ការបកប្រែអត្ថន័យគួរអាន - ការបកប្រែជាភាសាតាជីគីស្ថាន - មជ្ឈមណ្ឌលបកប្រែរ៉ូវ៉ាទ

លេខ​ទំព័រ:close

external-link copy
47 : 22

وَيَسۡتَعۡجِلُونَكَ بِٱلۡعَذَابِ وَلَن يُخۡلِفَ ٱللَّهُ وَعۡدَهُۥۚ وَإِنَّ يَوۡمًا عِندَ رَبِّكَ كَأَلۡفِ سَنَةٖ مِّمَّا تَعُدُّونَ

[Эй Паёмбар, кофирон] ба шитоб аз ту дархости азоб мекунанд ва Аллоҳ таоло ҳаргиз ваъдаашро хилоф намекунад ва дар воқеъ, як рӯз [аз азоби охират] назди Парвардигорат бо ҳазор сол, ки шумо мешуморед, яксон аст info
التفاسير:

external-link copy
48 : 22

وَكَأَيِّن مِّن قَرۡيَةٍ أَمۡلَيۡتُ لَهَا وَهِيَ ظَالِمَةٞ ثُمَّ أَخَذۡتُهَا وَإِلَيَّ ٱلۡمَصِيرُ

Ва чи бисёр [аҳолии] шаҳрҳое, ки ба онон муҳлат додам, дар ҳоле ки ситамгор буданд [аммо боз ҳам сарпечӣ карданд], пас, ононро [ба азоб] фурӯ гирифтам ва бозгашт [-и ҳама] ба сӯи Ман аст info
التفاسير:

external-link copy
49 : 22

قُلۡ يَٰٓأَيُّهَا ٱلنَّاسُ إِنَّمَآ أَنَا۠ لَكُمۡ نَذِيرٞ مُّبِينٞ

Бигӯ: «Эй мардум, ҷуз ин нест, ки ман барои шумо бимдиҳандае ошкорам» info
التفاسير:

external-link copy
50 : 22

فَٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَعَمِلُواْ ٱلصَّٰلِحَٰتِ لَهُم مَّغۡفِرَةٞ وَرِزۡقٞ كَرِيمٞ

Пас, касоне, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста анҷом додаанд, омурзишу рӯзии нек [дар пеш] доранд info
التفاسير:

external-link copy
51 : 22

وَٱلَّذِينَ سَعَوۡاْ فِيٓ ءَايَٰتِنَا مُعَٰجِزِينَ أُوْلَٰٓئِكَ أَصۡحَٰبُ ٱلۡجَحِيمِ

Ва касоне, ки дар [роҳи инкор ва такзиби] оёти Мо мекӯшанд, то [ба пиндори хеш] Моро дармонда кунанд, онон аҳли дузаханд info
التفاسير:

external-link copy
52 : 22

وَمَآ أَرۡسَلۡنَا مِن قَبۡلِكَ مِن رَّسُولٖ وَلَا نَبِيٍّ إِلَّآ إِذَا تَمَنَّىٰٓ أَلۡقَى ٱلشَّيۡطَٰنُ فِيٓ أُمۡنِيَّتِهِۦ فَيَنسَخُ ٱللَّهُ مَا يُلۡقِي ٱلشَّيۡطَٰنُ ثُمَّ يُحۡكِمُ ٱللَّهُ ءَايَٰتِهِۦۗ وَٱللَّهُ عَلِيمٌ حَكِيمٞ

Ва [Мо] ҳеҷ расул ва паёмбареро пеш аз ту нафиристодем, магар ин ки чун [оёти илоҳиро] тиловат мекард, шайтон дар тиловаташ [калимоти иштибоҳ] илқо мекард. Он гоҳ Аллоҳ таоло он чиро, ки шайтон илқо намуда буд, аз миён мебурд ва сипас оёти хешро устувор месохт ва Аллоҳ таоло донои ҳаким аст info
التفاسير:

external-link copy
53 : 22

لِّيَجۡعَلَ مَا يُلۡقِي ٱلشَّيۡطَٰنُ فِتۡنَةٗ لِّلَّذِينَ فِي قُلُوبِهِم مَّرَضٞ وَٱلۡقَاسِيَةِ قُلُوبُهُمۡۗ وَإِنَّ ٱلظَّٰلِمِينَ لَفِي شِقَاقِۭ بَعِيدٖ

То [бад-ин васила Аллоҳ таоло] он чиро, ки шайтон илқо мекунад, барои касоне, ки дар дилҳояшон беморӣ [шакку нифоқ] аст ва [ҳамчунин барои] сангдилон василаи озмоиш қарор диҳад. Ва яқинан, ситамгорон [-и мушрик] дар душмании дуру дарозе [бо Аллоҳ таоло ва паёмбараш] ҳастанд info
التفاسير:

external-link copy
54 : 22

وَلِيَعۡلَمَ ٱلَّذِينَ أُوتُواْ ٱلۡعِلۡمَ أَنَّهُ ٱلۡحَقُّ مِن رَّبِّكَ فَيُؤۡمِنُواْ بِهِۦ فَتُخۡبِتَ لَهُۥ قُلُوبُهُمۡۗ وَإِنَّ ٱللَّهَ لَهَادِ ٱلَّذِينَ ءَامَنُوٓاْ إِلَىٰ صِرَٰطٖ مُّسۡتَقِيمٖ

Ва то касоне, ки дониш ёфтаанд, бидонанд, ки ин [Қуръон] ҳақ аст [ва] аз ҷониби Парвардигори туст ва ба он имон биёваранд ва дилҳояшон барояш [нарму] фурӯтан гардад; ва бе тардид, Аллоҳ таоло касонеро, ки имон овардаанд, ба роҳи рост ҳидоят мекунад info
التفاسير:

external-link copy
55 : 22

وَلَا يَزَالُ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ فِي مِرۡيَةٖ مِّنۡهُ حَتَّىٰ تَأۡتِيَهُمُ ٱلسَّاعَةُ بَغۡتَةً أَوۡ يَأۡتِيَهُمۡ عَذَابُ يَوۡمٍ عَقِيمٍ

Касоне, ки куфр варзиданд, ҳамвора дар мавриди он [чи дар Қуръон нозил кардаем] тардид доранд, то он гоҳ ки ногаҳон қиёмат фаро расад ё азоби рӯзи бехайру раҳмат бар онон [фуруд] ояд info
التفاسير: