Traduzione dei Significati del Sacro Corano - Traduzione tagica - Pioneers Translation Center (Ruwwad at-Tarjama)

Numero di pagina:close

external-link copy
48 : 39

وَبَدَا لَهُمۡ سَيِّـَٔاتُ مَا كَسَبُواْ وَحَاقَ بِهِم مَّا كَانُواْ بِهِۦ يَسۡتَهۡزِءُونَ

[Дар он рӯз] Дастоварди зишташон бар онон ошкор мешавад ва азобе, ки масхара мекарданд, домангирашон хоҳад шуд info
التفاسير:

external-link copy
49 : 39

فَإِذَا مَسَّ ٱلۡإِنسَٰنَ ضُرّٞ دَعَانَا ثُمَّ إِذَا خَوَّلۡنَٰهُ نِعۡمَةٗ مِّنَّا قَالَ إِنَّمَآ أُوتِيتُهُۥ عَلَىٰ عِلۡمِۭۚ بَلۡ هِيَ فِتۡنَةٞ وَلَٰكِنَّ أَكۡثَرَهُمۡ لَا يَعۡلَمُونَ

Ҳар гоҳ инсон дучори [ранҷу] зиёне шавад, Моро [ба ниёиш] мехонад ва чун аз ҷониби хеш неъмате ба вай арзонӣ дорем, мегӯяд: "Фақат [лаёқат ва] доноии худам муҷиби ин неъмат шудааст. [На] балки ин озмоиш [-и илоҳӣ] аст, вале бештари мардум намедонанд info
التفاسير:

external-link copy
50 : 39

قَدۡ قَالَهَا ٱلَّذِينَ مِن قَبۡلِهِمۡ فَمَآ أَغۡنَىٰ عَنۡهُم مَّا كَانُواْ يَكۡسِبُونَ

Пешиниёнашон ҳам ҳамин суханро гуфтанд, вале [ба ҳангоми азоб] дастовардашон суде ба ҳолашон надошт info
التفاسير:

external-link copy
51 : 39

فَأَصَابَهُمۡ سَيِّـَٔاتُ مَا كَسَبُواْۚ وَٱلَّذِينَ ظَلَمُواْ مِنۡ هَٰٓؤُلَآءِ سَيُصِيبُهُمۡ سَيِّـَٔاتُ مَا كَسَبُواْ وَمَا هُم بِمُعۡجِزِينَ

Ва [уқубати] дастоварди зишташон домангирашон шуд. Ин ситамгорон [-и мушрик] низ ба уқубати дастовардашон гирифтор хоҳанд шуд ва [Парвардигори мутаолро] ба танг нахоҳанд овард info
التفاسير:

external-link copy
52 : 39

أَوَلَمۡ يَعۡلَمُوٓاْ أَنَّ ٱللَّهَ يَبۡسُطُ ٱلرِّزۡقَ لِمَن يَشَآءُ وَيَقۡدِرُۚ إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَأٓيَٰتٖ لِّقَوۡمٖ يُؤۡمِنُونَ

Оё мушрикон намедонанд, ки Аллоҳ таоло [неъмат ва] рӯзиро бар ҳар касе, ки бихоҳад, густурда медорад ва ё танг мегирад? Бе гумон, дар ин амр барои муъминон нишонаҳое [аз тадбири илоҳӣ] аст info
التفاسير:

external-link copy
53 : 39

۞ قُلۡ يَٰعِبَادِيَ ٱلَّذِينَ أَسۡرَفُواْ عَلَىٰٓ أَنفُسِهِمۡ لَا تَقۡنَطُواْ مِن رَّحۡمَةِ ٱللَّهِۚ إِنَّ ٱللَّهَ يَغۡفِرُ ٱلذُّنُوبَ جَمِيعًاۚ إِنَّهُۥ هُوَ ٱلۡغَفُورُ ٱلرَّحِيمُ

[Эй Паёмбар] Ба бандагонам, ки [дар иртикоб ба ширку гуноҳ] зиёдаравӣ кардаанд, бигӯ: «Аз раҳмати илоҳӣ маъюс набошед, чаро ки [агар тавба кунед] Аллоҳ таоло ҳамаи гуноҳонатонро мебахшад. Ба ростӣ, ки Ӯ бисёр омурзанда ва меҳрубон аст info
التفاسير:

external-link copy
54 : 39

وَأَنِيبُوٓاْ إِلَىٰ رَبِّكُمۡ وَأَسۡلِمُواْ لَهُۥ مِن قَبۡلِ أَن يَأۡتِيَكُمُ ٱلۡعَذَابُ ثُمَّ لَا تُنصَرُونَ

Пеш аз он ки азоб ба суроғатон биёяд ва ҳеҷ кас натавонад ёриатон кунад, ба сӯйи Парвардигоратон бозгардед ва таслими [фармони] Ӯ гардед info
التفاسير:

external-link copy
55 : 39

وَٱتَّبِعُوٓاْ أَحۡسَنَ مَآ أُنزِلَ إِلَيۡكُم مِّن رَّبِّكُم مِّن قَبۡلِ أَن يَأۡتِيَكُمُ ٱلۡعَذَابُ بَغۡتَةٗ وَأَنتُمۡ لَا تَشۡعُرُونَ

Ва пеш аз он ки ногаҳон, дар ҳоле ки ғофилед, азоб ба суроғатон биёяд, аз беҳтарин дастурҳое, ки аз ҷониби Парвардигоратон ба шумо нозил шудааст, пайравӣ кунед info
التفاسير:

external-link copy
56 : 39

أَن تَقُولَ نَفۡسٞ يَٰحَسۡرَتَىٰ عَلَىٰ مَا فَرَّطتُ فِي جَنۢبِ ٱللَّهِ وَإِن كُنتُ لَمِنَ ٱلسَّٰخِرِينَ

[Ҳам акнун барҳазар бошед] то касе [дар рӯзи қиёмат] нагӯяд: «Эй дареғ бар ман, ки дар ҳаққи Аллоҳ таоло кӯтоҳӣ намудам ва [муъминонро] масхара мекардам»! info
التفاسير: