ការបកប្រែអត្ថន័យគួរអាន - ការបកប្រែជាភាសាតាជីគីស្ថាន - មជ្ឈមណ្ឌលបកប្រែរ៉ូវ៉ាទ

លេខ​ទំព័រ:close

external-link copy
76 : 17

وَإِن كَادُواْ لَيَسۡتَفِزُّونَكَ مِنَ ٱلۡأَرۡضِ لِيُخۡرِجُوكَ مِنۡهَاۖ وَإِذٗا لَّا يَلۡبَثُونَ خِلَٰفَكَ إِلَّا قَلِيلٗا

Ва наздик буд [ки кофирон бо найранг ва душманӣ] туро аз сарзамин [-и Макка] баркананд, то аз он ҷо берунат кунанд ва [агар чунин мекарданд] дар он сурат онон [низ] пас аз ту ҷуз [замони] андаке намемонданд [ва гирифтори азоб мешуданд] info
التفاسير:

external-link copy
77 : 17

سُنَّةَ مَن قَدۡ أَرۡسَلۡنَا قَبۡلَكَ مِن رُّسُلِنَاۖ وَلَا تَجِدُ لِسُنَّتِنَا تَحۡوِيلًا

Ин [шеваи бархӯрд бо миллатҳои носипос] суннати [Мо дар бораи] паёмбароне аст, ки пеш аз ту фиристодем; ва [ҳаргиз] дар суннати Мо [дигаргунӣ ва] тағйире намеёбӣ info
التفاسير:

external-link copy
78 : 17

أَقِمِ ٱلصَّلَوٰةَ لِدُلُوكِ ٱلشَّمۡسِ إِلَىٰ غَسَقِ ٱلَّيۡلِ وَقُرۡءَانَ ٱلۡفَجۡرِۖ إِنَّ قُرۡءَانَ ٱلۡفَجۡرِ كَانَ مَشۡهُودٗا

Намозро аз заволи хуршед [ҳангоми зуҳр] то ниҳояти торикии шаб [нимаи шаб] бар по дор ва [ба вижа] намози субҳро. Ба ростӣ, ки намози субҳ [ва тиловати Қуръон дар ин вақт] мавриди мушоҳида [ва дар ҳузури фариштагони рӯзу шаб] аст info
التفاسير:

external-link copy
79 : 17

وَمِنَ ٱلَّيۡلِ فَتَهَجَّدۡ بِهِۦ نَافِلَةٗ لَّكَ عَسَىٰٓ أَن يَبۡعَثَكَ رَبُّكَ مَقَامٗا مَّحۡمُودٗا

Ва [эй Паёмабр] посе аз шабро [аз хоб] бархез ва намоз бигузор. Ҳатман, [ин намози шаб] барои афзунии мақому мартабаи туст. Умед аст, Парвардигорат туро ба мақоме писандида [шафоат] барангезад info
التفاسير:

external-link copy
80 : 17

وَقُل رَّبِّ أَدۡخِلۡنِي مُدۡخَلَ صِدۡقٖ وَأَخۡرِجۡنِي مُخۡرَجَ صِدۡقٖ وَٱجۡعَل لِّي مِن لَّدُنكَ سُلۡطَٰنٗا نَّصِيرٗا

Ва бигӯ: «Парвардигоро, маро [дар ҳар коре] ба дурустӣ дохил намо ва ба дурустӣ хориҷ соз [чунон ки мавриди ризои туст]; ва аз ҷониби хеш барои ман [дар баробари душманонам] далеле ёрибахше қарор бидеҳ» info
التفاسير:

external-link copy
81 : 17

وَقُلۡ جَآءَ ٱلۡحَقُّ وَزَهَقَ ٱلۡبَٰطِلُۚ إِنَّ ٱلۡبَٰطِلَ كَانَ زَهُوقٗا

Ва бигӯ: «Ҳақ [ислом] омад ва ботил [ширк] нобуд шуд. Ба ростӣ, ки ботил нобудшуданӣ аст» info
التفاسير:

external-link copy
82 : 17

وَنُنَزِّلُ مِنَ ٱلۡقُرۡءَانِ مَا هُوَ شِفَآءٞ وَرَحۡمَةٞ لِّلۡمُؤۡمِنِينَ وَلَا يَزِيدُ ٱلظَّٰلِمِينَ إِلَّا خَسَارٗا

Ва аз Қуръон он чи дармони [ширку куфр] ва раҳмате барои муъминон аст, нозил мекунем ва [ин китоб] бар ситамгорони [мушрик] ҷуз зиён намеафзояд info
التفاسير:

external-link copy
83 : 17

وَإِذَآ أَنۡعَمۡنَا عَلَى ٱلۡإِنسَٰنِ أَعۡرَضَ وَنَـَٔا بِجَانِبِهِۦ وَإِذَا مَسَّهُ ٱلشَّرُّ كَانَ يَـُٔوسٗا

Ва чун ба инсон неъмат [-и сарват ва саломатӣ] медиҳем, рӯй мегардонад ва [аз шукргузорӣ ва парастиш] дурӣ мекунад ва чун бадӣ [ва газанде] ба ӯ мерасад, [аз раҳмати илоҳӣ] ноумед мегардад info
التفاسير:

external-link copy
84 : 17

قُلۡ كُلّٞ يَعۡمَلُ عَلَىٰ شَاكِلَتِهِۦ فَرَبُّكُمۡ أَعۡلَمُ بِمَنۡ هُوَ أَهۡدَىٰ سَبِيلٗا

[Эй Паёмбар] Бигӯ: «Ҳар кас тибқи равиши хеш [ва мутаносиб бо ҳидоят ё гумроҳияш] рафтор мекунад; ва Парвардигоратон беҳтар медонад, ки чи касе ҳидоятёфтатар аст» info
التفاسير:

external-link copy
85 : 17

وَيَسۡـَٔلُونَكَ عَنِ ٱلرُّوحِۖ قُلِ ٱلرُّوحُ مِنۡ أَمۡرِ رَبِّي وَمَآ أُوتِيتُم مِّنَ ٱلۡعِلۡمِ إِلَّا قَلِيلٗا

Ва [эй Паёмбар, кофирон] аз ту дарбораи Рӯҳ мепурсанд; бигӯ: Рӯҳ аз [ҷумлаи умури ғайбӣ ва бархоста аз] фармони Парвардигори ман аст ва ба ҷуз андаке дониш ба шумо надодаанд» info
التفاسير:

external-link copy
86 : 17

وَلَئِن شِئۡنَا لَنَذۡهَبَنَّ بِٱلَّذِيٓ أَوۡحَيۡنَآ إِلَيۡكَ ثُمَّ لَا تَجِدُ لَكَ بِهِۦ عَلَيۡنَا وَكِيلًا

Ва агар мехостем, ҳатман, он чиро ба ту ваҳй кардаем, [аз ёдат] мебурдем; он гоҳ дар баробари Мо барои худ ҳеҷ [коргузор ва] нигаҳбоне намеёфтӣ [ки монеи фаромӯшиат гардад] info
التفاسير: