クルアーンの対訳 - タジク語対訳 - ルゥワード翻訳事業センター

ページ番号:close

external-link copy
78 : 40

وَلَقَدۡ أَرۡسَلۡنَا رُسُلٗا مِّن قَبۡلِكَ مِنۡهُم مَّن قَصَصۡنَا عَلَيۡكَ وَمِنۡهُم مَّن لَّمۡ نَقۡصُصۡ عَلَيۡكَۗ وَمَا كَانَ لِرَسُولٍ أَن يَأۡتِيَ بِـَٔايَةٍ إِلَّا بِإِذۡنِ ٱللَّهِۚ فَإِذَا جَآءَ أَمۡرُ ٱللَّهِ قُضِيَ بِٱلۡحَقِّ وَخَسِرَ هُنَالِكَ ٱلۡمُبۡطِلُونَ

Пеш аз ту низ паёмбароне фиристодаем, ки [саргузашти] бархе аз эшонро бароят ҳикоят кардаем ва бархе дигарро ҳикоят накардаем ва ҳеҷ расуле наметавонист бидуни фармони илоҳӣ муъҷизае ироа кунад ва он гоҳ ки фармони Аллоҳ таоло [барои подош ва кайфар] фаро расад, ба ҳақ ва адолат доварӣ хоҳад шуд ва ботиландешон зиёнкор хоҳанд буд info
التفاسير:

external-link copy
79 : 40

ٱللَّهُ ٱلَّذِي جَعَلَ لَكُمُ ٱلۡأَنۡعَٰمَ لِتَرۡكَبُواْ مِنۡهَا وَمِنۡهَا تَأۡكُلُونَ

Аллоҳ таоло аст, ки чаҳорпоёнро бароятон офарид, то аз бархе барои саворӣ ва аз бархе барои тағзия истифода кунед info
التفاسير:

external-link copy
80 : 40

وَلَكُمۡ فِيهَا مَنَٰفِعُ وَلِتَبۡلُغُواْ عَلَيۡهَا حَاجَةٗ فِي صُدُورِكُمۡ وَعَلَيۡهَا وَعَلَى ٱلۡفُلۡكِ تُحۡمَلُونَ

Ва барои шумо дар онҳо судҳои дигаре низ ҳаст ва низ барои он ки савор бар онҳо ба мақсаде, ки дар дил доред, бирасед ва бар онҳо ва бар киштиҳо [ба ҳар ҷо ки мехоҳед] мунтақил мешавед info
التفاسير:

external-link copy
81 : 40

وَيُرِيكُمۡ ءَايَٰتِهِۦ فَأَيَّ ءَايَٰتِ ٱللَّهِ تُنكِرُونَ

Аллоҳ таоло нишонаҳои [қудрату тадбири] худро ба шумо нишон медиҳад, пас, кадом як аз нишонаҳои илоҳиро инкор мекунед? info
التفاسير:

external-link copy
82 : 40

أَفَلَمۡ يَسِيرُواْ فِي ٱلۡأَرۡضِ فَيَنظُرُواْ كَيۡفَ كَانَ عَٰقِبَةُ ٱلَّذِينَ مِن قَبۡلِهِمۡۚ كَانُوٓاْ أَكۡثَرَ مِنۡهُمۡ وَأَشَدَّ قُوَّةٗ وَءَاثَارٗا فِي ٱلۡأَرۡضِ فَمَآ أَغۡنَىٰ عَنۡهُم مَّا كَانُواْ يَكۡسِبُونَ

Оё мушрикон дар замин гардиш накардаанд, то бубинанд саранҷоми касоне, ки пеш аз онон буданд, чи гуна будааст? Он ақвоми гузашта шуморашон аз инҳо афзунтар буд ва осору биноҳои бештаре дар замин падид оварда буданд, аммо [ ҳангоми нузули азоб] дастовардашон суде ба ҳолашон надошт info
التفاسير:

external-link copy
83 : 40

فَلَمَّا جَآءَتۡهُمۡ رُسُلُهُم بِٱلۡبَيِّنَٰتِ فَرِحُواْ بِمَا عِندَهُم مِّنَ ٱلۡعِلۡمِ وَحَاقَ بِهِم مَّا كَانُواْ بِهِۦ يَسۡتَهۡزِءُونَ

Ҳангоме ки паёмбаронашон бо нишонаҳои равшан ба суроғашон омаданд, ба донишу кордонии худ сармаст [ва аз тавҳид рӯйгардон] шуданд ва ҳамон азобе, ки масхарааш мекарданд, домангирашон шуд info
التفاسير:

external-link copy
84 : 40

فَلَمَّا رَأَوۡاْ بَأۡسَنَا قَالُوٓاْ ءَامَنَّا بِٱللَّهِ وَحۡدَهُۥ وَكَفَرۡنَا بِمَا كُنَّا بِهِۦ مُشۡرِكِينَ

Пас, чун азоби Моро диданд, гуфтанд: «Танҳо ба Аллоҳ таоло имон овардем ва маъбудонеро, ки шарики Ӯ қарор дода будем, инкор мекунем» info
التفاسير:

external-link copy
85 : 40

فَلَمۡ يَكُ يَنفَعُهُمۡ إِيمَٰنُهُمۡ لَمَّا رَأَوۡاْ بَأۡسَنَاۖ سُنَّتَ ٱللَّهِ ٱلَّتِي قَدۡ خَلَتۡ فِي عِبَادِهِۦۖ وَخَسِرَ هُنَالِكَ ٱلۡكَٰفِرُونَ

Аммо имон оварданашон ба ҳангоми мушоҳидаи азоб ҳеҷ суде надошт. Ин суннати илоҳӣ [ки дар ҳангоми азоб тавбаи касе пазируфта намегардад, ҳамвора] дар мавриди бандагони Аллоҳ таоло ҷорӣ будааст ва дар ин ҷо кофирон зиёнкор шуданд info
التفاسير: