ مَا لَكُم مِّن مَّلۡجَإٖ يَوۡمَئِذٖ وَمَا لَكُم مِّن نَّكِيرٖ

[Эй мардум] Пеш аз он ки рӯзе фаро расад, ки бозгаште аз ҷониби Аллоҳ таоло надорад, даъвати Парвардигоратонро бипазиред. Дар он рӯз на паноҳгоҳе хоҳед дошт, на [фурсате барои] инкор info
التفاسير:

external-link copy
48 : 42

فَإِنۡ أَعۡرَضُواْ فَمَآ أَرۡسَلۡنَٰكَ عَلَيۡهِمۡ حَفِيظًاۖ إِنۡ عَلَيۡكَ إِلَّا ٱلۡبَلَٰغُۗ وَإِنَّآ إِذَآ أَذَقۡنَا ٱلۡإِنسَٰنَ مِنَّا رَحۡمَةٗ فَرِحَ بِهَاۖ وَإِن تُصِبۡهُمۡ سَيِّئَةُۢ بِمَا قَدَّمَتۡ أَيۡدِيهِمۡ فَإِنَّ ٱلۡإِنسَٰنَ كَفُورٞ

Пас [эй Паёмбар] агар [мушрикон аз даъвати ту] рӯй мегардонанд [тавфиқро аз худ салб мекунанд]. Мо туро нигаҳбони онон нафиристодем ва ту вазифае ҷуз расонидан [-и ваҳй] надорӣ ва чун раҳмате аз ҷониби худ ба инсон бичашонем, бад-он сармаст мешавад ва агар ба сазои рафтори гузаштаи худ дучори мусибате шавад, [ба ҷойи бедорӣ носипосӣ мекунад]. Ба ростӣ, ки инсон бисёр носипос аст info
التفاسير:

external-link copy
49 : 42

لِّلَّهِ مُلۡكُ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِۚ يَخۡلُقُ مَا يَشَآءُۚ يَهَبُ لِمَن يَشَآءُ إِنَٰثٗا وَيَهَبُ لِمَن يَشَآءُ ٱلذُّكُورَ

Фармонравоии осмонҳо ва замин аз они Аллоҳ таоло аст. Ӯ ҳар чи бихоҳад, меофаринад, ба ҳар ки бихоҳад, [фарзанди] духтар мебахшад ва ба ҳар ки бихоҳад, [фарзанди] писар info
التفاسير:

external-link copy
50 : 42

أَوۡ يُزَوِّجُهُمۡ ذُكۡرَانٗا وَإِنَٰثٗاۖ وَيَجۡعَلُ مَن يَشَآءُ عَقِيمًاۚ إِنَّهُۥ عَلِيمٞ قَدِيرٞ

Ё писару духтарро -ҳар ду бо ҳам медиҳад ва ҳар киро бихоҳад, нозо мегардонад, ки Ӯ донои тавоност info
التفاسير:

external-link copy
51 : 42

۞ وَمَا كَانَ لِبَشَرٍ أَن يُكَلِّمَهُ ٱللَّهُ إِلَّا وَحۡيًا أَوۡ مِن وَرَآيِٕ حِجَابٍ أَوۡ يُرۡسِلَ رَسُولٗا فَيُوحِيَ بِإِذۡنِهِۦ مَا يَشَآءُۚ إِنَّهُۥ عَلِيٌّ حَكِيمٞ

Дархӯри ҳеҷ башаре нест, ки Аллоҳ таоло бо ӯ сухан бигӯяд, магар бо ваҳй ё аз фаросӯи ҳиҷобе ё [ин ки Аллоҳ таоло] фариштае бифиристад, ки ба фармонаш ҳар чи бихоҳад, ваҳй кунад. Бе тардид, Ӯ баландмартабаи ҳаким аст info
التفاسير: