Fassarar Ma'anonin Alqura'ni - Fassarar Yaren Tajik - Kujah Mairuf Kujah Mir

Ториқ

external-link copy
1 : 86

وَٱلسَّمَآءِ وَٱلطَّارِقِ

1. Аллоҳ савганд ёд мекунад ба осмон ва ситорае, ки шабонагоҳ пайдо мешавад. info
التفاسير:

external-link copy
2 : 86

وَمَآ أَدۡرَىٰكَ مَا ٱلطَّارِقُ

2. Ва ту чӣ донӣ, ки ситорае, ки дар шаб пайдо мешавад, чи ҳаст? info
التفاسير:

external-link copy
3 : 86

ٱلنَّجۡمُ ٱلثَّاقِبُ

3. Ситораи дурахшоне ҳаст, ки торикии шабро мешикофад. info
التفاسير:

external-link copy
4 : 86

إِن كُلُّ نَفۡسٖ لَّمَّا عَلَيۡهَا حَافِظٞ

4. Касе вуҷуд надорад, магар ки бар ӯ фариштае вакил карда шудааст барои навиштани амалҳои ӯ. info
التفاسير:

external-link copy
5 : 86

فَلۡيَنظُرِ ٱلۡإِنسَٰنُ مِمَّ خُلِقَ

5. Пас одамӣ, ки рӯзи аз нав зинда гардонидани баъд аз мирониданро инкор мекунад, бингарад, ки аз чӣ чиз офарида шудааст? info
التفاسير:

external-link copy
6 : 86

خُلِقَ مِن مَّآءٖ دَافِقٖ

6. Аз оби мании ҷаҳандаи ночиз офарида шудааст, info
التفاسير:

external-link copy
7 : 86

يَخۡرُجُ مِنۢ بَيۡنِ ٱلصُّلۡبِ وَٱلتَّرَآئِبِ

7. ки аз миёни устухони пушти мардва устухони синаи зан берун меояд. info
التفاسير:

external-link copy
8 : 86

إِنَّهُۥ عَلَىٰ رَجۡعِهِۦ لَقَادِرٞ

8. Бегумон, Аллоҳ ба бозофариниши ӯ тавоност, info
التفاسير:

external-link copy
9 : 86

يَوۡمَ تُبۡلَى ٱلسَّرَآئِرُ

9. рӯзе, ки розҳои ниҳон ошкор мешаванд. Ва амали солеҳ аз амали фосид ҷудо мегардад. info
التفاسير:

external-link copy
10 : 86

فَمَا لَهُۥ مِن قُوَّةٖ وَلَا نَاصِرٖ

10. Онгоҳ ӯро тавоноӣ ва ёваре набошад. info
التفاسير:

external-link copy
11 : 86

وَٱلسَّمَآءِ ذَاتِ ٱلرَّجۡعِ

11. Савганд ба осмони бозборанда![3099] info

[3099]Ба ҷуз Аллоҳ барои махлуқ сазовор нест ба ғайри Аллоҳ қасам ёд кунад, зеро, ки ин амали ширк аст.

التفاسير:

external-link copy
12 : 86

وَٱلۡأَرۡضِ ذَاتِ ٱلصَّدۡعِ

12. Савганд ба замине, ки дар он шикофиҳо ҳаст аз онҳо гиёҳҳо мерӯянд. info
التفاسير:

external-link copy
13 : 86

إِنَّهُۥ لَقَوۡلٞ فَصۡلٞ

13. Бегумон, Қуръон сухани равшан ва ҷудокунандаи ҳақ аз ботил аст. info
التفاسير:

external-link copy
14 : 86

وَمَا هُوَ بِٱلۡهَزۡلِ

14. Ва он ҳазл нест! info
التفاسير:

external-link copy
15 : 86

إِنَّهُمۡ يَكِيدُونَ كَيۡدٗا

15. Бегумон, ононе ки паёмбар саллалллоҳу алайҳи ва салламро бовар намекунанд ҳилае меандешанд, то Қуръон ва расулро дурӯғ бароранд ва ботили худро таъйид намоянд.[3100] info

[3100] Тафсири Саъдӣ 1\920

التفاسير:

external-link copy
16 : 86

وَأَكِيدُ كَيۡدٗا

16. Ва Манниз чорае меандешам, то ҳақро нусрат диҳам, агарчӣ кофиронро нописанд ояд. info
التفاسير:

external-link copy
17 : 86

فَمَهِّلِ ٱلۡكَٰفِرِينَ أَمۡهِلۡهُمۡ رُوَيۡدَۢا

17. Пас кофиронро мӯҳлат деҳ, андак мӯҳлаташон деҳ! Ва дар фуруд омадани азоб ба онҳо шитоб макун! info
التفاسير: