ការបកប្រែអត្ថន័យគួរអាន - ការបកប្រែជាភាសាតាជីគីស្ថាន - មជ្ឈមណ្ឌលបកប្រែរ៉ូវ៉ាទ

លេខ​ទំព័រ:close

external-link copy
39 : 17

ذَٰلِكَ مِمَّآ أَوۡحَىٰٓ إِلَيۡكَ رَبُّكَ مِنَ ٱلۡحِكۡمَةِۗ وَلَا تَجۡعَلۡ مَعَ ٱللَّهِ إِلَٰهًا ءَاخَرَ فَتُلۡقَىٰ فِي جَهَنَّمَ مَلُومٗا مَّدۡحُورًا

Ин аз он ҳикмат [-ҳое] аст, ки аз ҷониби Парвардигорат ба ту ваҳй шудааст; ва бо Аллоҳ таоло маъбуди дигаре қарор надеҳ, ки накуҳида ва рондашуда ба дузах хоҳӣ афтод info
التفاسير:

external-link copy
40 : 17

أَفَأَصۡفَىٰكُمۡ رَبُّكُم بِٱلۡبَنِينَ وَٱتَّخَذَ مِنَ ٱلۡمَلَٰٓئِكَةِ إِنَٰثًاۚ إِنَّكُمۡ لَتَقُولُونَ قَوۡلًا عَظِيمٗا

Оё [шумо мушрикон гумон мекунед, ки] Парвардигоратон [доштани] писаронро ба шумо ихтисос додааст ва худ аз [миёни] фариштагон духтароне баргирифтааст? Ба ростӣ, ки сухане бисёр бузург [ва нораво] мегӯед info
التفاسير:

external-link copy
41 : 17

وَلَقَدۡ صَرَّفۡنَا فِي هَٰذَا ٱلۡقُرۡءَانِ لِيَذَّكَّرُواْ وَمَا يَزِيدُهُمۡ إِلَّا نُفُورٗا

Ва бе тардид, Мо дар ин Қуръон [аҳкому андарзҳоро бо шеваҳои] гуногун баён кардем, то [мардум] панд бигиранд; ва[-ле ин суханон] ҷуз дурӣ [аз ҳақ] бар онон намеафзояд info
التفاسير:

external-link copy
42 : 17

قُل لَّوۡ كَانَ مَعَهُۥٓ ءَالِهَةٞ كَمَا يَقُولُونَ إِذٗا لَّٱبۡتَغَوۡاْ إِلَىٰ ذِي ٱلۡعَرۡشِ سَبِيلٗا

[Эй Паёмбар] Бигӯ: «Агар [бар фарзи маҳол] чунон ки [мушрикон] мегӯянд, бо Ӯ [Аллоҳ таоло] маъбудоне [дигар] буд, дар ин сурат, онон [барои тақарруб ва касби хушнудии Парвардигор] ба сӯи [Аллоҳ таоло] соҳиби Арш роҳе меҷустанд» info
التفاسير:

external-link copy
43 : 17

سُبۡحَٰنَهُۥ وَتَعَٰلَىٰ عَمَّا يَقُولُونَ عُلُوّٗا كَبِيرٗا

Ӯ поку муназзаҳ аст ва аз он чи онон мегӯянд, басе бартар аст info
التفاسير:

external-link copy
44 : 17

تُسَبِّحُ لَهُ ٱلسَّمَٰوَٰتُ ٱلسَّبۡعُ وَٱلۡأَرۡضُ وَمَن فِيهِنَّۚ وَإِن مِّن شَيۡءٍ إِلَّا يُسَبِّحُ بِحَمۡدِهِۦ وَلَٰكِن لَّا تَفۡقَهُونَ تَسۡبِيحَهُمۡۚ إِنَّهُۥ كَانَ حَلِيمًا غَفُورٗا

Осмонҳои ҳафтгонаву замин ва ҳар ки дар онҳост, Ӯро ба покӣ меситоянд; ва ҳеҷ чиз нест, магар он ки Ӯро ба покӣ ёд мекунад; вале шумо тасбеҳи ононро дарнамеёбед. Бе тардид, Ӯ ҳамвора бурдбор [ва] омурзанда аст info
التفاسير:

external-link copy
45 : 17

وَإِذَا قَرَأۡتَ ٱلۡقُرۡءَانَ جَعَلۡنَا بَيۡنَكَ وَبَيۡنَ ٱلَّذِينَ لَا يُؤۡمِنُونَ بِٱلۡأٓخِرَةِ حِجَابٗا مَّسۡتُورٗا

Ва [эй Паёмбар] ҳангоме ки Қуръон мехонӣ, миёни ту ва касоне, ки ба охират имон надоранд, пардае пӯшида қарор медиҳем info
التفاسير:

external-link copy
46 : 17

وَجَعَلۡنَا عَلَىٰ قُلُوبِهِمۡ أَكِنَّةً أَن يَفۡقَهُوهُ وَفِيٓ ءَاذَانِهِمۡ وَقۡرٗاۚ وَإِذَا ذَكَرۡتَ رَبَّكَ فِي ٱلۡقُرۡءَانِ وَحۡدَهُۥ وَلَّوۡاْ عَلَىٰٓ أَدۡبَٰرِهِمۡ نُفُورٗا

Ва бар дилҳояшон пӯшише қарор додем, то [паёми] онро дарнаёбанд ва дар гӯшҳояшон сангинӣ [ниҳодем, то ҳақро нашнаванд]; ва чун Парвардигоратро дар Қуръон ба ягонагӣ ёд мекунӣ, бо нафрат пушт мекунанд [ва мегурезанд] info
التفاسير:

external-link copy
47 : 17

نَّحۡنُ أَعۡلَمُ بِمَا يَسۡتَمِعُونَ بِهِۦٓ إِذۡ يَسۡتَمِعُونَ إِلَيۡكَ وَإِذۡ هُمۡ نَجۡوَىٰٓ إِذۡ يَقُولُ ٱلظَّٰلِمُونَ إِن تَتَّبِعُونَ إِلَّا رَجُلٗا مَّسۡحُورًا

Ва он гоҳ ки [кофирон] ба ту гӯш месупоранд, Мо беҳтар медонем, ки ба чи [манзур ва чи гуна] гӯш медиҳанд ва [низ] он гоҳ ки наҷво мекунанд [Мо аз суханонаншон огоҳем]; он гоҳ ки ситмакорон [-и мушрик ба мардум] мегӯянд: «Шумо ҷуз аз марди ҷодушудае пайравӣ намекунед» info
التفاسير:

external-link copy
48 : 17

ٱنظُرۡ كَيۡفَ ضَرَبُواْ لَكَ ٱلۡأَمۡثَالَ فَضَلُّواْ فَلَا يَسۡتَطِيعُونَ سَبِيلٗا

Бингар, ки чи гуна бароят мисолҳо задаанд, пас, гумроҳ шуданд ва дар натиҷа наметавонанд роҳе [ба сӯйи ҳақ] бибаранд info
التفاسير:

external-link copy
49 : 17

وَقَالُوٓاْ أَءِذَا كُنَّا عِظَٰمٗا وَرُفَٰتًا أَءِنَّا لَمَبۡعُوثُونَ خَلۡقٗا جَدِيدٗا

Ва [мушрикон] гуфтанд: «Оё ҳангоме ки устухонҳое [пӯсида ва] пароканда шудем, дубора бо офариниши ҷадид барангехта мешавем?» info
التفاسير: