ការបកប្រែអត្ថន័យគួរអាន - ការបកប្រែជាភាសាតាជីគីស្ថាន - មជ្ឈមណ្ឌលបកប្រែរ៉ូវ៉ាទ

លេខ​ទំព័រ:close

external-link copy
59 : 17

وَمَا مَنَعَنَآ أَن نُّرۡسِلَ بِٱلۡأٓيَٰتِ إِلَّآ أَن كَذَّبَ بِهَا ٱلۡأَوَّلُونَۚ وَءَاتَيۡنَا ثَمُودَ ٱلنَّاقَةَ مُبۡصِرَةٗ فَظَلَمُواْ بِهَاۚ وَمَا نُرۡسِلُ بِٱلۡأٓيَٰتِ إِلَّا تَخۡوِيفٗا

[Чизе] Моро аз фиристодани муъҷизот [дархости мушрикон] бознадошт, магар ин ки пешиниён онро дурӯғ пиндоштанд; ва Мо ба Самуд [қавми Солеҳ] он модашутурро ба унвони нишонаи равшан додем; пас, ба он ситам карданд ва Мо нишонаҳо [ва муъҷизот]-ро ҷуз барои бим додан [-и мардум] намефиристем. info
التفاسير:

external-link copy
60 : 17

وَإِذۡ قُلۡنَا لَكَ إِنَّ رَبَّكَ أَحَاطَ بِٱلنَّاسِۚ وَمَا جَعَلۡنَا ٱلرُّءۡيَا ٱلَّتِيٓ أَرَيۡنَٰكَ إِلَّا فِتۡنَةٗ لِّلنَّاسِ وَٱلشَّجَرَةَ ٱلۡمَلۡعُونَةَ فِي ٱلۡقُرۡءَانِۚ وَنُخَوِّفُهُمۡ فَمَا يَزِيدُهُمۡ إِلَّا طُغۡيَٰنٗا كَبِيرٗا

Ва [ба ёд овар] ҳангоме ки ба ту гуфтем: «Яқинан, Парвардигорат бар мардум иҳота дорад»; ва он руъёеро, ки [дар шаби меъроҷ] ба ту намоёндем; ва [ҳамчунин] он дарахти лаънатшуда [-и зақум] дар Қуръонро ҷуз барои озмоиши мардум қарор надодем; ва Мо ононро бим медиҳем, вале ҷуз бар cаркашии бештарашон намеафзояд info
التفاسير:

external-link copy
61 : 17

وَإِذۡ قُلۡنَا لِلۡمَلَٰٓئِكَةِ ٱسۡجُدُواْ لِأٓدَمَ فَسَجَدُوٓاْ إِلَّآ إِبۡلِيسَ قَالَ ءَأَسۡجُدُ لِمَنۡ خَلَقۡتَ طِينٗا

Ва [ёд кун аз] ҳангоме ки ба фариштагон гуфтем: «Барои Одам саҷда кунед»; пас, [ҳамагӣ] саҷда карданд, ба ҷуз Иблис, ки гуфт: «Оё барои касе саҷда кунам, ки [ӯро] аз гил офаридаӣ?» info
التفاسير:

external-link copy
62 : 17

قَالَ أَرَءَيۡتَكَ هَٰذَا ٱلَّذِي كَرَّمۡتَ عَلَيَّ لَئِنۡ أَخَّرۡتَنِ إِلَىٰ يَوۡمِ ٱلۡقِيَٰمَةِ لَأَحۡتَنِكَنَّ ذُرِّيَّتَهُۥٓ إِلَّا قَلِيلٗا

[Ва] Гуфт: «Ба ман хабар бидеҳ, ин аст он ки бар ман [бартарӣ додӣ ва] гиромӣ доштӣ? Агар ба ман то рӯзи қиёмат муҳлат диҳӣ, фарзандонашро – ҷуз иддаи каме- [маҳорзада ва] решакан хоҳам кард» info
التفاسير:

external-link copy
63 : 17

قَالَ ٱذۡهَبۡ فَمَن تَبِعَكَ مِنۡهُمۡ فَإِنَّ جَهَنَّمَ جَزَآؤُكُمۡ جَزَآءٗ مَّوۡفُورٗا

[Аллоҳ таоло] Фармуд: «Бирав, ки ҳар як аз эшон аз ту пайравӣ кунад, пас, яқинан дузах подошатон хоҳад буд, ки подоше комил аст info
التفاسير:

external-link copy
64 : 17

وَٱسۡتَفۡزِزۡ مَنِ ٱسۡتَطَعۡتَ مِنۡهُم بِصَوۡتِكَ وَأَجۡلِبۡ عَلَيۡهِم بِخَيۡلِكَ وَرَجِلِكَ وَشَارِكۡهُمۡ فِي ٱلۡأَمۡوَٰلِ وَٱلۡأَوۡلَٰدِ وَعِدۡهُمۡۚ وَمَا يَعِدُهُمُ ٱلشَّيۡطَٰنُ إِلَّا غُرُورًا

Ва аз эшон ҳар киро тавонистӣ, ба овози худ барангез [ва ба сӯйи гуноҳ бикаш] ва ба саворону пиёдагонат бар онон бонг бизан [то олудаи гуноҳ гарданд] ва дар амволу фарзандон шарикашон шав ва ба онон ваъда[-ҳои воҳӣ] бидеҳ; ва[-ле] шайтон ба онон ваъда намедиҳад, магар ба фиреб info
التفاسير:

external-link copy
65 : 17

إِنَّ عِبَادِي لَيۡسَ لَكَ عَلَيۡهِمۡ سُلۡطَٰنٞۚ وَكَفَىٰ بِرَبِّكَ وَكِيلٗا

[Эй шайтон] Ту ҳаргиз бар бандагони ман тасаллуте нахоҳӣ дошт»; ва [эй Паёмбар] ҳамин бас, ки Парвардигорат [коргузору] нигаҳбони онон [муъминон] бошад info
التفاسير:

external-link copy
66 : 17

رَّبُّكُمُ ٱلَّذِي يُزۡجِي لَكُمُ ٱلۡفُلۡكَ فِي ٱلۡبَحۡرِ لِتَبۡتَغُواْ مِن فَضۡلِهِۦٓۚ إِنَّهُۥ كَانَ بِكُمۡ رَحِيمٗا

[Эй мардум] Парвардигори шумо касест, ки киштиро дар дарё бароятон ба ҳаракат дармеоварад, то аз фазлаш баҳраманд гардед. Бе тардид, Ӯ ҳамвора нисбат ба шумо меҳрубон аст info
التفاسير: