Traduction des sens du Noble Coran - La traduction tadjike - Centre de traduction Rawwâd

Numéro de la page:close

external-link copy
67 : 40

هُوَ ٱلَّذِي خَلَقَكُم مِّن تُرَابٖ ثُمَّ مِن نُّطۡفَةٖ ثُمَّ مِنۡ عَلَقَةٖ ثُمَّ يُخۡرِجُكُمۡ طِفۡلٗا ثُمَّ لِتَبۡلُغُوٓاْ أَشُدَّكُمۡ ثُمَّ لِتَكُونُواْ شُيُوخٗاۚ وَمِنكُم مَّن يُتَوَفَّىٰ مِن قَبۡلُۖ وَلِتَبۡلُغُوٓاْ أَجَلٗا مُّسَمّٗى وَلَعَلَّكُمۡ تَعۡقِلُونَ

Ӯст, ки шуморо аз хок ва сипас [тайи мароҳили мухталиф] аз нутфа ва он гоҳ хуни баста [ҷанини ибтидоӣ] офарид, сипас шуморо [ба сурати] кӯдаке [ба дунё] меоварад ва имкон медиҳад, то ба ҳадди рушд [ва камоли неру] бирасед. Сипас [солҳо зиндагӣ мекунед, то] солхӯрда мешавед. Бархе аз шумо дучори марги зудрас хоҳанд шуд ва [ба гурӯҳе дигар имкон медиҳад], то ба аҷали муайян бирасед, бошад, ки биандешед info
التفاسير:

external-link copy
68 : 40

هُوَ ٱلَّذِي يُحۡيِۦ وَيُمِيتُۖ فَإِذَا قَضَىٰٓ أَمۡرٗا فَإِنَّمَا يَقُولُ لَهُۥ كُن فَيَكُونُ

Ӯст, ки зинда мекунад ва мемиронад ва ҳангоме ки чизеро мехоҳад, танҳо ба ӯ мегӯяд: «Мавҷуд шав», пас, [бедиранг] мавҷуд мешавад info
التفاسير:

external-link copy
69 : 40

أَلَمۡ تَرَ إِلَى ٱلَّذِينَ يُجَٰدِلُونَ فِيٓ ءَايَٰتِ ٱللَّهِ أَنَّىٰ يُصۡرَفُونَ

Оё надидӣ касоне, ки дар бораи оёти илоҳӣ муҷодала мекунанд, чи гуна [аз роҳи ҳақ] мунҳариф мегарданд? info
التفاسير:

external-link copy
70 : 40

ٱلَّذِينَ كَذَّبُواْ بِٱلۡكِتَٰبِ وَبِمَآ أَرۡسَلۡنَا بِهِۦ رُسُلَنَاۖ فَسَوۡفَ يَعۡلَمُونَ

Касоне, ки китоби [осмонӣ] ва паёми паёмбарони моро дурӯғ шумурданд, ба зудӣ [натиҷаи кирдорашонро] хоҳанд донист info
التفاسير:

external-link copy
71 : 40

إِذِ ٱلۡأَغۡلَٰلُ فِيٓ أَعۡنَٰقِهِمۡ وَٱلسَّلَٰسِلُ يُسۡحَبُونَ

Он гоҳ ки ғул ва занҷир бар гарданашон қарор гирифта ва кашида мешаванд info
التفاسير:

external-link copy
72 : 40

فِي ٱلۡحَمِيمِ ثُمَّ فِي ٱلنَّارِ يُسۡجَرُونَ

[Ибтидо] Дар оби ҷӯшомада ва сипас дар оташи дузах афрӯхта мешаванд info
التفاسير:

external-link copy
73 : 40

ثُمَّ قِيلَ لَهُمۡ أَيۡنَ مَا كُنتُمۡ تُشۡرِكُونَ

Он гоҳ ба эшон гуфта мешавад: «Бутҳое, ки шарики [Аллоҳ таоло] қарор медодед, куҷо ҳастанд? info
التفاسير:

external-link copy
74 : 40

مِن دُونِ ٱللَّهِۖ قَالُواْ ضَلُّواْ عَنَّا بَل لَّمۡ نَكُن نَّدۡعُواْ مِن قَبۡلُ شَيۡـٔٗاۚ كَذَٰلِكَ يُضِلُّ ٱللَّهُ ٱلۡكَٰفِرِينَ

[Ҳамон маъбудоне, ки] ба ҷойи Аллоҳ таоло [ибодат мекардед]. Онон гӯянд: «Аз [назари] мо нопадид шуданд, гӯӣ мо ҳаргиз пеш аз ин чизеро [ба парастиш] намехондем». Ин гуна Аллоҳ таоло кофиронро гумроҳ мекунад info
التفاسير:

external-link copy
75 : 40

ذَٰلِكُم بِمَا كُنتُمۡ تَفۡرَحُونَ فِي ٱلۡأَرۡضِ بِغَيۡرِ ٱلۡحَقِّ وَبِمَا كُنتُمۡ تَمۡرَحُونَ

Ин [азоб] аз он ҷиҳат аст, ки ба ноҳақ дар замин шодмонӣ ва сармастӣ мекардед ва фахр мефурӯхтед info
التفاسير:

external-link copy
76 : 40

ٱدۡخُلُوٓاْ أَبۡوَٰبَ جَهَنَّمَ خَٰلِدِينَ فِيهَاۖ فَبِئۡسَ مَثۡوَى ٱلۡمُتَكَبِّرِينَ

[Акнун] Аз дарҳои ҷаҳаннм ворид шавед ва ҷовидона дар он ҷо бимонед. Ва [ба ростӣ, ки] ҷойгоҳи мутакаббирон чи бад [ҷойгоҳе] аст! info
التفاسير:

external-link copy
77 : 40

فَٱصۡبِرۡ إِنَّ وَعۡدَ ٱللَّهِ حَقّٞۚ فَإِمَّا نُرِيَنَّكَ بَعۡضَ ٱلَّذِي نَعِدُهُمۡ أَوۡ نَتَوَفَّيَنَّكَ فَإِلَيۡنَا يُرۡجَعُونَ

[Эй Паёмбар, бар озори мушрикон] Шикебо бош, ки ваъдаи илоҳӣ ҳақ аст ва агар бархе аз муҷозотҳоеро, ки ба онон ваъда додаем, [дар зиндагӣ] ба ту бинамоем ё [пеш аз нузули азоб] ҷони туро бигирем, дар ҳар ҳол ба пешгоҳи мо бозгардонда мешаванд [ва роҳи гурезе аз азоб надоранд] info
التفاسير: