ការបកប្រែអត្ថន័យគួរអាន - ការបកប្រែជាភាសាតាជីគីស្ថាន - មជ្ឈមណ្ឌលបកប្រែរ៉ូវ៉ាទ

លេខ​ទំព័រ:close

external-link copy
16 : 22

وَكَذَٰلِكَ أَنزَلۡنَٰهُ ءَايَٰتِۭ بَيِّنَٰتٖ وَأَنَّ ٱللَّهَ يَهۡدِي مَن يُرِيدُ

Ва бад-ин гуна Мо ин [Қуръон]-ро [ба сурати] оёте равшан нозил кардем ва Аллоҳ таоло ҳар киро хоҳад, ҳидоят мекунад info
التفاسير:

external-link copy
17 : 22

إِنَّ ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَٱلَّذِينَ هَادُواْ وَٱلصَّٰبِـِٔينَ وَٱلنَّصَٰرَىٰ وَٱلۡمَجُوسَ وَٱلَّذِينَ أَشۡرَكُوٓاْ إِنَّ ٱللَّهَ يَفۡصِلُ بَيۡنَهُمۡ يَوۡمَ ٱلۡقِيَٰمَةِۚ إِنَّ ٱللَّهَ عَلَىٰ كُلِّ شَيۡءٖ شَهِيدٌ

Касоне, ки имон овардаанд ва касоне, ки яҳудӣ шуданд ва собеон [фитратгароён] ва масеҳиён ва зартуштиён ва касоне, ки ширк варзиданд, яқинан, рӯзи қиёмат Аллоҳ таоло миёнашон доварӣ мекунад. Бе гумон, Аллоҳ таоло бар ҳар чизе гувоҳ аст info
التفاسير:

external-link copy
18 : 22

أَلَمۡ تَرَ أَنَّ ٱللَّهَ يَسۡجُدُۤ لَهُۥۤ مَن فِي ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَمَن فِي ٱلۡأَرۡضِ وَٱلشَّمۡسُ وَٱلۡقَمَرُ وَٱلنُّجُومُ وَٱلۡجِبَالُ وَٱلشَّجَرُ وَٱلدَّوَآبُّ وَكَثِيرٞ مِّنَ ٱلنَّاسِۖ وَكَثِيرٌ حَقَّ عَلَيۡهِ ٱلۡعَذَابُۗ وَمَن يُهِنِ ٱللَّهُ فَمَا لَهُۥ مِن مُّكۡرِمٍۚ إِنَّ ٱللَّهَ يَفۡعَلُ مَا يَشَآءُ۩

Оё надидӣ, ки ҳар ки дар осмонҳо ва ҳар ки дар замин аст ва хуршед ва моҳу ситорагон ва кӯҳҳо ва дарахтон ва ҷунбандагон ва бисёре аз мардум барои Аллоҳ таоло саҷда мекунанд? Ва бисёре низ ҳастанд, ки [дар натиҷаи сарпечӣ аз парастиш фармони] азоб бар онон таҳаққуқ ёфтааст ва ҳар ки Аллоҳ таоло хораш созад, касе гиромиаш намедорад. Бе тардид, Аллоҳ таоло ҳар чи бихоҳад анҷом медиҳад info
التفاسير:

external-link copy
19 : 22

۞ هَٰذَانِ خَصۡمَانِ ٱخۡتَصَمُواْ فِي رَبِّهِمۡۖ فَٱلَّذِينَ كَفَرُواْ قُطِّعَتۡ لَهُمۡ ثِيَابٞ مِّن نَّارٖ يُصَبُّ مِن فَوۡقِ رُءُوسِهِمُ ٱلۡحَمِيمُ

Ин ду [гурӯҳи муъмин ва кофир] душманони якдигаранд ва дар бораи Парвардигорашон ситез мекунанд. Пас касоне, ки куфр варзиданд, барояшон ҷомаҳое аз оташ буридаанд [ва] аз болои сарашон [бар онон] оби ҷӯшон мерезанд info
التفاسير:

external-link copy
20 : 22

يُصۡهَرُ بِهِۦ مَا فِي بُطُونِهِمۡ وَٱلۡجُلُودُ

Он чи дар дарунашон ҳаст ва [низ] пӯстҳояшон бо он гудохта мешавад info
التفاسير:

external-link copy
21 : 22

وَلَهُم مَّقَٰمِعُ مِنۡ حَدِيدٖ

Ва барояшон гурзҳои оҳанин [муҳайё] аст info
التفاسير:

external-link copy
22 : 22

كُلَّمَآ أَرَادُوٓاْ أَن يَخۡرُجُواْ مِنۡهَا مِنۡ غَمٍّ أُعِيدُواْ فِيهَا وَذُوقُواْ عَذَابَ ٱلۡحَرِيقِ

Ҳар гоҳ бихоҳанд, аз [шиддати] андуҳ аз он ҷо [дузах] хориҷ шаванд, ба он бозгардонда мешаванд ва [ба онон гуфта мешавад]: «Азоби сӯзонро бичашед» info
التفاسير:

external-link copy
23 : 22

إِنَّ ٱللَّهَ يُدۡخِلُ ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَعَمِلُواْ ٱلصَّٰلِحَٰتِ جَنَّٰتٖ تَجۡرِي مِن تَحۡتِهَا ٱلۡأَنۡهَٰرُ يُحَلَّوۡنَ فِيهَا مِنۡ أَسَاوِرَ مِن ذَهَبٖ وَلُؤۡلُؤٗاۖ وَلِبَاسُهُمۡ فِيهَا حَرِيرٞ

Бе тардид, Аллоҳ таоло касонеро, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста анҷом додаанд, ба боғҳое [аз биҳишт] ворид мекунад, ки аз зери [дарахтони] он ҷӯйборҳо ҷорӣ аст. Дар он ҷо ба дастабандаҳое аз тилло ва марворид ороста мешаванд ва либосашон дар он ҷо абрешим аст info
التفاسير: