Fassarar Ma'anonin Alqura'ni - Fassara da harshan Tajik - Cibiyar fassara ta Ruwwad

Фуссилат

external-link copy
1 : 41

حمٓ

Ҳо, мим.[1] info

[1] Нигаред ба эзоҳи ояти 1 сураи Бақара.

التفاسير:

external-link copy
2 : 41

تَنزِيلٞ مِّنَ ٱلرَّحۡمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ

[Ин Қуръон] Аз сӯи Аллоҳи бахшандаи меҳрубон нозил шудааст info
التفاسير:

external-link copy
3 : 41

كِتَٰبٞ فُصِّلَتۡ ءَايَٰتُهُۥ قُرۡءَانًا عَرَبِيّٗا لِّقَوۡمٖ يَعۡلَمُونَ

Китобест, ки оёташ ба забони арабӣ барои мардуме, ки медонанд, ба шевоӣ ва равшанӣ баён шудааст info
التفاسير:

external-link copy
4 : 41

بَشِيرٗا وَنَذِيرٗا فَأَعۡرَضَ أَكۡثَرُهُمۡ فَهُمۡ لَا يَسۡمَعُونَ

[Китобе] Башоратдиҳанда ва бимдиҳанда аст, вале бештари мардум рӯйгардонанд ва [ҳақоиқро] намешунаванд info
التفاسير:

external-link copy
5 : 41

وَقَالُواْ قُلُوبُنَا فِيٓ أَكِنَّةٖ مِّمَّا تَدۡعُونَآ إِلَيۡهِ وَفِيٓ ءَاذَانِنَا وَقۡرٞ وَمِنۢ بَيۡنِنَا وَبَيۡنِكَ حِجَابٞ فَٱعۡمَلۡ إِنَّنَا عَٰمِلُونَ

Мушрикон гуфтанд: «Дилҳои мо нисбат ба он чи моро даъват мекунӣ, дар пӯшише [аз бетафовутӣ] қарор дорад ва дар гӯшҳоямон сангинӣ аст ва миёни мо ва ту фосила аст, пас, ту ба кори худ машғул бош ва мо низ ба кори худ» info
التفاسير:

external-link copy
6 : 41

قُلۡ إِنَّمَآ أَنَا۠ بَشَرٞ مِّثۡلُكُمۡ يُوحَىٰٓ إِلَيَّ أَنَّمَآ إِلَٰهُكُمۡ إِلَٰهٞ وَٰحِدٞ فَٱسۡتَقِيمُوٓاْ إِلَيۡهِ وَٱسۡتَغۡفِرُوهُۗ وَوَيۡلٞ لِّلۡمُشۡرِكِينَ

[Эй Паёмбар, ба онон] бигӯ: «Ман фақат башаре ҳамчун шумо ҳастам [бо ин тафовут], ки ба ман ваҳй мешавад: «Маъбуди шумо маъбудест ягона, пас, ба Ӯ рӯй оваред ва аз Ӯ омурзиш бихоҳед ва вой ба ҳоли мушрикон!» info
التفاسير:

external-link copy
7 : 41

ٱلَّذِينَ لَا يُؤۡتُونَ ٱلزَّكَوٰةَ وَهُم بِٱلۡأٓخِرَةِ هُمۡ كَٰفِرُونَ

Онон, ки закот намепардозанд ва охиратро инкор мекунанд info
التفاسير:

external-link copy
8 : 41

إِنَّ ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَعَمِلُواْ ٱلصَّٰلِحَٰتِ لَهُمۡ أَجۡرٌ غَيۡرُ مَمۡنُونٖ

[Вале] Муъминони некукор подоше бепоён доранд info
التفاسير:

external-link copy
9 : 41

۞ قُلۡ أَئِنَّكُمۡ لَتَكۡفُرُونَ بِٱلَّذِي خَلَقَ ٱلۡأَرۡضَ فِي يَوۡمَيۡنِ وَتَجۡعَلُونَ لَهُۥٓ أَندَادٗاۚ ذَٰلِكَ رَبُّ ٱلۡعَٰلَمِينَ

Бигӯ: Оё он [Холиқи тавонманд]- еро, ки заминро дар ду рӯз офарид, инкор мекунед ва барояш ҳамтоёне қоил мешавед? Ин [Офаридгори яктост, ки] Парвардигори ҷаҳониён аст info
التفاسير:

external-link copy
10 : 41

وَجَعَلَ فِيهَا رَوَٰسِيَ مِن فَوۡقِهَا وَبَٰرَكَ فِيهَا وَقَدَّرَ فِيهَآ أَقۡوَٰتَهَا فِيٓ أَرۡبَعَةِ أَيَّامٖ سَوَآءٗ لِّلسَّآئِلِينَ

Ӯ тайи чаҳор рӯз бар рӯйи замин кӯҳҳои устуворро падид овард ва дар он хайру баракати фаровон ниҳод ва ризқу рӯзии онро дуруст ба андозаи ниёзи тақозокунандагон муқаддар намуд info
التفاسير:

external-link copy
11 : 41

ثُمَّ ٱسۡتَوَىٰٓ إِلَى ٱلسَّمَآءِ وَهِيَ دُخَانٞ فَقَالَ لَهَا وَلِلۡأَرۡضِ ٱئۡتِيَا طَوۡعًا أَوۡ كَرۡهٗا قَالَتَآ أَتَيۡنَا طَآئِعِينَ

Он гоҳ ба осмон пардохт, дар ҳоле ки [ҳанӯз] ба сурати газ [дуд] буд. Ва ба осмону замин гуфт: «Хоҳ- нохоҳ аз дари таслим дароед». Он ду гуфтанд: «Бо майл аз дари таслим даромадем» info
التفاسير: