Traduzione dei Significati del Sacro Corano - Traduzione tagica - Pioneers Translation Center (Ruwwad at-Tarjama)

Numero di pagina:close

external-link copy
32 : 39

۞ فَمَنۡ أَظۡلَمُ مِمَّن كَذَبَ عَلَى ٱللَّهِ وَكَذَّبَ بِٱلصِّدۡقِ إِذۡ جَآءَهُۥٓۚ أَلَيۡسَ فِي جَهَنَّمَ مَثۡوٗى لِّلۡكَٰفِرِينَ

Ва кист ситамгортар аз он ки ба Аллоҳ таоло, дурӯғ нисбат медиҳад ва сухани ростеро, ки ба вай расидааст, дурӯғ мешуморад? Оё дар дузах ҷойгоҳе барои кофирон нест? info
التفاسير:

external-link copy
33 : 39

وَٱلَّذِي جَآءَ بِٱلصِّدۡقِ وَصَدَّقَ بِهِۦٓ أُوْلَٰٓئِكَ هُمُ ٱلۡمُتَّقُونَ

Аммо онон, ки паёми ростин биёваранд [ва дигаронро ба пазириши он даъват кунанд] ва худ низ онро тасдиқ намоянд, ба ростӣ, парҳезгоранд info
التفاسير:

external-link copy
34 : 39

لَهُم مَّا يَشَآءُونَ عِندَ رَبِّهِمۡۚ ذَٰلِكَ جَزَآءُ ٱلۡمُحۡسِنِينَ

Ҳар чи бихоҳанд, назди Парвардигорашон доранд. Подоши некукорон ҳамин аст info
التفاسير:

external-link copy
35 : 39

لِيُكَفِّرَ ٱللَّهُ عَنۡهُمۡ أَسۡوَأَ ٱلَّذِي عَمِلُواْ وَيَجۡزِيَهُمۡ أَجۡرَهُم بِأَحۡسَنِ ٱلَّذِي كَانُواْ يَعۡمَلُونَ

То Аллоҳ таоло бадтарин рафторашонро аз [корномаи] онон бизудояд ва бар асоси беҳтарин аъмолашон ба эшон подош диҳад info
التفاسير:

external-link copy
36 : 39

أَلَيۡسَ ٱللَّهُ بِكَافٍ عَبۡدَهُۥۖ وَيُخَوِّفُونَكَ بِٱلَّذِينَ مِن دُونِهِۦۚ وَمَن يُضۡلِلِ ٱللَّهُ فَمَا لَهُۥ مِنۡ هَادٖ

Оё Аллоҳ таоло барои дифоъ аз бандааш кофӣ нест? Аммо мушрикон туро аз бутҳо ва маъбудонашон метарсонанд ва ҳар киро Аллоҳ таоло гумроҳ кунад, ҳеҷ ҳидоятгаре нахоҳад дошт info
التفاسير:

external-link copy
37 : 39

وَمَن يَهۡدِ ٱللَّهُ فَمَا لَهُۥ مِن مُّضِلٍّۗ أَلَيۡسَ ٱللَّهُ بِعَزِيزٖ ذِي ٱنتِقَامٖ

Ва ҳар киро, ки Аллоҳ таоло ҳидоят кунад, ҳеҷ кас гумроҳаш нахоҳад сохт. Оё Аллоҳ таоло шикастнопазиру додситон нест?! info
التفاسير:

external-link copy
38 : 39

وَلَئِن سَأَلۡتَهُم مَّنۡ خَلَقَ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضَ لَيَقُولُنَّ ٱللَّهُۚ قُلۡ أَفَرَءَيۡتُم مَّا تَدۡعُونَ مِن دُونِ ٱللَّهِ إِنۡ أَرَادَنِيَ ٱللَّهُ بِضُرٍّ هَلۡ هُنَّ كَٰشِفَٰتُ ضُرِّهِۦٓ أَوۡ أَرَادَنِي بِرَحۡمَةٍ هَلۡ هُنَّ مُمۡسِكَٰتُ رَحۡمَتِهِۦۚ قُلۡ حَسۡبِيَ ٱللَّهُۖ عَلَيۡهِ يَتَوَكَّلُ ٱلۡمُتَوَكِّلُونَ

[Эй Паёмбар] Агар аз мушрикон бипурсӣ: «Чи касе осмонҳо ва заминро офаридааст»? Мусалламан, мегӯянд: «Аллоҳ таоло». Ба онон бигӯ: «Пас, ба назари шумо, агар Аллоҳ таоло нохушӣ ва ранҷе бароям бихоҳад, оё он чи ба ҷойи Аллоҳ таоло [ба ниёиш] мехонед, метавонанд осебашро бартараф кунанд? Ё агар Аллоҳ таоло раҳмате барои ман бихоҳад, оё метавонанд монеаш шаванд?» Бигӯ: [Пуштибонии] Аллоҳ таоло бароям кофӣ аст. Аҳли таваккал танҳо бар Ӯ таваккал мекунанд» info
التفاسير:

external-link copy
39 : 39

قُلۡ يَٰقَوۡمِ ٱعۡمَلُواْ عَلَىٰ مَكَانَتِكُمۡ إِنِّي عَٰمِلٞۖ فَسَوۡفَ تَعۡلَمُونَ

Бигӯ: «Эй қавми ман, шумо бар ҳол [ва вазъи ширкомез]-и худ бошед, ман низ [ба вазоифи худ] амал мекунам. Ба зудӣ хоҳед донист, info
التفاسير:

external-link copy
40 : 39

مَن يَأۡتِيهِ عَذَابٞ يُخۡزِيهِ وَيَحِلُّ عَلَيۡهِ عَذَابٞ مُّقِيمٌ

[Ба зудӣ хоҳед донист, ] ки кист он ки [дар дунё] гирифтори азоби расвогар мешавад ва [дар охират] азоби поянда бар сараш меборад» info
التفاسير: