ការបកប្រែអត្ថន័យគួរអាន - ការបកប្រែជាភាសាតាជីគីស្ថាន - មជ្ឈមណ្ឌលបកប្រែរ៉ូវ៉ាទ

លេខ​ទំព័រ:close

external-link copy
56 : 22

ٱلۡمُلۡكُ يَوۡمَئِذٖ لِّلَّهِ يَحۡكُمُ بَيۡنَهُمۡۚ فَٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَعَمِلُواْ ٱلصَّٰلِحَٰتِ فِي جَنَّٰتِ ٱلنَّعِيمِ

Дар он рӯз фармонравоӣ аз они Аллоҳ таоло аст [ва] миёни онон доварӣ мекунад. Пас касоне, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста анҷом додаанд, дар боғҳои пурнеъмат [-и биҳишт] ҳастанд info
التفاسير:

external-link copy
57 : 22

وَٱلَّذِينَ كَفَرُواْ وَكَذَّبُواْ بِـَٔايَٰتِنَا فَأُوْلَٰٓئِكَ لَهُمۡ عَذَابٞ مُّهِينٞ

Ва касоне, ки куфр варзиданд ва оёти Моро дурӯғ ангоштанд, азоби хоркунандае [дар пеш] доранд info
التفاسير:

external-link copy
58 : 22

وَٱلَّذِينَ هَاجَرُواْ فِي سَبِيلِ ٱللَّهِ ثُمَّ قُتِلُوٓاْ أَوۡ مَاتُواْ لَيَرۡزُقَنَّهُمُ ٱللَّهُ رِزۡقًا حَسَنٗاۚ وَإِنَّ ٱللَّهَ لَهُوَ خَيۡرُ ٱلرَّٰزِقِينَ

Ва касоне, ки дар роҳи Аллоҳ таоло ҳиҷрат карданд, сипас кушта шуданд ё вафот карданд, яқинан Аллоҳ таоло ба онон рӯзии накуе медиҳад. Ба ростӣ, ки Аллоҳ таоло беҳтарин рӯзидиҳанда аст info
التفاسير:

external-link copy
59 : 22

لَيُدۡخِلَنَّهُم مُّدۡخَلٗا يَرۡضَوۡنَهُۥۚ وَإِنَّ ٱللَّهَ لَعَلِيمٌ حَلِيمٞ

Бе тардид, ононро ба ҷойгоҳе ворид мекунад, ки аз он хушнуд бошанд ва ба ростӣ, ки Аллоҳ таоло донои бурдбор аст info
التفاسير:

external-link copy
60 : 22

۞ ذَٰلِكَۖ وَمَنۡ عَاقَبَ بِمِثۡلِ مَا عُوقِبَ بِهِۦ ثُمَّ بُغِيَ عَلَيۡهِ لَيَنصُرَنَّهُ ٱللَّهُۚ إِنَّ ٱللَّهَ لَعَفُوٌّ غَفُورٞ

Ин аст [ҳукми илоҳӣ дар бораи кофир ва муъмин] ва ҳар кас ба ҳамон миқдор, ки ба ӯ ситам шудааст, муҷозот кунад, сипас [боз] мавриди ситам қарор гирад, Аллоҳ таоло ёриаш хоҳад кард. Бе тардид, Аллоҳ таоло бахшандаи омурзанда аст info
التفاسير:

external-link copy
61 : 22

ذَٰلِكَ بِأَنَّ ٱللَّهَ يُولِجُ ٱلَّيۡلَ فِي ٱلنَّهَارِ وَيُولِجُ ٱلنَّهَارَ فِي ٱلَّيۡلِ وَأَنَّ ٱللَّهَ سَمِيعُۢ بَصِيرٞ

Ин [ёрии мазлумон] аз он рӯст, ки Аллоҳ таоло [бар ҳар коре тавоност; чунон ки] шабро дар рӯз мекашонад ва рӯзро дар шаб дармеоварад; ва бе тардид, Аллоҳ таоло шунавои биност info
التفاسير:

external-link copy
62 : 22

ذَٰلِكَ بِأَنَّ ٱللَّهَ هُوَ ٱلۡحَقُّ وَأَنَّ مَا يَدۡعُونَ مِن دُونِهِۦ هُوَ ٱلۡبَٰطِلُ وَأَنَّ ٱللَّهَ هُوَ ٱلۡعَلِيُّ ٱلۡكَبِيرُ

Ин бад-он сабаб аст, ки Аллоҳ таоло ҳақ аст ва он чиро, ки [мушрикон] ҷуз ӯ мехонанд, [ҳама] ботил аст ва Аллоҳ таоло баландмартабаи бузург аст info
التفاسير:

external-link copy
63 : 22

أَلَمۡ تَرَ أَنَّ ٱللَّهَ أَنزَلَ مِنَ ٱلسَّمَآءِ مَآءٗ فَتُصۡبِحُ ٱلۡأَرۡضُ مُخۡضَرَّةًۚ إِنَّ ٱللَّهَ لَطِيفٌ خَبِيرٞ

Оё надидӣ, ки Аллоҳ таоло аз осмон обе фурӯ фиристод ва замин [бар асари он хурраму] сарсабз мегардад? Бе тардид, Аллоҳ таоло борикбини огоҳ аст info
التفاسير:

external-link copy
64 : 22

لَّهُۥ مَا فِي ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَمَا فِي ٱلۡأَرۡضِۚ وَإِنَّ ٱللَّهَ لَهُوَ ٱلۡغَنِيُّ ٱلۡحَمِيدُ

Он чи дар осмонҳо ва замин аст, аз они Ӯст ва бе тардид, Аллоҳ таоло бениёзи сутуда аст info
التفاسير: