ការបកប្រែអត្ថន័យគួរអាន - ការបកប្រែជាភាសាតាជីគីស្ថាន - មជ្ឈមណ្ឌលបកប្រែរ៉ូវ៉ាទ

លេខ​ទំព័រ:close

external-link copy
32 : 42

وَمِنۡ ءَايَٰتِهِ ٱلۡجَوَارِ فِي ٱلۡبَحۡرِ كَٱلۡأَعۡلَٰمِ

Аз нишонаҳои [тавону тадбири] илоҳӣ, киштиҳои кӯҳпайкарест, ки дар дарёҳо равонанд info
التفاسير:

external-link copy
33 : 42

إِن يَشَأۡ يُسۡكِنِ ٱلرِّيحَ فَيَظۡلَلۡنَ رَوَاكِدَ عَلَىٰ ظَهۡرِهِۦٓۚ إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَأٓيَٰتٖ لِّكُلِّ صَبَّارٖ شَكُورٍ

Агар Аллоҳ таоло бихоҳад, бодро сокин мегардонад, то [киштиҳо] бар паҳнаи дарё беҳаракат бимонанд. Ба ростӣ, дар ин [амр] барои ҳар шикебои сипосгузор нишонаҳоест info
التفاسير:

external-link copy
34 : 42

أَوۡ يُوبِقۡهُنَّ بِمَا كَسَبُواْ وَيَعۡفُ عَن كَثِيرٖ

Ё [агар бихоҳад сарнишинони] он киштиҳоро ба кайфари аъмолашон нобуд месозад, дар ҳоле ки Ӯ аз бисёре [аз гуноҳон] гузашт мекунад info
التفاسير:

external-link copy
35 : 42

وَيَعۡلَمَ ٱلَّذِينَ يُجَٰدِلُونَ فِيٓ ءَايَٰتِنَا مَا لَهُم مِّن مَّحِيصٖ

[То муҷиби ибрат бошад] Ва касоне, ки дар мавриди оёти Мо ба муҷодала бармехезанд, бидонанд, ки [агар азоби илоҳӣ фаро расад] роҳи гурезе нахоҳанд дошт info
التفاسير:

external-link copy
36 : 42

فَمَآ أُوتِيتُم مِّن شَيۡءٖ فَمَتَٰعُ ٱلۡحَيَوٰةِ ٱلدُّنۡيَاۚ وَمَا عِندَ ٱللَّهِ خَيۡرٞ وَأَبۡقَىٰ لِلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَعَلَىٰ رَبِّهِمۡ يَتَوَكَّلُونَ

[Эй мардум] Он чи ба шумо дода шудааст, неъматҳои [гузарои] дунёст ва он чи назди Аллоҳ таоло аст, барои муъминоне, ки бар Парвардигорашон таваккал мекунанд, беҳтар ва пояндтар аст info
التفاسير:

external-link copy
37 : 42

وَٱلَّذِينَ يَجۡتَنِبُونَ كَبَٰٓئِرَ ٱلۡإِثۡمِ وَٱلۡفَوَٰحِشَ وَإِذَا مَا غَضِبُواْ هُمۡ يَغۡفِرُونَ

Ва [низ барои] онон, ки аз гуноҳони бузургу бешармиҳо канора мегиранд ва онгоҳ, ки хашмгин мешаванд, гузашт мекунанд info
التفاسير:

external-link copy
38 : 42

وَٱلَّذِينَ ٱسۡتَجَابُواْ لِرَبِّهِمۡ وَأَقَامُواْ ٱلصَّلَوٰةَ وَأَمۡرُهُمۡ شُورَىٰ بَيۡنَهُمۡ وَمِمَّا رَزَقۡنَٰهُمۡ يُنفِقُونَ

Ва онон, ки [даъвати] Парвардигорашонро пазиро мешаванд ва намоз барпо медоранд ва умурашон дар миёнашон ба машварат ниҳода мешавад ва аз он чи рӯзияшон кардаем, инфоқ мекунанд info
التفاسير:

external-link copy
39 : 42

وَٱلَّذِينَ إِذَآ أَصَابَهُمُ ٱلۡبَغۡيُ هُمۡ يَنتَصِرُونَ

Ва касоне, ки ҳар гоҳ ситаме ба онон бирасад, [ба дифоъ ва] интиқом бармехезанд info
التفاسير:

external-link copy
40 : 42

وَجَزَٰٓؤُاْ سَيِّئَةٖ سَيِّئَةٞ مِّثۡلُهَاۖ فَمَنۡ عَفَا وَأَصۡلَحَ فَأَجۡرُهُۥ عَلَى ٱللَّهِۚ إِنَّهُۥ لَا يُحِبُّ ٱلظَّٰلِمِينَ

Ва ҷазои ҳар бадӣ кайфаре ҳаммонанди он бадӣ аст [на бештар], пас, ҳар ки гузашт кунад ва корро ба ислоҳ [ва оштӣ] оварад, подошаш бар уҳдаи Аллоҳ таоло аст. Бе гумон, Ӯ ситамгоронро дӯст намедорад info
التفاسير:

external-link copy
41 : 42

وَلَمَنِ ٱنتَصَرَ بَعۡدَ ظُلۡمِهِۦ فَأُوْلَٰٓئِكَ مَا عَلَيۡهِم مِّن سَبِيلٍ

Албатта, касоне, ки пас аз ситаме, ки дидаанд, интиқом мегиранд, ҳеҷ [бозхосту] сарзанише бар онон нест info
التفاسير:

external-link copy
42 : 42

إِنَّمَا ٱلسَّبِيلُ عَلَى ٱلَّذِينَ يَظۡلِمُونَ ٱلنَّاسَ وَيَبۡغُونَ فِي ٱلۡأَرۡضِ بِغَيۡرِ ٱلۡحَقِّۚ أُوْلَٰٓئِكَ لَهُمۡ عَذَابٌ أَلِيمٞ

Роҳи [бозхосту] сарзаниш танҳо бар ситамгороне кушода аст, ки ба ноҳақ дар замин бартариҷӯӣ мекунанд. Онон азоби дарднок [дар пеш] доранд info
التفاسير:

external-link copy
43 : 42

وَلَمَن صَبَرَ وَغَفَرَ إِنَّ ذَٰلِكَ لَمِنۡ عَزۡمِ ٱلۡأُمُورِ

Аммо ҳар ки шикебоӣ ва гузашт кунад, нишон аз қудрати ирода [-и Ӯ] дорад info
التفاسير:

external-link copy
44 : 42

وَمَن يُضۡلِلِ ٱللَّهُ فَمَا لَهُۥ مِن وَلِيّٖ مِّنۢ بَعۡدِهِۦۗ وَتَرَى ٱلظَّٰلِمِينَ لَمَّا رَأَوُاْ ٱلۡعَذَابَ يَقُولُونَ هَلۡ إِلَىٰ مَرَدّٖ مِّن سَبِيلٖ

Ҳар киро Аллоҳ таоло гумроҳ кунад, пас, аз Аллоҳ таоло ҳеҷ [ёвару] корсозе нахоҳад дошт ва [дар рӯзи қиёмат] ситамгоронро мебинӣ, ки чун азобро мушоҳида кунанд, мегӯянд: «Оё роҳи бозгаште [ба дунё] ҳаст?» info
التفاسير: