Fassarar Ma'anonin Alqura'ni - Fassara da harshan Tajik - Cibiyar fassara ta Ruwwad

Муҳаммад

external-link copy
1 : 47

ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ وَصَدُّواْ عَن سَبِيلِ ٱللَّهِ أَضَلَّ أَعۡمَٰلَهُمۡ

Аллоҳ таоло талоши кофиронро, ки [мардумро] аз роҳи Аллоҳ таоло бозмедоранд, табоҳ мекунад info
التفاسير:

external-link copy
2 : 47

وَٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَعَمِلُواْ ٱلصَّٰلِحَٰتِ وَءَامَنُواْ بِمَا نُزِّلَ عَلَىٰ مُحَمَّدٖ وَهُوَ ٱلۡحَقُّ مِن رَّبِّهِمۡ كَفَّرَ عَنۡهُمۡ سَيِّـَٔاتِهِمۡ وَأَصۡلَحَ بَالَهُمۡ

Ва онон, ки муъмин ва накукор буданд ва ба оёти ҳаққе, ки аз ҷониби Парвардигорашон бар Муҳаммад нозил шудааст, имон овардаанд, бадиҳояшонро мезудояд ва умур [-и дунё ва дин]-ашонро сомон мебахшад [ва ислоҳ мекунад] info
التفاسير:

external-link copy
3 : 47

ذَٰلِكَ بِأَنَّ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ ٱتَّبَعُواْ ٱلۡبَٰطِلَ وَأَنَّ ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ ٱتَّبَعُواْ ٱلۡحَقَّ مِن رَّبِّهِمۡۚ كَذَٰلِكَ يَضۡرِبُ ٱللَّهُ لِلنَّاسِ أَمۡثَٰلَهُمۡ

Ин [подош ва ҷазо] бад-он сабаб аст, ки кофирон пайрави ботил шуданд ва муъминон пайрави [оёти] ҳаққи Парвардигорашон. Аллоҳ таоло барои мардум масалҳояшонро чунин баён мекунад info
التفاسير:

external-link copy
4 : 47

فَإِذَا لَقِيتُمُ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ فَضَرۡبَ ٱلرِّقَابِ حَتَّىٰٓ إِذَآ أَثۡخَنتُمُوهُمۡ فَشُدُّواْ ٱلۡوَثَاقَ فَإِمَّا مَنَّۢا بَعۡدُ وَإِمَّا فِدَآءً حَتَّىٰ تَضَعَ ٱلۡحَرۡبُ أَوۡزَارَهَاۚ ذَٰلِكَۖ وَلَوۡ يَشَآءُ ٱللَّهُ لَٱنتَصَرَ مِنۡهُمۡ وَلَٰكِن لِّيَبۡلُوَاْ بَعۡضَكُم بِبَعۡضٖۗ وَٱلَّذِينَ قُتِلُواْ فِي سَبِيلِ ٱللَّهِ فَلَن يُضِلَّ أَعۡمَٰلَهُمۡ

Чун бо кофирон [дар майдони ҷанг] рӯ ба рӯ шудед, ононро гардан бизанед [ва ҷангро идома диҳед], то он ки [бисёре аз онҳоро] бикушед, он гоҳ асиронро ба банд кашед, сипас ё бар онон миннат гузоред [ва бидуни ҳеҷ чашмдоште озодашон кунед] ё [аз онон] фидя бигиред [ва раҳояшон кунед], то сангинии ҷанг фурӯкаш кунад. Ин [ҳукми илоҳӣ] аст ва агар Аллоҳ таоло мехост, худ аз онон интиқом мегирифт, вале [фармони ҷанг дод] то шуморо дар баробари якдигар озмоиш кунад ва касоне, ки дар роҳи Аллоҳ таоло кушта шуданд, [Аллоҳ таоло ҳаргиз] натиҷаи талошашонро табоҳ намекунад info
التفاسير:

external-link copy
5 : 47

سَيَهۡدِيهِمۡ وَيُصۡلِحُ بَالَهُمۡ

Аллоҳ таоло [ба роҳи рост] ҳидояташон хоҳад кард ва умурашонро сомон хоҳад бахшид info
التفاسير:

external-link copy
6 : 47

وَيُدۡخِلُهُمُ ٱلۡجَنَّةَ عَرَّفَهَا لَهُمۡ

ва ононро ба биҳиште, ки [авсофашро] барояшон баён кардааст, ворид хоҳад намуд info
التفاسير:

external-link copy
7 : 47

يَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُوٓاْ إِن تَنصُرُواْ ٱللَّهَ يَنصُرۡكُمۡ وَيُثَبِّتۡ أَقۡدَامَكُمۡ

Эй касоне, ки имон овардаед, агар [дину Паёмбари] Аллоҳро ёрӣ кунед, ӯ низ шуморо ёрӣ мекунад ва гомҳоятонро [собиту] устувор медорад info
التفاسير:

external-link copy
8 : 47

وَٱلَّذِينَ كَفَرُواْ فَتَعۡسٗا لَّهُمۡ وَأَضَلَّ أَعۡمَٰلَهُمۡ

Ва бар кофирон нагунсорӣ ва ҳалок бод! Аллоҳ таоло аъмолашонро табоҳ мегардонад info
التفاسير:

external-link copy
9 : 47

ذَٰلِكَ بِأَنَّهُمۡ كَرِهُواْ مَآ أَنزَلَ ٱللَّهُ فَأَحۡبَطَ أَعۡمَٰلَهُمۡ

Зеро он чиро, ки Аллоҳ таоло нозил кардааст, хуш надоштанд, пас, Аллоҳ таоло низ аъмолашонро табоҳ намуд. info
التفاسير:

external-link copy
10 : 47

۞ أَفَلَمۡ يَسِيرُواْ فِي ٱلۡأَرۡضِ فَيَنظُرُواْ كَيۡفَ كَانَ عَٰقِبَةُ ٱلَّذِينَ مِن قَبۡلِهِمۡۖ دَمَّرَ ٱللَّهُ عَلَيۡهِمۡۖ وَلِلۡكَٰفِرِينَ أَمۡثَٰلُهَا

Оё дар замин гардиш накардаанд, то бубинанд саранҷоми касоне, ки пеш аз онон буданд, чи гуна будааст? Аллоҳ таоло [хонаҳояшонро] бар сарашон вайрон кард [ва ононро нобуд сохт] ва ин кофирон [низ кайфаре] ҳаммонанди он [дар пеш] хоҳанд дошт info
التفاسير:

external-link copy
11 : 47

ذَٰلِكَ بِأَنَّ ٱللَّهَ مَوۡلَى ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَأَنَّ ٱلۡكَٰفِرِينَ لَا مَوۡلَىٰ لَهُمۡ

Зеро Аллоҳ таоло [ёвару] корсози муъминон аст, ва[-ле] кофирон ҳеҷ корсозе надоранд info
التفاسير: