Traduction des sens du Noble Coran - La traduction tadjike - Centre de traduction Rawwâd

Numéro de la page:close

external-link copy
41 : 40

۞ وَيَٰقَوۡمِ مَا لِيٓ أَدۡعُوكُمۡ إِلَى ٱلنَّجَوٰةِ وَتَدۡعُونَنِيٓ إِلَى ٱلنَّارِ

Эй қавми ман, чи шуда, ки ман шуморо ба роҳи наҷот даъват мекунам, вале шумо маро ба оташ фаро мехонед? info
التفاسير:

external-link copy
42 : 40

تَدۡعُونَنِي لِأَكۡفُرَ بِٱللَّهِ وَأُشۡرِكَ بِهِۦ مَا لَيۡسَ لِي بِهِۦ عِلۡمٞ وَأَنَا۠ أَدۡعُوكُمۡ إِلَى ٱلۡعَزِيزِ ٱلۡغَفَّٰرِ

Маро даъват мекунед, ки Аллоҳро инкор кунам ва чизеро, ки [дар қудрат] бо Аллоҳ таоло шарик гардонам, ки ҳеҷ иттилое аз он надорам, дар ҳоле ки ман шуморо ба сӯйи [Парвардигори] шикастнопазир ва омурзгор фаро мехонам info
التفاسير:

external-link copy
43 : 40

لَا جَرَمَ أَنَّمَا تَدۡعُونَنِيٓ إِلَيۡهِ لَيۡسَ لَهُۥ دَعۡوَةٞ فِي ٱلدُّنۡيَا وَلَا فِي ٱلۡأٓخِرَةِ وَأَنَّ مَرَدَّنَآ إِلَى ٱللَّهِ وَأَنَّ ٱلۡمُسۡرِفِينَ هُمۡ أَصۡحَٰبُ ٱلنَّارِ

Ногузир он чи маро бад-он даъват мекунед, дар дунё ва охират [тавони иҷобати] дуоеро надорад ва бозгашти мо ба пешгоҳи Аллоҳ таоло аст ва исрофкорон [дар куфру гуноҳ] дузахӣ ҳастанд info
التفاسير:

external-link copy
44 : 40

فَسَتَذۡكُرُونَ مَآ أَقُولُ لَكُمۡۚ وَأُفَوِّضُ أَمۡرِيٓ إِلَى ٱللَّهِۚ إِنَّ ٱللَّهَ بَصِيرُۢ بِٱلۡعِبَادِ

Ба зудӣ суханони маро ба ёд хоҳед овард ва ман кори худро ба Аллоҳ таоло вогузор мекунам, зеро Аллоҳ таоло нисбат ба [кирдори] бандагон биност» info
التفاسير:

external-link copy
45 : 40

فَوَقَىٰهُ ٱللَّهُ سَيِّـَٔاتِ مَا مَكَرُواْۖ وَحَاقَ بِـَٔالِ فِرۡعَوۡنَ سُوٓءُ ٱلۡعَذَابِ

Пас, Аллоҳ таоло ӯро аз осеби дасисаи онон ҳифз намуд ва азоби сахт домангири фиръавниён шуд info
التفاسير:

external-link copy
46 : 40

ٱلنَّارُ يُعۡرَضُونَ عَلَيۡهَا غُدُوّٗا وَعَشِيّٗاۚ وَيَوۡمَ تَقُومُ ٱلسَّاعَةُ أَدۡخِلُوٓاْ ءَالَ فِرۡعَوۡنَ أَشَدَّ ٱلۡعَذَابِ

Ҳамон оташе, ки [дар қабрҳояшон] бомдоду шомгоҳ бар он арза мешаванд ва рӯзе, ки қиёмат барпо гардад [фармон мерасад]: «Фиръавниёнро дар сахттарин азоб ворид кунед» info
التفاسير:

external-link copy
47 : 40

وَإِذۡ يَتَحَآجُّونَ فِي ٱلنَّارِ فَيَقُولُ ٱلضُّعَفَٰٓؤُاْ لِلَّذِينَ ٱسۡتَكۡبَرُوٓاْ إِنَّا كُنَّا لَكُمۡ تَبَعٗا فَهَلۡ أَنتُم مُّغۡنُونَ عَنَّا نَصِيبٗا مِّنَ ٱلنَّارِ

Он гоҳ ки дар оташи дузах кашмакаш [муҷодала] мекунанд, мардумони зердаст ба роҳбарони гумроҳгар мегӯянд: «Мо пайрави шумо будем, оё мумкин аст бахше аз азоби оташро аз мо дур кунед?» info
التفاسير:

external-link copy
48 : 40

قَالَ ٱلَّذِينَ ٱسۡتَكۡبَرُوٓاْ إِنَّا كُلّٞ فِيهَآ إِنَّ ٱللَّهَ قَدۡ حَكَمَ بَيۡنَ ٱلۡعِبَادِ

Роҳбарони гумроҳгар мегӯянд: «Бе тардид, ҳамаи мо дар оташ хоҳем буд. Аллоҳ таоло миёни бандагонаш доварӣ кардааст» info
التفاسير:

external-link copy
49 : 40

وَقَالَ ٱلَّذِينَ فِي ٱلنَّارِ لِخَزَنَةِ جَهَنَّمَ ٱدۡعُواْ رَبَّكُمۡ يُخَفِّفۡ عَنَّا يَوۡمٗا مِّنَ ٱلۡعَذَابِ

Ва касоне, ки дар оташанд, ба нигаҳбонони дузах мегӯянд: «Аз Парвардигоратон бихоҳед, ки барои як рӯз ин азобро аз мо бардорад» info
التفاسير: