ការបកប្រែអត្ថន័យគួរអាន - ការបកប្រែជាភាសាតាជីគីស្ថាន - មជ្ឈមណ្ឌលបកប្រែរ៉ូវ៉ាទ

លេខ​ទំព័រ:close

external-link copy
23 : 42

ذَٰلِكَ ٱلَّذِي يُبَشِّرُ ٱللَّهُ عِبَادَهُ ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَعَمِلُواْ ٱلصَّٰلِحَٰتِۗ قُل لَّآ أَسۡـَٔلُكُمۡ عَلَيۡهِ أَجۡرًا إِلَّا ٱلۡمَوَدَّةَ فِي ٱلۡقُرۡبَىٰۗ وَمَن يَقۡتَرِفۡ حَسَنَةٗ نَّزِدۡ لَهُۥ فِيهَا حُسۡنًاۚ إِنَّ ٱللَّهَ غَفُورٞ شَكُورٌ

Ин ҳамон [фазилате] аст, ки Аллоҳ таоло ба бандагони муъмин ва некукораш башорат медиҳад. [Эй паёмбар] Бигӯ: «Дар баробари ин рисолат, подоше аз шумо намехоҳам, ҷуз [риояи дӯстӣ ва] муҳаббати хешовандӣ ва ҳар ки [дар ин росто] иқдоми некуе кунад, бар подошаш дар он [маврид] меафзоем. Ба ростӣ, ки Аллоҳ таоло омурзгори қадршинос аст info
التفاسير:

external-link copy
24 : 42

أَمۡ يَقُولُونَ ٱفۡتَرَىٰ عَلَى ٱللَّهِ كَذِبٗاۖ فَإِن يَشَإِ ٱللَّهُ يَخۡتِمۡ عَلَىٰ قَلۡبِكَۗ وَيَمۡحُ ٱللَّهُ ٱلۡبَٰطِلَ وَيُحِقُّ ٱلۡحَقَّ بِكَلِمَٰتِهِۦٓۚ إِنَّهُۥ عَلِيمُۢ بِذَاتِ ٱلصُّدُورِ

Оё мушрикон мегӯянд: «[Муҳаммад] ба Аллоҳ таоло дурӯғ нисбат додааст»? Агар Аллоҳ таоло бихоҳад, бар дили ту меҳр мениҳад, ва [-ле] Аллоҳ таоло ботилро маҳв мекунад ва ҳақро бо суханони [ва тамҳидоти] хеш ба курсӣ менишонад, ки Ӯ ба рози дилҳо доност info
التفاسير:

external-link copy
25 : 42

وَهُوَ ٱلَّذِي يَقۡبَلُ ٱلتَّوۡبَةَ عَنۡ عِبَادِهِۦ وَيَعۡفُواْ عَنِ ٱلسَّيِّـَٔاتِ وَيَعۡلَمُ مَا تَفۡعَلُونَ

Ӯст, ки тавбаи бандагонашро мепазирад ва аз бадиҳо дармегузарад ва он чи мекунед, медонад info
التفاسير:

external-link copy
26 : 42

وَيَسۡتَجِيبُ ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَعَمِلُواْ ٱلصَّٰلِحَٰتِ وَيَزِيدُهُم مِّن فَضۡلِهِۦۚ وَٱلۡكَٰفِرُونَ لَهُمۡ عَذَابٞ شَدِيدٞ

Ӯ [дархости] муъминони некукорро мепазирад ва аз фазли хеш бар [подоши] онон меафзояд ва кофирон азобе сахт дар пеш доранд info
التفاسير:

external-link copy
27 : 42

۞ وَلَوۡ بَسَطَ ٱللَّهُ ٱلرِّزۡقَ لِعِبَادِهِۦ لَبَغَوۡاْ فِي ٱلۡأَرۡضِ وَلَٰكِن يُنَزِّلُ بِقَدَرٖ مَّا يَشَآءُۚ إِنَّهُۥ بِعِبَادِهِۦ خَبِيرُۢ بَصِيرٞ

Агар Аллоҳ таоло рӯзии [бархе аз] бандагонашро кушоиш медод, дар замин ситаму саркашӣ мекарданд, вале ба андозае, ки бихоҳад муқаррар медорад, ки Ӯ ба [ҳоли] бандагонаш огоҳ ва биност info
التفاسير:

external-link copy
28 : 42

وَهُوَ ٱلَّذِي يُنَزِّلُ ٱلۡغَيۡثَ مِنۢ بَعۡدِ مَا قَنَطُواْ وَيَنشُرُ رَحۡمَتَهُۥۚ وَهُوَ ٱلۡوَلِيُّ ٱلۡحَمِيدُ

Ӯст, ки боронро пас аз навмедӣ [-и мардум] мефиристад ва раҳмати хешро мегустарад ва Ӯ корсозу сутуда аст info
التفاسير:

external-link copy
29 : 42

وَمِنۡ ءَايَٰتِهِۦ خَلۡقُ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِ وَمَا بَثَّ فِيهِمَا مِن دَآبَّةٖۚ وَهُوَ عَلَىٰ جَمۡعِهِمۡ إِذَا يَشَآءُ قَدِيرٞ

Аз нишонаҳои [тавону тадбири] Ӯ офариниши осмонҳо ва замину мавҷудоти зиндаест, ки дар онҳо пароканда кардааст ва ҳар гоҳ ирода кунад, бар ҷамъоварии онҳо низ тавоност info
التفاسير:

external-link copy
30 : 42

وَمَآ أَصَٰبَكُم مِّن مُّصِيبَةٖ فَبِمَا كَسَبَتۡ أَيۡدِيكُمۡ وَيَعۡفُواْ عَن كَثِيرٖ

Ҳар мусибате, ки ба шумо расад, ба хотири корҳоест, ки анҷом додаед ва [Аллоҳ таоло] аз бисёре [аз гуноҳонатон] гузашт мекунад info
التفاسير:

external-link copy
31 : 42

وَمَآ أَنتُم بِمُعۡجِزِينَ فِي ٱلۡأَرۡضِۖ وَمَا لَكُم مِّن دُونِ ٱللَّهِ مِن وَلِيّٖ وَلَا نَصِيرٖ

Шумо ҳаргиз дар замин [ва осмон Аллоҳро] ба танг намеоваред ва дар баробари Аллоҳ таоло хеҷ корсозу ёваре нахоҳед дошт info
التفاسير: