Fassarar Ma'anonin Alqura'ni - Fassara da harshan Tajik - Cibiyar fassara ta Ruwwad

Оли Имрон

external-link copy
1 : 3

الٓمٓ

АЛМ [Алиф, Лом, Мим].[1] info

[1] Нигаред ба эзоҳи ояти 1 сураи Бақара.

التفاسير:

external-link copy
2 : 3

ٱللَّهُ لَآ إِلَٰهَ إِلَّا هُوَ ٱلۡحَيُّ ٱلۡقَيُّومُ

Аллоҳ таоло [маъбуди ростин] аст, ки ҳеҷ маъбуде [ба ҳақ] ҷуз Ӯ нест; зиндаи поянда [ва қоим ба зот] аст info
التفاسير:

external-link copy
3 : 3

نَزَّلَ عَلَيۡكَ ٱلۡكِتَٰبَ بِٱلۡحَقِّ مُصَدِّقٗا لِّمَا بَيۡنَ يَدَيۡهِ وَأَنزَلَ ٱلتَّوۡرَىٰةَ وَٱلۡإِنجِيلَ

Ин китоб [Қуръон]-ро, ки таъйидкунандаи китобҳои [осмонии] пешин аст, ба дурустӣ бар ту нозил кард ва Тавроту Инҷилро… info
التفاسير:

external-link copy
4 : 3

مِن قَبۡلُ هُدٗى لِّلنَّاسِ وَأَنزَلَ ٱلۡفُرۡقَانَۗ إِنَّ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ بِـَٔايَٰتِ ٱللَّهِ لَهُمۡ عَذَابٞ شَدِيدٞۗ وَٱللَّهُ عَزِيزٞ ذُو ٱنتِقَامٍ

Пеш аз он [Тавроту Инҷилро] барои ҳидояти мардум нозил кард; ва [низ] Фурқонро [Қуръон, ки ҷудокунандаи ҳақ аз ботил аст] нозил намуд. Касоне, ки ба оёти Аллоҳ таоло кофир шуданд, азоби сахте [дар пеш] доранд; ва Аллоҳ таоло шикастнопазир [-у] интиқомгиранда аст info
التفاسير:

external-link copy
5 : 3

إِنَّ ٱللَّهَ لَا يَخۡفَىٰ عَلَيۡهِ شَيۡءٞ فِي ٱلۡأَرۡضِ وَلَا فِي ٱلسَّمَآءِ

Бе тардид, ҳеҷ чиз - [на] дар замин ва на дар осмон – аз Аллоҳ таоло пӯшида намемонад info
التفاسير:

external-link copy
6 : 3

هُوَ ٱلَّذِي يُصَوِّرُكُمۡ فِي ٱلۡأَرۡحَامِ كَيۡفَ يَشَآءُۚ لَآ إِلَٰهَ إِلَّا هُوَ ٱلۡعَزِيزُ ٱلۡحَكِيمُ

Ӯст, ки шуморо ҳар гуна ки бихоҳад дар раҳимҳо шакл медиҳад. Ҳеҷ маъбуде [ба ҳақ] ҷуз Ӯ шикастнопазиру ҳаким нест info
التفاسير:

external-link copy
7 : 3

هُوَ ٱلَّذِيٓ أَنزَلَ عَلَيۡكَ ٱلۡكِتَٰبَ مِنۡهُ ءَايَٰتٞ مُّحۡكَمَٰتٌ هُنَّ أُمُّ ٱلۡكِتَٰبِ وَأُخَرُ مُتَشَٰبِهَٰتٞۖ فَأَمَّا ٱلَّذِينَ فِي قُلُوبِهِمۡ زَيۡغٞ فَيَتَّبِعُونَ مَا تَشَٰبَهَ مِنۡهُ ٱبۡتِغَآءَ ٱلۡفِتۡنَةِ وَٱبۡتِغَآءَ تَأۡوِيلِهِۦۖ وَمَا يَعۡلَمُ تَأۡوِيلَهُۥٓ إِلَّا ٱللَّهُۗ وَٱلرَّٰسِخُونَ فِي ٱلۡعِلۡمِ يَقُولُونَ ءَامَنَّا بِهِۦ كُلّٞ مِّنۡ عِندِ رَبِّنَاۗ وَمَا يَذَّكَّرُ إِلَّآ أُوْلُواْ ٱلۡأَلۡبَٰبِ

[Эй паёмбар] Ӯст, ки китоб [-и Қуръон]-ро бар ту нозил кард. Бахше аз он оёти муҳкам [сареҳу равшан] аст, ки онҳо асоси китобанду [бахши] дигар муташобеҳот аст [ки таъвилпазиранд]; аммо касоне, ки дар дилҳояшон инҳироф аст, барои фитнаҷӯӣ [ва гумроҳ кардани мардум] ва ба хотири таъвили он [ба дилхоҳи худ], аз муташобеҳи он пайравӣ мекунанд; ҳол он ки таъвилашро [касе] ҷуз Аллоҳ таоло намедонад; ва росихони дар илм [уламои дин] мегӯянд: "Мо ба ҳамаи он [оёт, чи муҳкаму чи муташобеҳ] имон овардем; ҳама аз тарафи Парвардигори мост"; ва ҷуз хирадмандон касе панд намегирад info
التفاسير:

external-link copy
8 : 3

رَبَّنَا لَا تُزِغۡ قُلُوبَنَا بَعۡدَ إِذۡ هَدَيۡتَنَا وَهَبۡ لَنَا مِن لَّدُنكَ رَحۡمَةًۚ إِنَّكَ أَنتَ ٱلۡوَهَّابُ

Онон мегӯянд: "Парвардигоро, дилҳои моро – баъд аз он, ки ҳидоятамон кардӣ – [аз роҳи ҳақ] мунҳариф магардон ва аз сӯйи худ раҳмате ба мо арзонӣ дор, [ки] бе тардид, Ту бисёр бахшандаӣ info
التفاسير:

external-link copy
9 : 3

رَبَّنَآ إِنَّكَ جَامِعُ ٱلنَّاسِ لِيَوۡمٖ لَّا رَيۡبَ فِيهِۚ إِنَّ ٱللَّهَ لَا يُخۡلِفُ ٱلۡمِيعَادَ

Парвардигоро, бешак, Ту мардумро барои рӯзе, ки дар [омадани] он тардид нест, ҷамъ хоҳӣ кард. Ҳатман, Аллоҳ таоло дар ваъдаи [худ] хилоф намекунад" info
التفاسير: