クルアーンの対訳 - タジク語対訳 - ルゥワード翻訳事業センター

ページ番号:close

external-link copy
26 : 40

وَقَالَ فِرۡعَوۡنُ ذَرُونِيٓ أَقۡتُلۡ مُوسَىٰ وَلۡيَدۡعُ رَبَّهُۥٓۖ إِنِّيٓ أَخَافُ أَن يُبَدِّلَ دِينَكُمۡ أَوۡ أَن يُظۡهِرَ فِي ٱلۡأَرۡضِ ٱلۡفَسَادَ

Фиръавн гуфт: «Бигузоред, то Мӯсоро бикушам ва [чун касеро надорад] ногузир аст Парвардигорашро ба ёрӣ бихонад [ва ман аз вай ҳаросе надорам]. Метарсам, ки ӯ динатонро дигаргун созад ё дар ин сарзамин табоҳӣ ба бор оварад» info
التفاسير:

external-link copy
27 : 40

وَقَالَ مُوسَىٰٓ إِنِّي عُذۡتُ بِرَبِّي وَرَبِّكُم مِّن كُلِّ مُتَكَبِّرٖ لَّا يُؤۡمِنُ بِيَوۡمِ ٱلۡحِسَابِ

Мӯсо гуфт: «Ман аз [шарри] ҳар мутакаббире, ки ба рӯзи ҳисоб бовар надорад, ба Парвардигори хеш ва Парвардигори шумо паноҳ мебарам» info
التفاسير:

external-link copy
28 : 40

وَقَالَ رَجُلٞ مُّؤۡمِنٞ مِّنۡ ءَالِ فِرۡعَوۡنَ يَكۡتُمُ إِيمَٰنَهُۥٓ أَتَقۡتُلُونَ رَجُلًا أَن يَقُولَ رَبِّيَ ٱللَّهُ وَقَدۡ جَآءَكُم بِٱلۡبَيِّنَٰتِ مِن رَّبِّكُمۡۖ وَإِن يَكُ كَٰذِبٗا فَعَلَيۡهِ كَذِبُهُۥۖ وَإِن يَكُ صَادِقٗا يُصِبۡكُم بَعۡضُ ٱلَّذِي يَعِدُكُمۡۖ إِنَّ ٱللَّهَ لَا يَهۡدِي مَنۡ هُوَ مُسۡرِفٞ كَذَّابٞ

Ва марди муъмине аз хонаводаи Фиръавн, ки имонашро пинҳон медошт, гуфт: «Оё мехоҳед ин мардро [фақат ба хотири ин ҷурм] бикушед, ки мегӯяд: «Парвардигорам Аллоҳ таоло аст» ва [дар таъйиди суханаш низ] далоили равшане аз сӯйи Парвардигратон барои шумо овардааст? Агар дурӯғгӯ бошад, [гуноҳи] дурӯғаш бар уҳдаи худи ӯст ва агар рост гуфта бошад, [дасти кам] бархе аз азобҳое, ки ваъда медиҳад, ба шумо хоҳад расид info
التفاسير:

external-link copy
29 : 40

يَٰقَوۡمِ لَكُمُ ٱلۡمُلۡكُ ٱلۡيَوۡمَ ظَٰهِرِينَ فِي ٱلۡأَرۡضِ فَمَن يَنصُرُنَا مِنۢ بَأۡسِ ٱللَّهِ إِن جَآءَنَاۚ قَالَ فِرۡعَوۡنُ مَآ أُرِيكُمۡ إِلَّا مَآ أَرَىٰ وَمَآ أَهۡدِيكُمۡ إِلَّا سَبِيلَ ٱلرَّشَادِ

Бе тардид, Аллоҳ таоло касеро, ки исрофкору дурӯғгӯст, ҳидоят намекунад. Эй қавми ман, имрӯз фармонравоӣ дар ихтиёри шумост ва дар ин сарзамин султа доред, вале агар сахтгирии Аллоҳ таоло домангирамон шавад, чи касе моро ёрӣ хоҳад кард»? Фиръавн гуфт: «Ман фақат он чиро салоҳ медонам, мегӯям ва шуморо ба роҳи рост ҳидоят мекунам» info
التفاسير:

external-link copy
30 : 40

وَقَالَ ٱلَّذِيٓ ءَامَنَ يَٰقَوۡمِ إِنِّيٓ أَخَافُ عَلَيۡكُم مِّثۡلَ يَوۡمِ ٱلۡأَحۡزَابِ

Он марди муъмин гуфт: «Эй қавми ман, метарсам азобе ҳамчун азоби ақвоми пешин [ки аз паёмбаронашон сарпечӣ карданд] бар саратон биёяд info
التفاسير:

external-link copy
31 : 40

مِثۡلَ دَأۡبِ قَوۡمِ نُوحٖ وَعَادٖ وَثَمُودَ وَٱلَّذِينَ مِنۢ بَعۡدِهِمۡۚ وَمَا ٱللَّهُ يُرِيدُ ظُلۡمٗا لِّلۡعِبَادِ

Монанди шеваи [азоби] қавми Нуҳ ва Оду Самуд ва касоне ки баъд аз онон буданд, дар ҳоле Аллоҳ таоло ситаме барои бандагонаш намехоҳад info
التفاسير:

external-link copy
32 : 40

وَيَٰقَوۡمِ إِنِّيٓ أَخَافُ عَلَيۡكُمۡ يَوۡمَ ٱلتَّنَادِ

Ва эй қавми ман, бар шумо аз рӯзе метарсам, ки мардум ба фарёд аз якдигар ёрӣ мехоҳанд info
التفاسير:

external-link copy
33 : 40

يَوۡمَ تُوَلُّونَ مُدۡبِرِينَ مَا لَكُم مِّنَ ٱللَّهِ مِنۡ عَاصِمٖۗ وَمَن يُضۡلِلِ ٱللَّهُ فَمَا لَهُۥ مِنۡ هَادٖ

[Ҳамон] Рӯзе, ки ҳамагӣ [аз тарс] ба ақиб боз мегардед ва дар баробари [муҷозоти] Аллоҳ таоло ҳеҷ муҳофизе надоред ва ҳар киро Аллоҳ таоло гумроҳ кунад, ҳеҷ ҳидоятгаре нахоҳад дошт info
التفاسير: