Fassarar Ma'anonin Alqura'ni - Fassara da harshan Tajik - Cibiyar fassara ta Ruwwad

Ҷосия

external-link copy
1 : 45

حمٓ

Ҳо, мим.[1] info

[1] Нигаред ба эзоҳи ояти 1 сураи Бақара.

التفاسير:

external-link copy
2 : 45

تَنزِيلُ ٱلۡكِتَٰبِ مِنَ ٱللَّهِ ٱلۡعَزِيزِ ٱلۡحَكِيمِ

Нузули [ин] китоб аз ҷониби Аллоҳи шикастнопазири ҳаким аст info
التفاسير:

external-link copy
3 : 45

إِنَّ فِي ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِ لَأٓيَٰتٖ لِّلۡمُؤۡمِنِينَ

Ба ростӣ, ки дар осмонҳо ва замин нишонаҳое [аз қудрати илоҳӣ] барои муъминон [падидор] аст info
التفاسير:

external-link copy
4 : 45

وَفِي خَلۡقِكُمۡ وَمَا يَبُثُّ مِن دَآبَّةٍ ءَايَٰتٞ لِّقَوۡمٖ يُوقِنُونَ

Ва [низ] дар офариниши худатон ва мавҷудоти зиндае, ки [дар замин] пароканда месозад, барои аҳли яқин нишонаҳое [аз тавон ва тадбири Аллоҳ таоло ошкор] аст info
التفاسير:

external-link copy
5 : 45

وَٱخۡتِلَٰفِ ٱلَّيۡلِ وَٱلنَّهَارِ وَمَآ أَنزَلَ ٱللَّهُ مِنَ ٱلسَّمَآءِ مِن رِّزۡقٖ فَأَحۡيَا بِهِ ٱلۡأَرۡضَ بَعۡدَ مَوۡتِهَا وَتَصۡرِيفِ ٱلرِّيَٰحِ ءَايَٰتٞ لِّقَوۡمٖ يَعۡقِلُونَ

Ва дар гардиши паёпайи шабу рӯз ва ризқе, ки Аллоҳ таоло [ба сурати борон] аз осмон мефиристад ва бо он заминро пас аз хазон ва хушкиаш зинда месозад ва [низ] дар гардиши бодҳо барои хирадварзон, нишонаҳое [аз қудрати Парвардигор] аст info
التفاسير:

external-link copy
6 : 45

تِلۡكَ ءَايَٰتُ ٱللَّهِ نَتۡلُوهَا عَلَيۡكَ بِٱلۡحَقِّۖ فَبِأَيِّ حَدِيثِۭ بَعۡدَ ٱللَّهِ وَءَايَٰتِهِۦ يُؤۡمِنُونَ

[Эй Паёмбар] Инҳо оёт [ва нишонаҳо]-и илоҳист, ки ба ҳақ бар ту мехонем [Ба ростӣ, мушрикон] пас аз [сухани] Аллоҳ таоло ва оёташ кадом суханро бовар мекунанд? info
التفاسير:

external-link copy
7 : 45

وَيۡلٞ لِّكُلِّ أَفَّاكٍ أَثِيمٖ

Вой бар ҳар дурӯғгӯи гунаҳкор! info
التفاسير:

external-link copy
8 : 45

يَسۡمَعُ ءَايَٰتِ ٱللَّهِ تُتۡلَىٰ عَلَيۡهِ ثُمَّ يُصِرُّ مُسۡتَكۡبِرٗا كَأَن لَّمۡ يَسۡمَعۡهَاۖ فَبَشِّرۡهُ بِعَذَابٍ أَلِيمٖ

[Он кофире] ки оёти илоҳиро, ки бар ӯ хонда мешавад, мешунавад, вале мутакаббирона бар мухолифат исрор дорад. Гӯӣ онҳоро нашунидааст. Пас, ӯро ба азобе дарднок башорат бидеҳ info
التفاسير:

external-link copy
9 : 45

وَإِذَا عَلِمَ مِنۡ ءَايَٰتِنَا شَيۡـًٔا ٱتَّخَذَهَا هُزُوًاۚ أُوْلَٰٓئِكَ لَهُمۡ عَذَابٞ مُّهِينٞ

[Ҳамон ки] чун бар гӯшае аз оёти Мо воқиф шавад, онро ба масхара мегирад. Онон азобе сангину дарднок [дар пеш] доранд info
التفاسير:

external-link copy
10 : 45

مِّن وَرَآئِهِمۡ جَهَنَّمُۖ وَلَا يُغۡنِي عَنۡهُم مَّا كَسَبُواْ شَيۡـٔٗا وَلَا مَا ٱتَّخَذُواْ مِن دُونِ ٱللَّهِ أَوۡلِيَآءَۖ وَلَهُمۡ عَذَابٌ عَظِيمٌ

Пешопеши эшон [дар охират] дузах аст ва дастовардашон ва [ёварону] корсозоне, ки ба ҷойи Аллоҳ таоло баргузидаанд, ҳеҷ суде ба ҳолашон нахоҳанд дошт ва азобе саҳмгин [дар пеш] доранд info
التفاسير:

external-link copy
11 : 45

هَٰذَا هُدٗىۖ وَٱلَّذِينَ كَفَرُواْ بِـَٔايَٰتِ رَبِّهِمۡ لَهُمۡ عَذَابٞ مِّن رِّجۡزٍ أَلِيمٌ

Ин [Қуръон муҷиби] ҳидоят аст ва касоне, ки оёти Парвардигорашонро инкор мекунанд, азобе аз сахттарин азобҳои дардноки [дузахро дар пеш] доранд info
التفاسير:

external-link copy
12 : 45

۞ ٱللَّهُ ٱلَّذِي سَخَّرَ لَكُمُ ٱلۡبَحۡرَ لِتَجۡرِيَ ٱلۡفُلۡكُ فِيهِ بِأَمۡرِهِۦ وَلِتَبۡتَغُواْ مِن فَضۡلِهِۦ وَلَعَلَّكُمۡ تَشۡكُرُونَ

Аллоҳ таоло аст, ки дарёҳоро дар хидмати шумо гумошт, то киштиҳо ба фармонаш дар он равон шаванд ва [шумо битавонед] аз фазли Ӯ [рӯзи] биҷӯед, бошад, ки сипос гузоред info
التفاسير:

external-link copy
13 : 45

وَسَخَّرَ لَكُم مَّا فِي ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَمَا فِي ٱلۡأَرۡضِ جَمِيعٗا مِّنۡهُۚ إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَأٓيَٰتٖ لِّقَوۡمٖ يَتَفَكَّرُونَ

Он чи дар осмонҳо ва замин аст, аз [раҳмати] хеш дар хидмати шумо гумошт, ки дар ин [амр] барои андешамандон нишонаҳое [аз лутф ва қудрати илоҳӣ] аст info
التفاسير: