Fassarar Ma'anonin Alqura'ni - Fassarar Yaren Tajik - Kujah Mairuf Kujah Mir

Lambar shafi:close

external-link copy
77 : 27

وَإِنَّهُۥ لَهُدٗى وَرَحۡمَةٞ لِّلۡمُؤۡمِنِينَ

77. Ва ба ростӣ, Қуръон барои мӯъминон ҳидояту раҳмат аст. info
التفاسير:

external-link copy
78 : 27

إِنَّ رَبَّكَ يَقۡضِي بَيۡنَهُم بِحُكۡمِهِۦۚ وَهُوَ ٱلۡعَزِيزُ ٱلۡعَلِيمُ

78. Албатта, Парвардигори ту дар қиёмат ба ҳукми худ миёнашон доварӣ мекунад, ки Ӯ пирӯзманд аст, ҳукми Ӯро бозгардонда намешавад ва доност, ки ҳақро аз ботил ҷудо мекунад![1861] info

[1861] Тафсири Табарӣ 19\494

التفاسير:

external-link copy
79 : 27

فَتَوَكَّلۡ عَلَى ٱللَّهِۖ إِنَّكَ عَلَى ٱلۡحَقِّ ٱلۡمُبِينِ

79. Пас эй Паёмбар ба Аллоҳ таваккал кун, ки бе шак, ту бар динирости равшан ҳастӣ! info
التفاسير:

external-link copy
80 : 27

إِنَّكَ لَا تُسۡمِعُ ٱلۡمَوۡتَىٰ وَلَا تُسۡمِعُ ٱلصُّمَّ ٱلدُّعَآءَ إِذَا وَلَّوۡاْ مُدۡبِرِينَ

80. Эй Паёмбар ҳароина, ту наметавонӣсуханатро ба мурдагон бишунавонӣва ба гӯши кароне, ки аз ту рӯй мегардонанд, суханатро бирасонӣ. info
التفاسير:

external-link copy
81 : 27

وَمَآ أَنتَ بِهَٰدِي ٱلۡعُمۡيِ عَن ضَلَٰلَتِهِمۡۖ إِن تُسۡمِعُ إِلَّا مَن يُؤۡمِنُ بِـَٔايَٰتِنَا فَهُم مُّسۡلِمُونَ

81. Ту наметавонӣ кӯронро аз гумроҳияшон бозгардонӣ ва роҳ намоӣ. Ту танҳо метавонӣ сухани худро ба касоне бишунавонӣ, ки ба оёти Мо имон доранд. Пас онҳо дар баробари ҳақ таслимшудагон ҳастанд. info
التفاسير:

external-link copy
82 : 27

۞ وَإِذَا وَقَعَ ٱلۡقَوۡلُ عَلَيۡهِمۡ أَخۡرَجۡنَا لَهُمۡ دَآبَّةٗ مِّنَ ٱلۡأَرۡضِ تُكَلِّمُهُمۡ أَنَّ ٱلنَّاسَ كَانُواْ بِـَٔايَٰتِنَا لَا يُوقِنُونَ

82.Ва ҳангоме кисаркашии мардум зиёд гардид, фармони азоб бар онҳо воқеъ шавад ва ҳодисаи қиёмат наздик шавад, барояшон ҷунбандае аз замин берун меоварем, ки бо онон сухан бигӯяд, ки он мардум, ҳароина, ба оёти Мо яқин намеоваранд. info
التفاسير:

external-link copy
83 : 27

وَيَوۡمَ نَحۡشُرُ مِن كُلِّ أُمَّةٖ فَوۡجٗا مِّمَّن يُكَذِّبُ بِـَٔايَٰتِنَا فَهُمۡ يُوزَعُونَ

83. Рӯзе, ки аз ҳар миллате гурӯҳеро аз онон, ки оёти Моро дурӯғ мебароварданд, гирд меоварем ва ононро то расидани дигарон нигоҳ дошта мешавад, баъд аз он барои ҳисоб бурда мешаванд[1862], info

[1862] Тафсири Бағавӣ 6\180

التفاسير:

external-link copy
84 : 27

حَتَّىٰٓ إِذَا جَآءُو قَالَ أَكَذَّبۡتُم بِـَٔايَٰتِي وَلَمۡ تُحِيطُواْ بِهَا عِلۡمًا أَمَّاذَا كُنتُمۡ تَعۡمَلُونَ

84. то чун ба сарзамини маҳшар бирасанд, Аллоҳ мефармояд: «Оё шумо оёти Моро дурӯғ мебаровардед, ки он оёт далолат бар тавҳиди Ман буд ва ҳол он, ки дониши шумо онро фаро нагирифта буд? Он чӣ коре буд, ки мекардед?» info
التفاسير:

external-link copy
85 : 27

وَوَقَعَ ٱلۡقَوۡلُ عَلَيۡهِم بِمَا ظَلَمُواْ فَهُمۡ لَا يَنطِقُونَ

85. Ба хотири ситаме, ки кардаанд, ҳукми азоб бар онҳо воқеъ мешавад, пас онҳо ҳеҷ сухане намегӯянд, чунки далел ва ҳуҷҷате надоранд.[1863] info

[1863] Тафсири Саъдӣ 1\610

التفاسير:

external-link copy
86 : 27

أَلَمۡ يَرَوۡاْ أَنَّا جَعَلۡنَا ٱلَّيۡلَ لِيَسۡكُنُواْ فِيهِ وَٱلنَّهَارَ مُبۡصِرًاۚ إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَأٓيَٰتٖ لِّقَوۡمٖ يُؤۡمِنُونَ

86. Оё намебинанд, ки шабро падид овардем, то дар он биёроманд ва рӯзро равшанӣ бахшидем, то барои касби маъош берун оянд. Албатта, дар ин умур барои мӯъминон нишонаҳое равшан аст. info
التفاسير:

external-link copy
87 : 27

وَيَوۡمَ يُنفَخُ فِي ٱلصُّورِ فَفَزِعَ مَن فِي ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَمَن فِي ٱلۡأَرۡضِ إِلَّا مَن شَآءَ ٱللَّهُۚ وَكُلٌّ أَتَوۡهُ دَٰخِرِينَ

87. Ба ёд ор эй Паёмбар, рӯзе, ки дар сур дамида шавад ва ҳамаи касоне, ки дар осмонҳову замин ҳастанд, магар он ки Аллоҳ бихоҳад, аз ҳавли сур битарсанд ва ҳама хору залил ба пешгоҳи Ӯ таъоло биёянд. info
التفاسير:

external-link copy
88 : 27

وَتَرَى ٱلۡجِبَالَ تَحۡسَبُهَا جَامِدَةٗ وَهِيَ تَمُرُّ مَرَّ ٱلسَّحَابِۚ صُنۡعَ ٱللَّهِ ٱلَّذِيٓ أَتۡقَنَ كُلَّ شَيۡءٍۚ إِنَّهُۥ خَبِيرُۢ بِمَا تَفۡعَلُونَ

88. Ва кӯҳҳоро бубинӣва онҳоро бар ҷой истода пиндорӣ, ҳол он, ки онҳо ба суръати абр мераванд. Ин кори Аллоҳ аст, ки ҳар чизеро маҳкам ва устувор сохтааст. Албатта, Ӯ ба ҳар чӣ мекунед аз неку бад, огоҳ аст. info
التفاسير: