Fassarar Ma'anonin Alqura'ni - Fassara da harshan Tajik - Cibiyar fassara ta Ruwwad

Lambar shafi:close

external-link copy
91 : 5

إِنَّمَا يُرِيدُ ٱلشَّيۡطَٰنُ أَن يُوقِعَ بَيۡنَكُمُ ٱلۡعَدَٰوَةَ وَٱلۡبَغۡضَآءَ فِي ٱلۡخَمۡرِ وَٱلۡمَيۡسِرِ وَيَصُدَّكُمۡ عَن ذِكۡرِ ٱللَّهِ وَعَنِ ٱلصَّلَوٰةِۖ فَهَلۡ أَنتُم مُّنتَهُونَ

Дар ҳақиқат, шайтон мехоҳад бо шаробу қимор, миёнатон душманӣ ва кина эҷод кунад ва шуморо аз ёди Аллоҳ таоло ва аз намоз боздорад, пас, [эй муъминон, ҳоло ки ҳақиқатро донистед] оё аз онҳо даст бармедоред? info
التفاسير:

external-link copy
92 : 5

وَأَطِيعُواْ ٱللَّهَ وَأَطِيعُواْ ٱلرَّسُولَ وَٱحۡذَرُواْۚ فَإِن تَوَلَّيۡتُمۡ فَٱعۡلَمُوٓاْ أَنَّمَا عَلَىٰ رَسُولِنَا ٱلۡبَلَٰغُ ٱلۡمُبِينُ

Ва аз Аллоҳ таоло итоат кунед ва фармонбари паёмбар бошед ва [аз гуноҳу нофармонӣ] ҳазар кунед. Пас, агар рӯй гардондед, бидонед, ки вазифаи паёмбари Мо [чизе] ҷуз иблоғи ошкор нест info
التفاسير:

external-link copy
93 : 5

لَيۡسَ عَلَى ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَعَمِلُواْ ٱلصَّٰلِحَٰتِ جُنَاحٞ فِيمَا طَعِمُوٓاْ إِذَا مَا ٱتَّقَواْ وَّءَامَنُواْ وَعَمِلُواْ ٱلصَّٰلِحَٰتِ ثُمَّ ٱتَّقَواْ وَّءَامَنُواْ ثُمَّ ٱتَّقَواْ وَّأَحۡسَنُواْۚ وَٱللَّهُ يُحِبُّ ٱلۡمُحۡسِنِينَ

Бар касоне, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста анҷом додаанд, гуноҳе дар он чи [пеш аз ҳукми таҳрими шароб] хӯрдаанд, нест, [албатта] дар сурате ки [аз муҳаррамот] парҳез кунанд ва имон биоваранд ва корҳои шоиста анҷом диҳанд, сипас парҳезкорӣ кунад ва имон биоваранд, он гоҳ [беш аз пеш] парҳезкорӣ кунанд ва некӣ намоянд. Ва Аллоҳ таоло накукоронро дӯст медорад info
التفاسير:

external-link copy
94 : 5

يَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ لَيَبۡلُوَنَّكُمُ ٱللَّهُ بِشَيۡءٖ مِّنَ ٱلصَّيۡدِ تَنَالُهُۥٓ أَيۡدِيكُمۡ وَرِمَاحُكُمۡ لِيَعۡلَمَ ٱللَّهُ مَن يَخَافُهُۥ بِٱلۡغَيۡبِۚ فَمَنِ ٱعۡتَدَىٰ بَعۡدَ ذَٰلِكَ فَلَهُۥ عَذَابٌ أَلِيمٞ

Эй касоне, ки имон овардаед, Аллоҳ таоло шуморо [дар ҳоле ки дар эҳром ҳастед] ба чизе аз шикори [саҳроӣ], ки дар дастраси шумо ва найзаҳоятон бошад, меозмояд, то маълум дорад, чи касе дар ниҳон аз Ӯ метарсад. Пас, ҳар ки баъд аз ин [озмун] аз ҳад даргузарад [ва дар ҳоли ҳаҷ ё умра шикор кунад], азоби дарднок [дар пеш] дорад info
التفاسير:

external-link copy
95 : 5

يَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ لَا تَقۡتُلُواْ ٱلصَّيۡدَ وَأَنتُمۡ حُرُمٞۚ وَمَن قَتَلَهُۥ مِنكُم مُّتَعَمِّدٗا فَجَزَآءٞ مِّثۡلُ مَا قَتَلَ مِنَ ٱلنَّعَمِ يَحۡكُمُ بِهِۦ ذَوَا عَدۡلٖ مِّنكُمۡ هَدۡيَۢا بَٰلِغَ ٱلۡكَعۡبَةِ أَوۡ كَفَّٰرَةٞ طَعَامُ مَسَٰكِينَ أَوۡ عَدۡلُ ذَٰلِكَ صِيَامٗا لِّيَذُوقَ وَبَالَ أَمۡرِهِۦۗ عَفَا ٱللَّهُ عَمَّا سَلَفَۚ وَمَنۡ عَادَ فَيَنتَقِمُ ٱللَّهُ مِنۡهُۚ وَٱللَّهُ عَزِيزٞ ذُو ٱنتِقَامٍ

Эй касоне, ки имон овардаед, дар ҳоли эҳром, шикорро накушед ва ҳар касе аз шумо, ки қасдан онро бикушад, бояд ҳаммонанди он чи ки куштааст, каффорае аз чаҳорпоён бидиҳад, [ба шарте] ки ду нафари одил аз шумо [баробарарзишии] онро таъйид кунанд ва [он гоҳ он каффораро ба сурати] қурбонӣ [ба мустамандони перомуни] Каъба бирасонад ё [муодили баҳои онро] ба тиҳидастони [Ҳарам] ғизо диҳад ё [агар тавони молӣ надошт] муодили онро [дар муқобили ҳар фақир як] рӯза бигирад, то кайфари амали худро бичашад. Аллоҳ таоло он чиро, ки [пеш аз ин таҳрим] гузаштааст, авф намуд ва ҳар ки [ба ин гуноҳ] бозгардад, [бидонад, ки] Аллоҳ таоло аз ӯ интиқом мегирад ва Аллоҳ таоло шикастнопазири додситон аст info
التفاسير: